Дар бисёр навиштаҳои худ ишора мекардам, ки рӯз, моҳ ва солҳо сипарӣ мегарданду бисёр ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла, ному насаб ва корнамоиҳою ҳиссагузории шахсиятҳои бузург баҳри рушду ободию осоиштагии диёр тадриҷан зудуда ё қисман фаромӯш мешаванд, ки ин бисёр падидаи номатлуб аст. Насли имрузаи моро зарур аст, ки аз гузаштаи худ ва аз гузаштагоне, ки баҳри зиндагии ояндагон ҷонбозиҳо кардаанд, бохабар бошанд. Бале, барҳақ дуруст аст. Агар мо ба гузашта тир андозем, оянда ба мо аз тӯп тир хоҳанд андохт…
Чанде пеш ҳамроҳи ҳамкоронам Қиёмиддин Сатторӣ ва Саидхӯҷа Акбаров барои изҳори тасалият ва фотеҳа нисбати даргузашти шаҳварашон ба хонаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева рафтем. Баъди арзи тасаллият ва аҳволпурсӣ ташрифи моро фаҳмида, ходими намоёни давлатӣ Низорамоҳ Зарифова, ки дар ҳамсоягии Гулрухсор зиндагӣ мекарданд, ба назди мо омаданд. Суҳбатамон бисёр самимӣ ва хотирмон сурат гирифт. Азбаски солҳои барқароршавии Ҳукумати конститутсионӣ ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Ёвон кор карданамро апаи Низорамоҳ медонист, бо як шавқи беандоза хотираҳояшонро аз рӯзҳои обёришавии дашти ташналаби водии Ёвон варақгардон намуданд…
Солҳои дар вазифаи Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданам, ки ба бунёди нақби қариб ҳафтунимкилометраи обгузари Бойғозӣ–Ёвон рост омада буд ва дар ин вазифаи масъулиятнок, ки беш аз даҳ сол фаъолият доштам, мухбире бо номи Чичоткина Олга Ивановна аз рӯзномаи бонуфузи ҳамондавраи ” Правда” ташриф оварда, хоҳиш кард, ки аз сабаби пурра маълум набудани ояндаи ин нақб мехоҳанд ба макони ҷойгиршавии он рафта, ҳолати воқеии онро бо чашмони худ дидаю мушоҳида кунад ва мақолае таълиф намоянд. Ҳамроҳ ба ноҳияи Ёвон рафта, ба мавқеи ҷойгиршавии нақб, ки дар қаторкӯҳи Қаратоғ ҷойгир шуда буд, роҳсипор шудем. Кандани нақби мазкур 10 феврали соли 1962 ибтидо ёфта, бо як ҷӯшу хурӯш ҷараён дошт. Ҳангоми бо чашмони худ дидаву шоҳид шудан рӯзноманигори марказ бо як ҳисси баланд шикофтани қабатҳои бешумори болои ҳам хобидаи оҳаксангу ҷинсҳои куҳӣ, ҳаракатҳои садҳо мошину механизмҳо, гузаронидани таркишҳои зеризаминӣ ва заҳмати аҳлонаю фидокоронаи нақбканонро дида, барояшон таҳсину офаринҳо хонд…
Ҳамчунин, ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам, ки рӯзи 18 майи соли 1968 соати 9–07 дақиқа аввалин маротиба оби ҷонбахши Вахш аз синаи қаторкӯҳи Қаратоғ гузашта, ба шохобҳои навбунёди ноҳияи Ёвон ҷорӣ гардид. Ҳазорон нафар ин манзараро тамошо карда, ашки шодӣ мерехтанд. Одамон либосҳояшонро накашида, бо нидоҳои “об омад!”, оби ҳаёт омад!” худашонро ба даруни об ҳаво медоданд. Онҳо оби бо лой ҷулидашударо ба сару рӯй мемолиданд, шукрона мекарданд, ки диданаш ба кас шукӯҳу ҳаловат мебахшид…
Дар санаи 18 майи соли равон аз бунёди нақби қариб ҳафтунимкилометраи обгузари Бойғозӣ–Ёвон, ки 10 феврали соли 1962 оғоз ёфта, баъд аз шаш солу се моҳ ба анҷом расид, 54 сол пур мешавад. Ҳамчун ноҳияи аграрӣ шуҳрат ёфтани ноҳияи Ёвон асосан баъд аз бунёди нақби мазкур ибтидо гирифтааст. Ин нақби бузург дар натиҷаи лоиҳакашиҳои даҳҳо пажуҳишгоҳҳои илмӣ–таҳқиқотӣ, маъруфтарин мутахассисони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, заҳмати зарбдори намояндагони 42 миллату халқият, алалхусус, шахтёрон ва метросозон аз шаҳрҳои Москва, Санкт–Петербург, Ростов, Новосибирск, Киев, Донбас, Кузбас, Тошканд ва дигар гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шодоб гардонида, мушкилоти ҳазорон нафар мардумонро осон намуд.
Дарозии нақби обгузар 7415 метр, қутраш зиёда аз 28 метрро ташкил медод (баробари метрополитени Москва), 2634 метри он наълмонанд ва 4816 метр доирамонанд сохта шудааст. Ба воситаи се дарвозаи обанбори азими Бойғозӣ дар як сония 70 мукааб метр об бо суръати поезди тезгард ба ин нақб ҷорӣ шуда, қариб 22 ҳазор гектар заминҳои киштшавандаи ноҳияи Ёвон ва 20 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои Ҷомию Хуросонро, ки то он вақт аксаран биёбони лабташнаи сӯзон, шӯразор ва тӯғайзорони қадамнорасида буданд, шодобу корам мекунад.
Дар маросими кушодашавии нақби Бойғозӣ–Ёвон, ки ҷашни пуршукӯҳро мемонд, роҳбарияти ҳамонвақтаи кишвар, аз ҷумла, котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, Раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарифова, собиқ аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдулҳақов, Ғулом Алиев, Маҳмадулло Холов, Султон Эргашов, Владимир Никитин, намояндагони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ, меҳмонони баландмартаба аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Озорбойҷон, чандин хабарнигорони воситаҳои ахбори дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд. Дар ин рӯзи пурнишот бахшида ба ин лаҳзаи деринтизор бо иштироки маъруфтарин овозхонҳои ҷумҳурӣ Абдулло Назриев, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Ҷӯрабек Муродов, раққосаҳои машҳури замон Гавҳар Мирҷумъаева ва Қумрӣ Сафарова базми осмонкафе барпо шуд.
Бо шодоб гардидани водии лабташна охири солҳои 60–ум ва ибтидои солҳои 70–уми асри гузашта садҳо нафар сокинони навоҳии Рӯдакӣ, Турсунзода, Рашт, Айнӣ, Ҷомӣ ва ғайра ба ноҳияи Ёвон кӯчонида шудаанд ва бояд гуфт, ки ин тадбир барои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидати фаъол намудааст (мувофиқи маълумоти баҳисобгирӣ соли 1968 аҳолии ноҳия 25 ҳазор нафар буд), ба ҳолати имрӯза аҳолии ноҳияи Ёвон беш аз 248 ҳазор нафарро ташкил менамояд…
Зимистони соли 1992 ва баҳори соли 1993 бинобар сабаби боришоти зиёд ду тарафи шохоби обрави нақби Ёвон канда шуда, ба найзор табдил ёфт ва барои пурра гузаштани об хатар эҷод намуд. Бо ташаббуси собиқ раиси ноҳия Саъдулло Бекназарзода ва муовини аввали раиси ноҳия Саидҷон Ғаффоров (собиқ роҳбари Колоннаи механиконидашудаи рақами 4–и “Ёвонводстрой”), ки дар обёрии ноҳия саҳми муносиб доштанд, ситод ташкил карда шуда, давоми як моҳ ҳамарӯза 200–300 нафар аз ҳисоби коргарони хоҷагиҳои иҷоравӣ ба ҳашару корҳои таъмиру солимгардонӣ сафарбар карда мешуданд.
Ва хурсандибахш буд, ки дар асоси қарори раиси ноҳия 25 майи соли 1993 ҷашнгирии 25–солагии нақби Ёвон эълон карда шуд. Дар як муддати кӯтоҳ корҳои ободгардонӣ хушсифат ба анҷом расонида шуда, тасмим гирифта шуд, ки тамоми нафароне, ки дар бунёди нақби Ёвон саҳмгузорӣ намудаанд, ба ҷашнвора даъват карда шаванд. Меҳтарон, саҳмгузорони нақби таърихӣ аз дохил ва беруни ҷумҳурӣ барои иштирок ва қадрдонӣ даъват шуданд. Дар байни даъватшудагон собиқ муовини аввали Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмасаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Мансуров, Вазири хоҷагии об муҳтарам Шафоев, раиси вилояти Хатлон Абдуҷалол Салимов ва бисёр дигар роҳбарони ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.
Як ҳолат боиси таасуф буд, ки заҳмати фидокорона ва талошу мардонагии нақбканон дар роҳи обшор сохтани водии Ёвон дар ҳамон давр ва соатҳои бунёди нақб тавассути шоиру нависандагон китобат нашуда ва дар бойгониҳои кишвар низ маълумот қариб, ки дастрас набуданд. Бисёр ифтихорӣ буд, ҳангоми сохтмони НБО Норак романҳои “Норак”, “Водии муҳаббат”–и Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуфҷон Акобиров аз корнамоиву қаҳрамониҳои арсаи меҳнат ба мардум маълумот дод, ҳамчунин, романи “Замини падарон”–и ӯ аз тӯқайзору найзор ба заминҳои корам мубаддал гаштани заминҳои водии Вахш барои сокинони кишвар равшанӣ андохт…
Ҳеҷ фаромуш карда наметавонам, ки барои меҳмонон ва собиқадорони ҷашни 25–солагии нақби Бойғозӣ–Ёвон ягон хотира, навишта ва ё наворе пайдо намуда, ба иштирокчиёни ҷашнвора мебоист пешниҳод мекардем. Бо ҳамроҳии шодравон Ҳокимой Азизова, ки ҳамон шабу рӯз ба ҳайси директори Кохи Наврӯз ифои вазифа дошт, тамоми шаҳрро пурсуҷӯ кардем. Хушбахтона, ягона нусхаи филми мустанади “Утро Явана”–ро, ки дар таҳияи зиндаёд Шоҳин Боев дар фонди киностудияи “Тоҷикфилм” маҳфуз буд, пайдо намудем. Бо хоҳишу илтимосҳои зиёд ва гарав гузоштани шиносномаи муаллима Ҳокимой Азизова фиттаи наворро барои якрӯза ба ноҳия оварда, дар рӯзи ҷашн ба меҳмонон ва меҳтарону даъватшудагон намоиш додем, ки бисёр хотирмон ва диданӣ буд. Ҳаваскорони театри халқӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Бобохон Шулашов саҳнаи бисёр ҷаззоб ва таассуротбахшро аз ҳаёти нақбканон ба саҳна гузоштанд. Меҳтарону саҳмгузорони нақби Бойғозӣ–Ёвон аз доир шудани чунин чорабинии ифтихорию хотирмон изҳори сипосу миннатдории бепоён намуданд. Иброз доштанд, ки дар давраи қудратманд будани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ на ҷашнвораи даҳсолагию бистсолгии нақби ҳаётбахш доир карда нашуд. Ва дар ҳамин давраи бисёр ҳасос–барқароршавии Ҳукумати конститутсионӣ роҳбарияти олии кишвар тавонистанд, ки заҳмату корнамоиҳои нақбканонро қадрдонӣ намоянд. Хулоса, бамаврид буд, ки дар саргаҳи нақби Бойғозӣ–Ёвон 25–солагии фаъолияти иншооти мазкур бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд.
Ғояи бунёди нақби Бойғозӣ–Ёвон ноҳияи Ёвонро ба марҳалаи гулгулшукуфӣ ворид намуд. Натиҷаи заҳмати заркорони водӣ беҳисоб гашт. Танҳо соли 1991 хоҷагиҳои ноҳия 47 985 тонна “тиллои сафед” истеҳсол намуданд. То ба имрӯз дар қаламрави ноҳия садҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, шаҳракҳои бинокорону кишоварзон, боғчаҳои кудакона, муассисаҳои иҷтимоии хушсохту замонавӣ бунёд ёфтанд ва ин водӣ ба арсаи ҳақиқии заҳмати зарбдор ва макони зиндагии шоиста мубаддал гашт. Ноҳияи калони аграриро ба як ноҳияи бузурги саноатӣ табдил дода, сатҳи иҷтимоии зиндагии мардумро баланд бардошт. Ва шукри беандоза, ки Худованд Тоҷикистони азизи моро манбаи оби тоза ҳаёт ва ҳастӣ бахшидааст.
Боиси ифтихорист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид “Соли 2003–соли оби тоза”, соли 2005–2015 даҳсолаи байналмилалии амал “Об–барои ҳаёт” ва солҳои 2018–2028 даҳсолаи байналмилалии “Об –барои рушди устувор” эълон гардид.
Дар фарҷоми сухан 54–солагии нақби ҳаётбахшро барои тамоми сокинони кишвар муборакбод гуфта, хоҳишманди садсолаҳо хизмат карданашонро ба манфиати миллату давлатро таманно дорем.
Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон