Дар илмҳои сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ пайваста таъкид карда мешавад, ки пайвастани ҳар гуна дин бо ақидаҳои ҳокимиятхоҳӣ ба дур шудан аз принсипҳои ахлоқӣ ва аркони асосии динӣ мусоидат мекунад. Сиёсишавии дин нуфузи он ва сохторҳои динӣ, яъне масҷид, калисо, куништ ва амсоли онро паст зада, ба рушди маънавии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид месозад. Дар нисбати сиёсишавии ислом бошад, ҳама муҳаққиқон бар як ақидаанд, ки ин раванд ба паҳншавии ҳаракатҳои ифротгароӣ мусоидат карда, амнияти ҳар гуна кишварро зери хатар мегузорад ва садди роҳи интишори исломи эътидолӣ мегардад, ки маҳз он ҷавобгӯи талаботи инсони муосир аст. Ҳатто аксарияти кулли худи аҳолии давлатҳои арабии исломӣ ҳам муқобили сиёсишавии ислом ва истифодаи он бо мақсадҳои сиёсӣ баромад мекунанд. Аз ҷумла, дар давлатҳои арабии Лубнон 74 фоиз ва дар Ироқ 73 фоизи пурсишшудагон зидди сиёсишавии дини ислом ақида баён кардаанд.

Дурустии ақидаҳои дар боло зикршударо оид ба оқибатҳои ногувори сиёсишавии дин, аз ҷумла дар мисоли дини ислом таҷрибаи кишвари мо собит намуд. Чунонки маълум аст, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсишавии ислом ба вуқуъ пайваст, ки натиҷаи фаъолияти харобиовари ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва пайравони он аз дигар ҳизбу созмонҳо буд. Дар мадди аввал ба назар мерасад, ки чунин сурат гирифтани раванди динию мазҳабӣ дар кишвар бояд мақоми исломи аслӣ, яъне, исломи суннатию бетаассубро дар ҷомеа боло мебурд, вале амалан кор ба таври дигар сурат гирифта, сиёсишавӣ мақоми исломи аслиро дар ҷомеа танг намуд ва ба ҷойи он тааассубу хурофоти ба ислом рабтнадоштаро болонишин кард. Ин ҳама натиҷаи амалҳои ифротгароёни наҳзатӣ ва фаъолияти муллою нимчамуллоҳои камсаводу раҳгумзада буд, ки худро ба сиёсат пайваста, манфиатҳои шахсиашонро болотар аз манфиатҳои маънавии миллат гузоштанд.

Агар раванди сиёсишавии исломро дар ҷумҳурӣ бо вазъи гузашта дар таърихи миллат, аз ҷумла бо даврони шӯравии ин таърих қиёс намоем, як қатор паёмадҳои барои миллату кишвар хеле ногуворро мушоҳида мекунем.

Аввалан, бо сабаби ба зоҳир, на ба ботин таваҷҷуҳ кардани ифротгароёни наҳзатӣ ва пайравони онҳо, исломи аслӣ дар натиҷаи сиёсишавӣ неру ва мақоми маънавии худро, ки собиқан дар миёни тоҷикон соҳиб буд, аз даст дода, ба маҷрои тамоман дигари манфӣ ва берун аз рисолати ба дин хосбуда ворид гардид. Масалан, агар дар даврони шӯравӣ мардум ба тарзи либоспӯшӣ ё намуди зоҳирӣ – сатру ҷелак ва ришу мӯи сар таваҷҷуҳи камтар карда, ҳамагӣ (ҳатто аъзои ҳизби атеистии коммунистӣ) пинҳону ошкоро, вале холисонаю оқилона имон доштанд, пас бар асари сиёсишавии ислом ҷомаю салла пӯшидан ва риши ғайрисуннатӣ гузошта, зоҳиран худро мусулмон нишон додан, вале ботинан дар заминаи ҷаҳолат фарсахҳо аз ин дин дур гаштан, ба ҳукми анъана даромад. Ин вазъ як шеъри шоири рус Николай Зиновевро ба хотир меорад, ки имондории даврони шӯравиро бо имондории даврони муосир қиёс карда, гуфтааст:

Як давронро даврони дигаре иваз кард,
Вале, медонед, аламовар чист?
Он вақт мо пинҳонӣ ба Худо бовар доштем,
Имрӯз пинҳонӣ ба Ӯ бовар надорем.

(Вот сменила эпоху эпоха,
Что же в этом печальней всего?
Раньше тайно мы верили в Бога,
Нынче тайно не верим в Него).

Дар ҳақиқат ҳам, зоҳирпарастии исломгароён на танҳо худи динро аз маънавиёту ахлоқ дур сохт, балки насли дар даврони шӯравӣ тарбияёфтаро, ки бо як даъвати “Инро макун, убол аст!” омода буданд, ки аз ҳар гуна роҳи нодуруст канораҷӯи кунанд, инчунин баъзе намояндагони насли муосирро, ки дар қатори арзишҳои миллӣ бо сабаби озодию демократия аз арзишҳои нави ғайрисуннатӣ низ огоҳӣ дорад, дар пешорӯи иҷрои талаботи ахлоқӣ хеле заиф гардонид. Маҳз ба ҳамин сабаб, аксарияти мардуми гумроҳшуда имрӯз сатри зоҳирро болотар аз олами ботини худ медонанд.  Олами ботини чунин ашхос бошад, ба гуфти шоири болозикри рус аз “пинҳонӣ бовар надоштан ба Ӯ” иборат аст, ки ҳамаи инро ашхоси номбурда  дарк накарда, бехабар аз нифоқу дурӯягии худ мондаанд, ҳол он, ки нифоқ аз нуқтаи назари исломи аслӣ азимтарин гуноҳ ба шумор меравад. Ҳамаи инро мавҷуд будани шумораи начандон ками занҳои сатрпӯш, вале бадахлоқу дузд, ҷавонони ришдор, аммо ғоратгару авбош ва ҳатто ифротиву террорист дар ҷомеа, ки бо онҳо дар масҷиду бозор ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ дучор шудан имкон дорад, собит месозад. Беинсофии тоҷирони сатрпӯш ва ё ришдору саллапӯш низ, ки ҳатто дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ҳам мардумфиребӣ мекунанд, вирди забони ҳамаи мо буда, паёмади хеле ҳам нохуши паҳншавии исломи ғайрисуннатӣ ва сиёсишавии он миёни баъзе диндорон аст.

Сониян, зоҳирпарастии исломгароён ва сиёсишавии ин дин исломро аз иҷрои рисолати олияш (сохтани инсони комил аз шахсияти ҳар як инсон, ки бе гирифтани тарбия аз мавҷуди биологӣ  чизе беш нест) маҳрум сохта, динро ба корҳои дунявӣ рабт доданд, ки маънии аз олами аъло ба олами дун, яъне ба олами паст фаровардани дини мубини исломро дорад. Ба ибораи дигар, тавассути сиёсишавӣ гумроҳони дингарову наҳзатӣ исломро ба олами нопоки бозиҳои сиёсӣ кашиданд, ки дар натиҷа дин рисолати маънавии худро дар ҷомеа комилан аз даст дод. Талаби ҳокимиятдорӣ дар корҳои дунявӣ, дахолат ба соҳаҳои ҳаёти моддии ҷомеа, илму маориф ва ҳатто пайваст кардани ислом бо тиб аз ҷониби дингароёни ифротӣ онро ба шакли таассуб ва хурофот дароварданд, ки боиси коҳиши нуфузу обрӯи исломи аслӣ гардид. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз, дар замони рушди илму технология мардум ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, ки аз нигоҳи ислом мамнуъ мебошанд, рӯ овардаанд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки ифротгароёни наҳзатӣ ва муллою нимчамуллоҳои камсаводу раҳгумзада олами исломро аз нав ба замони ҷоҳилия – нодонию бесаводӣ кашиданд, ки комилан хилофи ҳадафҳои паямбари ислом аз тарғибу интишори ин дин мебошад.

Сеюм, агар дар даврони пешин танҳо бо донистани ҳафт-ҳашт сура ва ҳатто надонистани алифбои арабӣ, мардум дар иҷрои талаботи исломи аслӣ хеле устувор буданд, имрӯз исломгароён, ки гӯё манбаъҳои исломиро бо забони асл медонанд, тарғиби ҳар гуна суннатҳои бегонаро ба роҳ монда, мардумро ҳатто дар тарзи намозгузорӣ ҳам гумроҳ сохтаанд. Баҳсҳои зиёди беҳуда оид ба иҷрои одитарин талаботи динӣ имрӯз мардумро аз он имону ибодати оммиёна, вале хеле холисона, ки қаблан, ҳатто дар даврони атеистӣ дошт, ба андозаи зиёде поёнтар бурда, моҳияти худи дини исломро чунин амалҳои исломгароёни ифротӣ хеле коҳиш додааст, ки ба сабаби он имрӯз ислом ҳатто аз иҷрои вазифаҳои ахлоқии худ дар ҷомеа ҳам дигар баромада наметавонад.

Дар маҷмӯъ, сиёсишавии ислом, ки ҳадафмандона аз ҷониби ифротгароёни наҳзатӣ ва муллою нимчамуллоҳои гумроҳ роҳандозӣ карда шуд, як хизмати хирсонае ба ин дини мубин ва мардуми покизаимони кишвари мо гардид, ки гуноҳи он бар дӯши ашхоси номбурда аст. Вале итминони комил дорем, ки мардуми кишвар моҳият ва паёмадҳои манфии ин иштибоҳандозиҳои дингароёни ифротиро ба хубӣ дарк мекунанд ва ба асли дини поки ниёгони худ содиқ монда, аз хурофоту таассуб ва парастиши мазҳабу равияҳои бегона канораҷӯӣ мекунанд ва ҳаёти диниро дар кишвар бо такя ба ақли солим ва дар ҳамоҳангӣ бо ҳаёти дунявӣ ба маҷрои суннатиаш бармегардонанд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём илмпарвару фарҳангдӯст ва таҳаммулгарою  соҳиби андешаи солими мантиқию ақлонӣ буда, қодир аст, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти моддию маънавии худро, аз ҷумла дар соҳаи дин, тибқи талаботи давру замон ва Ватану минтақаи зисти худ мустақилона танзим намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф имрӯз дар кишвари мо ягон зарурате ба сиёсисозии ислом, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, алалхусус тарғибу паҳнсозии таълимоти мазҳабу равияҳое, ки ба суннатҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик бегонаанд, вуҷуд надорад. Бо ибораи мутафаккири маъруфи тоҷик Мавлонои Балхӣ мо тоҷикон худ чашму басар дорем ва дар ин роҳ ба диди ягон бехабаре ниёзманд нестем:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар…

Рустами Забир,
диншинос

Чоп кунед