ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқи обии “Себзор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии неругоҳи “Себзор” аз тарафи пудратчии лоиҳа- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мадад” моҳи феврали соли 2022 оғоз гардида, то имрӯз корҳо пурра ба анҷом расонида шуданд.
Таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз озмоиш зеристгоҳ аз тарафи фармоишгар қабул шуд.
Шиддати зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқии обии “Себзор” 110 киловолт буда, дар он 4 трансформатор, аз ҷумла 2 трансформатори асосӣ бо тавоноии 15 мегаволтампер, 1 трансформатори 35/10- киловолтаи тавоноиаш 2,5 мегаволтампер, 1 трансформатори сарфиёти худии 35/04 киловолтаи тавоноиаш 160 киловолтампер насб гардидааст.
Фармоишгари иншоот Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Помир Энерҷӣ” мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Энергосетпроект” пешниҳод гардида, бо маблағгузории шарикони рушд сохта шуд.
Масоҳати умумии зеристгоҳ 3 ҳазору 696 метри мураббаъ буда, он тавассути 3 хати интиқоли барқ ба шабакаҳои умумӣ пайваст гардидааст.
Зеристгоҳҳои нав имкон медиҳанд, ки талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин шавад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Себзор-Хоруғ”,“Ванҷ-Рӯшон” ва неругоҳи офтобиро дар ноҳияи Мурғоб мавриди истифода қарор доданд.
Хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Себзор-Хоруғ” 18 километр дарозӣ дошта, он зеристгоҳҳои 110-киловолтаи “Себзор”-и ноҳияи Роштқалъа ва “Хоруғ”-и шаҳри Хоруғро бо ҳам мепайванданд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин хатҳои интиқоли барқӣ аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2022 идома ёфтанд.
Бунёди хатҳои интиқолиро, ки аз 72 сутунпоя иборат мебошад, ширкати сохтмонии “Саҷар” анҷом додааст.
Дарозии хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Ванҷ-Рӯшон” ба 57,3 километр баробар мебошад ва зеристгоҳи 110-киловолтаи “Даштак”-и Ванҷро бо зеристгоҳи 110-киловолтаи “Вознавд”-и Рӯшон пайваст менамояд.
Сохтмони ин хатҳои интиқолӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Марбут” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бадахшон ТАДЕС” ба анҷом расонда шудааст.
Хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Ванҷ-Рӯшон” тавассути 250 сутунпоя мегузаранд.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 киловатт ва системаи захираи энергия дар батареяҳо 1200 киловат/соат бунёд ёфта, масоҳаташ ба 12 ҳазор метри мураббаъ баробар мебошад. Дар он 1060 батареяи офтобӣ насб гардидааст.
Бояд гуфт, ки энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода шуда, аз лиҳози экологӣ тоза аст ва дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди зеристгоҳҳои барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ватан изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дастрасӣ ба энергия, хусусан барои минтақаҳои кӯҳистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дорад.