22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи миллии Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.