Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёда аз 30 сол мешавад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд. Тоҷикистону Эронро риштаҳои фарҳангиву таърихӣ, ҳамҷаворӣ ва муштаракоти умумӣ бо ҳам мепайвандад ва байни Тоҷикистону Эрон барои тақвияти равобит фазои якдигарфаҳмии амиқ вуҷуд дорад. Инчунин, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо кишварҳои форсизабон дорои авлавият мебошанд.
Миёни Тоҷикистон ва Эрон то имрӯз наздики 200 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Сол то сол ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯсту бародар дар арсаҳои мухталиф тақвият ёфта, заминаҳои боэътимоди ҳамкорӣ густариш меёбанд.
Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла, фарҳангиву гуманитарӣ, амният, иқтисод ва ғайра равобитро тавсеа бахшида истодаанд. Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдидҳои муосир тақозо менамояд, ки ду кишвари ҳамзабон ва бародару дӯст ҳамкориҳоро дар самти амният тақвият бахшанд. Зеро терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир нисбат ба ҳар даври дигар афзоиш ёфта, ба суботи кишварҳои алоҳида таҳдид намуда истодааст. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкорӣ намуда, чораҳои муштарак меандешанд. Вобаста ба ин, дар ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Эрон қазияи Афғонистон ҳамеша дар меҳварият қарор дорад, зеро дар Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ реша давонида, қочоқи маводи мухаддир бештар гардида, хатару таҳдидро эҷод менамоянд. Ҳарду кишвар, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва таҳкими сулҳу амният ҷонибҳоро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои муштарак андешанд. Таҳдидҳои фаромарзӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир аз он суи марз ба ҳарду ҷониб хатару таҳдидро ба вуҷуд меорад. Аз ҳамин лиҳоз, ҷонибҳо равобит ва тадобирро дар бахши амният ва субот барои пешгирӣ ва рафъи таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ пайваста такмил медиҳанд.
Ҳамкории гуманитарию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон давра ба давра тақвият меёбанд. Хусусан, мунтазам баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар, табодули таҷрибаи олимону донишмандон, табодули донишҷӯён ва ба роҳ мондани семинару омӯзишҳои илмӣ тавсеа ёфта истодааст.
Ҳамкорӣ байни ду кишвар дар самти иқтисодӣ ва тиҷорат низ рушд карда истодаанд. Инчунин, дар сафари Президенти Эрон, ки санаи 8 ноябри соли 2023 оғоз гардид, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар авлавият қарор доштанд. Ҳамчунин, Эрон дар Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёд кардааст. Масалан, бузургтарини онҳо НОБ-и Сангтуда 2 ва нақби Истиқлол мебошад. Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки махсусан барои сохтани НОБ-ҳои обиву офтобӣ сармоягузории муштарак дошта бошанд. Сохта ба истифода дода шудани НОБ-ҳои мазкур ба нафъи ҳарду кишвар буда, ҳам неруи энергетикии Тоҷикистон боло меравад ва ҳам ба Эрон неруи барқи арзон интиқол дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир марказҳои зеҳнӣ дар таҳкими робитаҳои байни кишварҳои нақши муҳимро доранд. Аз ҳамин лиҳоз, байни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои назаррас ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон; Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон; ба имзо расидаанд. Бидуни шак, марказҳои зеҳнӣ дурнамои робитаҳо ва паҳлуҳои гуногуни равобити ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, дар таҳкими равобити кишварҳои худ нақши муассир мегузоранд.
Зимни сафари Президенти Эрон таъкид гардид, ки ҷонибҳо сармоягузориро дар бахшҳои энергетикаву саноат ва коркарди маъдану нақлиёт тавсеа бахшанд. Дар ин замина, вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратиро тақвият мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ ҳамкориҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвияти робитаҳои минбаъда дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, гуманитарию фарҳангӣ, кишоварзӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ табодули афкор намуданд. Лозим ба таъкид аст, ки мулоқоти сарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Ҳамчунин, зикр гардид, ки байни ду кишвар робитаи беғаразу дӯстона ва бародарона ҷой дорад.
Дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 санади нави ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният, нақлиёт ва дигар соҳаҳо ба имзо расид. Инчунин, дар натиҷаи сафари мазкур низоми раводид байни ду кишвар бекор карда шуд. Чунин иқдом аз ҷониби роҳбарон бевосита ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ таъсири мусбат расонида, мардуми бародари ду давлатро бо ҳам наздиктар мегардонад. Дилхоҳ шаҳрванд бидуни монеа метавонад ба кишвари дӯсту бародар сафар анҷом диҳад, чӣ барои табобат, саёҳат, таҳсил ва ё барои анҷоми фаъолияти илмӣ. Яъне сафари мазкур саҳифаи навро дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон кушод.
Чи тавре ки аз рафти сафари мазкур мушоҳида гардид, Тоҷикистон ва Эрон омодаи ифтитоҳи саҳифаи тоза дар робитаҳои байниҳамдигарӣ мебошанд. Ташаббус ва иқдоми роҳбарони ду кишвар сабаби асосии таҳкими робитаҳо гардидааст. Ду кишвари бародар ва дӯст метавонанд дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд саҳм бигиранд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон