Субҳи имрӯз (1 июни соли 2022) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз намуд. Бояд қайд намуд, ки Конфронси мазкур дар арафи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июни соли ҷорӣ дар назар аст, баргузор гардида истодааст.

Тибқи барномаи Конфронс дар кори он намояндагони хадамоти дипломатӣ, мақомоту идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, таҳлилгарони масолили сиёсиву иқтисодӣ ва пажӯҳишгарону таърихшиносони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда истодаанд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ оғоз гардид.  Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайриддин зимни сухани ифтитоҳии худ баргузории Конфронси муштаракро як қадами муҳим ва нав дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои ду давлат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи бахшҳо дар роҳи рушди босуръат қарор доранд. Дар ин раванд нақш ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев калидӣ аст, иброз дошт директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайриддин.

Директори Институи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон Анвар Носиров зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии муштарак дар рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотии марказҳои зеҳнии ду кишвар шароит фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва ташаккули дидгоҳи муштарак вобаста ба таъмини рушди устувор дар минтақа заминагузорӣ намоянд. Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби чунин чорабинии илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ ва доираҳои коршиносии ду кишвар мубодилаи созанда сурат гирифта истодааст, ки бевосита дар таҳкими равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷойгоҳи хосса касб намудааст.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар қисмати ифтитоҳии Конфронс суханронӣ намуда, рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишварро ба фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Президентҳои ду кишвар вобаста донист. Зимнан, Абдуҷаббор Раҳмонзода аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Презҳиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интситути байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон барои ташкили Конфронси сатҳи баланд изҳори сипос намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳмиӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистсон ва Ӯзбекистон  ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ба фоидаи ду давлат ва минтақаи Осиёи Марказӣ  мусоидат менамояд.

Дар ҷаласаи пленарӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз суханронӣ намуда, самтҳои авлавиятноки шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар шароити нави рушди минтақавию байналмилалӣ муфассал шарҳ дод. Тавре иброз шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як муддати кӯтоҳ модели муваффақи пешбурди шарикии стратегиро дар муносибатҳои дуҷонибаи худ барои ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Махсусан, зикр гардид, ки сатҳи баланди равобит миёни ду кишвар имкон медиҳад, ки самтҳои мутақобилан судманди ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самтҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёт, савдою саноат, мубодилаи амниятӣ  беш аз пеш таҳким ёбанд.

Дар идомаи кори Конфронс баррасии масъалаҳои авлавиятноки шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва илму маориф ва дигар масъалаҳои дорои хусисияти муҳимми минтақавӣ дар назар аст.

Ҳамчунин, дар ҳошияи Конфронси муштараки байналмилалӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

  Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед