Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва ниҳоят ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим бе таъсир нахоҳад монд. Дар ин пасманзари сиёсат ва ларзишҳои дар ҷаҳон ба вуқуъ омада, иқтисодиёт ва вазъи бозори тамоми кишварҳо ва қитъаҳои ҷаҳон тағйиротҳои ҷиддиро эҳсос менамоянд. Маҳз инҳо омилҳои калидие ба ҳисоб мераванд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир расонида, боз пайомад ва оқибатҳои манфии дигареро ба бар хоҳанд овард. Чунки дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси сиёсӣ ва вазъи мураккаби иқтисодии ҷаҳон ҳар низои ба амал омада, мутаассифона, хавфи сар задании зиддиятҳо ва муноқишаҳои бардавом мегардад.
Мусаллам аст, ки дар чунин шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва бархӯрди давлатҳои абарқудрат воқеан ҳам таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар як кишвар кори саҳлу осон набуда, ҳифзи фазои сулҳу субот ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҳамеша масъалаи муҳимму ҳалталаб боқи мемонад.
Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд, ки дар натиҷа новобаста ба муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ва таъсири он ба муҳити микро- ва макроиқтисодӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 дарсад таъмин карда шуд.
Дарвоқеъ, иқдому дастурҳои зиндагисози Пешвои миллат боис гардид, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ тамоюли мусбат доранд. Масалан, ММД дар соли 2022-юм ба 115 миллиард сомонӣ расид, ки дар баробари ин даромади пулии аҳолӣ ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Сарфи назар аз душвориҳои ҷойдошта, роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст кардани сатҳи вобастагии мамлакат аз таъсири омилҳои берунӣ ва ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тавассути ба истифода додани миқдори зиёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, танҳо дар ибтидои соли 2023-юм 179 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 800 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
Рамзист, ки дар бештари ҳолатҳо таъмини амнияти иқтисодӣ ва бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ низ вобастагии калон дорад. Хусусан, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо нуриҳои минералӣ таъмини талаботи хоҷагидорону кишоварзон ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат корхонаи бузурги кимиёвии “Азот” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Боиси сарфарозист, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ба кор андохтани ин зарфияти азими истеҳсолӣ, зиёда аз 1000 нафар соҳибтахассусон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин карда шуд. Дар ин росто бешубҳа, баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт ба кор даровардани гидроагрегати рақами 1-и НБО-и “Сарбанд” дар шаҳри Леваканд аз зумраи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошанд.
Нишондиҳандаи асосие, ки рушди иқтисодии кишварро тавсиф мекунад, нишондиҳандаи рушди устувори истеҳсоли ММД ба ҳар сари аҳолӣ мебошад, ки нисбати солҳои қаблӣ онро қиёс намоем, ба куллӣ фарқ менамоянд. Масалан, дар соли 2022-юм ММД ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар зиёд гардида, аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки заминаи моддии таъмини амнияти иқтисодӣ, қонеъгардонии манфиатҳои ҷомеа ва аъзои он маҳсуб меёбад.
Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳои беназир, зимни ироаи Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба муҳиммияти сармоягузорӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ таъкид карда қайд намуданд, ки: «…то соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 83 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад».
Аз ин лиҳоз, дар рафти таҳлил ва таҳқиқи мавзуъ муайян гардид, ки воқеан ҳам аз мушкилоти ҷойдоштаи солҳои қаблӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи кофӣ дар таҳия ва татбиқи барномаву дурнаморо андухтааст. Барои пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум диққати хосса дода мешавад. Дар натиҷа, рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлати иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ муътадил ва қурби асъори миллӣ нисбати шарикони тиҷорат муътадил қарор дорад.
Ҳамин тавр, бо ба инобат гирифтани афзалиятҳо дар низоми фаъолияти муштараки амнияти иқтисодии давлат, дар ҳолати ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан, ба манфиати кор хоҳад буд. Аз ҷумла:
- татбиқи дурусти барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ, зеро сатҳи зиндагии мардум аз татбиқи ҳадафҳои рушди устувор вобастагии калон дорад;
- ҷалби сармоя ва бештар ташкил намудани корхонаҳои муштарак. Дар шароити муосир вақте ки муносибатҳои иқтисодии мамлакат дар зери таъсири қонунҳои бозор шакл мегирад, ҳамчун зарурати объективӣ иқтисоди миллӣ ба ин қонуниятҳо бояд мутобиқ карда шавад. Дар натиҷа, шаклҳои нави ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти хоҷагидорӣ дар иқтисодиёт ба вуҷуд меоянд, ки дар миёни онҳо корхонаҳои муштарак мақоми намоёнро ишғол менамоянд. Бинобар ин, корхонаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ як шакли ҳамкории хориҷиро дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Махсусан, дар Ҷумҳури Тоҷикистон якчанд корхонаи муштараки азим барои рушди иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ фаъолият менамоянд, ки дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва бо молҳои рақобатпазир таъмин намудани бозори дохилӣ, саҳми назаррас доранд;
- мунтазам татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосии иқтисоди миллӣ;
- боз ҳам самаранок истифода бурдани неруи барқ ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлоли энергетикӣ;
- ба таври зарурӣ коҳиш додани воридоти бархе аз маҳсулоти озуқаворӣ, барои солимии ҷомеа. Мусоидат дар истеҳсол ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои хушсифатро зарур мешуморем, ки нақшаҳо барзиёд иҷро карда шаванд. Сипас барои бозори ҷаҳонӣ зиёд намудани содироти маҳсулоти ватанӣ;
- дастрасӣ ба сарчашмаҳои қарзии дарозмуддат ва ҳимояи манфиатҳои онҳо. Дар ин самт, ташкилотҳои қарзӣ дар таъмини молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба қарзҳои дарозмуддат ва фоизҳои нисбатан пасттар нақши асосӣ доранд;
- бо имтиёзҳои гуногун суръатбахшии саноатикунонии босуръати кишвар. Дарвоқеъ, имтиёзҳо яке аз воситаҳои муҳими васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд;
- тақвият бахшидани истеҳсоли нуриҳои маъданӣ барои бахши кишоварзӣ. Барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ғайра.
Воқеан ҳам, омилҳои дар боло овардашуда ба вазъи амнияти иқтисодӣ ва суръати истеҳсоли молҳои ватанӣ таъсиррасон мебошанд. Аз ин лиҳоз, доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ба таври зарурӣ самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолӣ барои иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ин самт боз ҳам корҳо ҷоннок карда шаванд. Ҳамзамон, истифодаи имконияту иқтидорҳои истеҳсолиро дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар назорати қатъӣ бурда, ба ин васила дар муҳлати кӯтоҳтар имкони ба ҳадафҳои стратегӣ расиданро зиёд менамояд, ки ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз вусъат мебахшад.
Муртазоев О.Қ., сардори Раёсати
Таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон