Файласуфи бузурги Олмон Георг Гегел чунин мешуморид, ки Баҳри Миёназамин “Нуқтаи марказии таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад” Худи таърихи Аврупо, махсусан, таърихи дунёи қадимро бидуни Баҳри Миёназамин тасаввур кардан ғайриимкон аст. Баҳри Миёназамин “дили дунёи қадим мебошад” менависад ин донишманди бузург. Дар боби арзиш ва мавқеи стратегии ин баҳр баъдан боз чандин олимони сиёсатшинос ва геополитикҳо ибрози ақида намудаанд. Ва ин баҳр воқеан то ҳол арзиши бузурги худро чи барои давлатҳои бузрг ва чи хурд, гум накардааст.
Бо вуҷуди ин, дар радифи ходисаҳои даҳсолаи охир ин “дили дунёи қадим” ба “гӯристони бузурге” мубаддал гаштааст, ки дар мудатти як ҳафта дар обҳои он аз 50 то 100 нафар ва дар баъзе ҳолатҳо аз ин ҳам зиёдтар талаф меёбанд. Дар ҷараёни буҳрони муҳоҷирати бузурги оммавӣ бисёри муҳоҷирон аз як соҳили Баҳри Миёназамин то соҳили дигараш ҷон ба саломат намебаранд. Ва ин даҳшат барои тамоми инсоният аст.
Сабаби асосии муҳоҷирати оммавӣ тавассути Баҳри Миёназамин ба ҳамагон маълум аст – вазъияти номуътадили давлатҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо. Баҳри Миёназамин дар ин давра ба як роҳи осонтаре барои муҳоҷирон муҳоҷир ҷиҳати раҳо ёфтан аз хатари ҷанг, гуруснагӣ ва бемориҳоҳо мебошад. Аслан, ин роҳи ғайриқонунӣ мебошад, лекин тавассути роҳҳои қонунӣ талаботи барзиёди давлатҳои Аврупоро ҳар як муҳоҷир иҷро карда наметавонад, чунки бисёриҳо аз баҳри наҷоти ҷони худ ва наздиконашон на ҳеҷ чизу чора ва на ҳеҷ санади тасдиқкунандаи шахсият ҳамроҳи худ намегиранд.
Аз аввали соли 2015 ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо 500 ҳазор нафар муҳоҷирон ворид гаштааст, ки бештари онҳо аз Сурия мебошанд. Коммисияи Аврупоӣ муайян намудааст, ки бӯҳрони муҳоҷирати имрӯза аз муҳоҷирати солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳони зиёдтар аст.
Дар соли 2014, дар баҳри Миёназамин беш аз 3 ҳазор муҳоҷироне, ки ормони ба Аврупо расидан доштанд, фавтиданд. Дар тӯли як сол беш аз 207 ҳазор муҳоҷир аз тариқи Баҳри Миёназамин ба Аврупо ворид шуданд. Аз соли 2011 шурӯъ карда, беш аз 181 000 гуреза дар Баҳри Миёназамин ҳалок шуданд.
Мувофиқи маълумоти СММ дар соли 2021 миқдори гурезаҳои ҳалокшуда, ки тариқи Баҳри Миёназамин ба Аврупо ворид шудан мехостанд, аз 5000 одам зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бисёре аз кишварҳо, бо нигаронӣ ва нобоварӣ ба қонунҳои байналмилаллӣ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон нигариста, тақдири ҳазорҳо муҳоҷир ва гурезаҳоро дар баҳри Миёназамин ҳамчун тақозои замон ва ҳолати муқарарӣ мешуморанд.
Барои пешгирӣ кардани марги муҳоҷирон аллакай дар соли 2013 Ҳукумати Италия амалиёти “Маре Нострум”-ро роҳандозӣ намуд, ки дар доираи ин барномаи наҷотдиҳии муҳоҷирон ва гурезаҳои ҷанг 900 тан аз ҳарбиёни Италия ва 32 адад аз киштиҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоии Италия ба кор ҷалб шуда буданд. Лекин ин барнома аз тарафи дигар давлатҳои Аврупо барои дастгирии роҳҳои воридшавии муҳоҷирон ба Аврупо мавриди танқид қарор гирифта буд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират иттилоъ додааст, ки пас аз анҷоми амалиёти “Маре Нострум” шумораи фавтидагон дар баҳр нӯҳ маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2014 ба ҷойи ин амалиёт Амалиёти нави умумиаврупоии “Тритон” ҷорӣ шуда буд. Амалиёти “Тритон” як амалиёте буд, ки аз ҷониби “Frontex”, Агентии амнияти марзии Иттиҳодияи Аврупо анҷом дода мешуд. Ин амалиёт низ таҳти назорати Италия буд ва 1 феврали соли 2018 ба анҷом расид, ва онро амалиёти Фемида иваз кард. Он ташаббуси ихтиёрии 15 кишвари Аврупо мебошад. Ташаббускорони ихтиёрӣ дар амалиёти Тритон Хорватия, Исландия, Финландия, Норвегия, Шветсия, Олмон, Нидерландия, Фаронса, Испания, Португалия, Австрия, Швейтсария, Руминия, Полша, Литва ва Малта буданд.
Амалиёти “Фемида” давоми амалиёти “Тритон” аст ва дар соли 2018 оғоз шуд. Ин пас аз он буд, ки амалиёти “Тритон” дар навбати худ дар соли 2014 амалиёти Маре Нострумро пайгирӣ кард. Ҳамаи ин амалиётҳо аз ҷониби Агентии Аврупо оид ба сарҳад ва соҳили Иттиҳоди Аврупо бо номи Frontex, роҳандозӣ карда шуданд. “Фемида” минтақаҳои соҳилии Алҷазоир, Тунис, Либия ва Мисрро барои ҳаракати баҳрӣ, ки имкони тавлиди “ҷараёни воридотӣ”-и гурезаҳо мебошад, назорат мекунад. Ҳадафҳои назоратӣ ва амалии ин барномаҳо дар Баҳри Миёназамин амнияти сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо, мубориза бо қочоқчиёне, ки муҳоҷиронро ба аврупо мерасонанд ва наҷот додани муҳоҷирони зери хатар мебошад.
Ҳамин тавр, агар нооромиҳо ва ҷангҳо дар Ховари Миёна ва кишварҳои Мағриб ба анҷом нарасанд, қазияи муҳоҷирати гурезаҳои ҷанг тавасути Баҳри Миёназамин ҳалли худро ба пуррагӣ нахоҳад ёфт,. Ва ҳазорҳо ҳазорҳо одамон боз қурбонии обҳои ин баҳр мегарданд.
Ба анҷом расидани нооримиҳо дар ин кишварҳо бошад, аз ҳамкориҳои судманд ва конструктивии ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст, ки дар қабули қарорҳои тақдирсоз, на аз руйи манфиатҳои якҷониба амал намояд, балки манфиати кулли инсониятро фарогир бошанд. То дар Сурия ва Ироқ, Ливия, Судон ва дигар кишварҳои ҷабрдидаи Ховари Миёна ва кишварҳои Мағриб сулҳу оромӣ пойдор нагардад, Баҳри Миёназамин аз “қабристони бузург” ба “дили дунё” табдил нахоҳад шуд.
Қобилов М.З
Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷӣ
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон