ЧУН ҲАВОИ БАЪДИ БОРОН
“Эй ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест” ва ман мехоҳам имрӯз, мисле, ки ҳамеша бад-ин зайл дар худ бошам.
Фикр мекунам, ки пеши Худованд миллати тоҷик бас азизу гиромӣ будаасту муҳтарам, ки барояш сарзаминеро бахшиду забони ширину шевоеро, ки аз он бӯи биҳишт меояд, ранги биҳишт менамояд ва шаҳди биҳишт мерезад. Ин аст, ки бо забони форсӣ – тоҷикӣ тоҷикони суханпарвару олимони муътабар асарҳои манзуму мансури илмию бадеие офариданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли асрҳо аз он баҳраманд гашт.
Гузашта баъд-ин зайл раҳпоиҳои ҳазорсола Пешвоеро ато кард, ки бо андешаҳои созандааш дар ақсои гетӣ машҳуру маъруф гардид.
Ва ин раҳнамо шахсияти нурониест, ки кулли мардуми Тоҷикистон дар симои Ӯ (он кас) бо ғаризаи зотӣ фардеро (падареро) шинохтанд, ки наҷотбахшу бораи муқтадири давлату миллат аст.
Ёд дорам, он аҳду овони фараҳмандиеро, ки дар солҳои баъдиҷангӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ифтитоҳи боғ ва пайкараи бунёдгузори давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Падари бузугворам, ки аслан баъди шомгоҳон аз хона бадар рафтани фарзандонашро ҳеҷ гаҳ иҷозат намедоданд, он бегаҳ моро талқину таҳрики иштирок дар маросими кушодашавии ин маҷмаа намуданд. Ман болидахотиру рӯҳбаланд ҳамроҳи чанд тан дугонаҳои худу писарони ҳамкӯчаамон ба истиқболи Пешвои воқеии миллати тоҷик раҳ пеш гирифтем.
Ёд дорам, он бегоҳро, ки гӯиё ба ғуруби Офтоб Офтоби дигаре ба тадриҷ тулӯъ мекарду тавассути зинаҳои мармарин бо як ҷозибаи хориқулодда то пайкара иртифоъ мегирифт. Мо ҳама дар ҳайрату масаррат бо аҳли кӯчаки худ ҳар қадами муборакашонро мешумурдему ба дил мегуфтем, ки ин аст он абармарде, ки зина ба зина миллату давлати моро то ба гардун хоҳад кашид, чӣ аз нигоҳи сиёсӣ, чӣ ба ҷиҳати иқтисодӣ, чӣ дар заминаи фарҳангӣ. Дар ниҳод эътимоду эътиқод ба ин Сарвари муътабар ғалаён дошт ва бори нахуст мо дар қайди тирагӣ худро эмин дарёфтему ҳама ҳаросро фаромӯш кардему гуфтам: Пешво моро ба сӯйи нур хоҳад бурд!
Ёдовариҳо аз ин ҷашнҳо фараҳмандию фароғи ман аст, атри ин ҷашнҳо ба зиёфати маънавию моддиаш ҳанӯз дар димоғи ман аст, гулу гиёҳи эътиқоду эътимодаш сабзидаю шукуфта дар хаёлбоғи ман аст.
Баргаҳои муҷаллою рахшо дар дафтари ёдҳо аз ин шахси Худодода бисёранд. Наврӯзи бостон буду боз ҳам бо ширкати Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷлил мешуд. Қариб ҳама, аз ҷумла ман ҳам, куртаҳои чакану атлас ба бар карда будему бо ҳаяҷон қудуми мубораки Пешвои миллатро мунтазир меистодем. Борони фаровон меборид, ки башорате буд аз файзу баракати зиёд дар ин сол. Пешвои миллат омад ҳамчун як фарди ҳамватани мо хоксору заминӣ, ҳамчун субҳи меҳан кушодарӯю самимӣ. Мардум ба истиқболаш аз рӯи ихлос давиданд. Ӯ (он кас) дар ҳалқаи мардум афтод, мардуме, ки ба номаш арҷ мегузоранд, мардуме, ки ӯро пуштибони худ мешуморанд. Воқеан, Ӯ (он кас) Президенти мардумист – Бошад дигаре давлатмадоре ҳамтои Ӯ (он кас), ки ба мардум ин қадар наздик бошад?! Азбаски мардум аз Ӯ (он кас) ва Ӯ (он кас) аз мардумаш дилвопас нест, дар миёни издиҳоми одамон ҳам роҳат меистоду сӯҳбат мекард. Шеваи роҳгардии боварибахш ва нигоҳи хосаи дурандешона ба мардум меҳрашро зиёда мекард. Мардуми оддӣ то ба минбар, ки дар майдони кушодаи донишгоҳ мавқеъ дошт, гуселаш намуданд. Пешвои миллат озоду муътамад қадам мезад, гӯиё дар хонаи худаш дилаш кушода буд. Шиддати борон кам шуд, чун Пешвои миллат ба минбар баромад. – Аз паси абрҳои боронӣ чеҳраи хуршед падид омад. Пешвои миллат хитобаеро ба забон овард ба тавзеҳи вазъи хушоянди воқеӣ: “Ҳар кас ба дилу нияташ”. Он рӯз ин қадар ҳаво дар димоғ тоза буд, ки то имрӯз ҳатто дар сардиҳо ҳам фаромӯш наметавон кард. Ҳавои баъди борон, ҳавое, ки нури офтоб заминро гарм кард, ҳавое, ки акнун тирукамони осмонӣ буду бас. Ҳавое, ки тӯли солҳои дароз мардум то бад-ин рӯз аз он нафас мекашанду каму костии зиндагӣ фаромӯшашон гардида ва бо шукру сипос аз ғамхориҳои Пешвои миллати худ дар сифаташ аз он рӯз эътиборан мегӯянд: “Чун ҳавои баъди борон дили беғубор дорад”.
Назриева Ойниёл Шарифовна,
номзади илмҳои фалсафа,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон