ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андӯҳи зиёди мо гардид.

Дар робита ба ин талафоти ҷуброннопазир зимни изҳори ғамшарикӣ хоҳишмандам аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи ман ҳамдардии амиқ ва суханони тасаллиомези моро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтанро ба зарардидагон расонед».

khovar.tj

Чоп кунед