Равандҳои пурпечутоби ҷаҳони муосир, авҷгирии низоъҳои байни кишварҳо вазъи сиёсии байналмилалиро мураккабу печида карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нигоҳ доштани субот мавзуи доғи давлатҳои алоҳида ва созмонҳои минтақавӣ – байналмилалӣ гардида, дар сатҳҳои гуногун талош шуда истодааст, ки суботи ҷаҳонӣ пойдор боқӣ бимонад. Осиёи Марказӣ минтақаи намуна дар самти нигоҳдошти сулҳу субот ба ҳисоб рафта, кишварҳои ҳавза кӯшиш мекарданд дар ҳамҷаворӣ, дӯстӣ, сулҳ ва одоби неки ҳамсоядорӣ зиндагӣ намоянд. Тазаккур бояд дод, ки кишварҳое низ дар минтақа ҳастанд, ки худро вазифадор барои ноором намудани вазъи сиёсӣ ва бесубот гардонидани Осиёи Марказӣ медонанд. Аз ҷумлаи чунин кишварҳо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки дар минтақа вазифаи “агрессор”-ро муносиби худ дониста, солҳо барои бесубот намудани минтақа бо ҳамсоякшварҳои худ хушунатро пеш гирифтааст.
Ҷумҳурии Қирғизистон муддати 30 сол ҳамеша бо давлатҳои минтақа даргир буда, пайваста низоъҳои марзиро бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба вуҷуд овардааст. Қирғизистон бо Ӯзбекистон чандин муноқишаҳои марзӣ дошт, ки калонтарини онҳо соли 2010 ба вуҷуд омада, артиши қирғиз қатли омми мардуми узбектаборро шурӯъ кард, ки дар натиҷа шикаст хӯрд ва садҳо кушта бар ҷой гузошт. Ҳамчунин, даргириҳои мусаллаҳона бо Қазоқистон низ ҷой доштанд.
Баъди соҳибистиқлолӣ ҷониби Тоҷикистон дар ҳама гуна сатҳ талош менамояд, ки делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро бо ҳамсоякишвари худ аз роҳи дипломатӣ, гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл намояд. Зеро сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр равшан ва шаффоф аст, ки асоси принсипи сиёсати минтақавии ҷумҳурии моро инсондӯстӣ, ҳамҷаворӣ, ҳамсоягии нек ва дахолат накардан ба корҳои дохили давлатии дигар ташкил медиҳад. Дар тӯли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон пойбанди арзишҳои мазкур буда, ҳамеша дар баробари ҳамсояи нобобу фитнагар аз рӯйи инсоният, таҳаммулпазирӣ, собирӣ ва ҳамсоядории нек амал намуда истодааст. Вале ҳамсояи дарбадевори мо Қирғизистон аз сабру таҳаммул ва соҳибфарҳангии миллати тоҷик истифода бурда, ҳама навъи анъанаи неки ҳамсоягиро солҳо боз барқасдона, ғаразнок ва иғвогароёна вайрон карда истодааст.
Муноқишаҳои марзӣ миёни ду кишвар чандин сол боз давом дорад ва дар сар задани тамоми низоъҳо ҳамеша ҷониби Қирғизистон гунаҳгор мебошад. Қобили зикр аст, ки баъди дар Қирғизистон ба сари ҳокимият омадани ҳукумати нав бо роҳбарии Садир Жапаров дар моҳи октябри соли 2020 муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон авҷ гирифта, ҳатто аз ҷониби қирғизҳо то истифодаи техникаҳои вазнини ҷангӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва чархболҳо рафта расид. Ҷанги моҳи апрели соли 2021, ки 55 кушта ва сентябри соли 2022 беш аз сад кушта аз ҳарду ҷониб бар ҷой гузошт ва калонтарин ҷанг дар муддати сӣ сол миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад, бевосита ҳукумати феълӣ, хусусан раиси Ҷумҳури Қирғизистон дар ин ҷо гунаҳгор аст, зеро артиши Қирғизистон зери амри Жапаров бо тамоми аслиҳаҳои вазнин ва мошинҳои зиреҳпӯшу тайёраҳои бесарнишин 14-18 сентябр ба ҳудуди Тоҷикистон ҳуҷум кард ва барои қатли омаи мардуми мулкӣ онҳоро истифода намуда, дидаву дониста ба масҷид ва мактаб мушак андохтанд, ки пиронсолон ва кӯдакон ҳалок гардиданд. Мошини ёрии таъҷилиро низ бо РПГ заданд, дар натиҷа як оила ва зани ҳомиладор ҳалок шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва раиси КДАМ Қирғизистон Қ. Тошиев ду ҷинояткор ҳастанд, ки ба воситаи шуру ошуб ба сари ҳокимият омада, аз сиёсат ва дипломатия фарсахҳо дур мебошанд. Ягона воситаи ҳалли масъалаҳоро дар зӯроварӣ, зӯргӯӣ ва нишон додани зури бозӯ мебинанд.
Зарур ба таъкид аст, ки давлат ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазифадор аст, ки мардум ва ҳудуди Тоҷикистонро дар ҳолати ба вуҷуд омадани дилхоҳ хатару таҳдид ҳимоя намояд. Вақте артиши таҷовузкор ва террористии Қирғизистон ба сарзамини мо ворид гашт, бидуни шак артиш ва сохторҳои марбута баҳри дифоъ мехезанд ва ҷавоби сазовор ба душмани ғадор медиҳанд ва доданд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон барои пинҳон намудани ноуҳдабароӣ, ба даст овардани замини бегона ва пинҳон намудани амалҳои террористии худ, бидуни кадом дудилагӣ, нашармида ва пусти хугро дар рӯяш кашидаву аз минбари СММ доди нотавонӣ зада мазлумнамоӣ менамояд ва миллатеро, ки асрҳо боз дар паҳлӯи ӯ зиндагӣ дорад, душман мехонад. Албатта, тарс аз кирдори ноҷавонмардона, хасмона ва амалҳои бемасъулонаи худ дорад, ки боиси поён ёфтани сабри тоҷик бигардад ва барои заминҳои мутааллиқ ба худаш бархезад.
Амалҳои анҷомдодаи чанд рӯзи охири артиши қирғиз ва роҳбари давлати Қирғизистонро таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки рафтор ва амалкардҳои онҳо аз ваҳшонияти гурӯҳҳои террористӣ ҳеҷ фарқ надорад. Ба хоки бегона ҳуҷум намуда, занҳо, пиронсолон ва тифлонро ҳадафи тир қарор доданд ва маконҳои муқаддас ва арзиширо вайрону валангор сохтанд, ки ин далели гуфтаҳои болост. Роҳбарияти Қирғизистон вазъу субот ва хатару таҳдидҳои минтақавиро ба инобат нагирифта, ҳаракатҳои ғайримасъулона менамоянд, ки метавонад ба бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ оварда расонад. Бинобар ин, мо бо тамоми масъулият амалҳои ғайриинсонии роҳбарияти Қирғизистон ва низомиёни онро маҳкум намуда, аз мардуми оддии қирғиз талаб дорем, ки пеши роҳи амалҳои ваҳшиёна ва хунхоронаи роҳбаронашонро бигиранд, зеро идомаи чунин амалҳо боиси мураккаб мондани вазъият дар минтақа ва дар дохили Қирғизистон мегардад.
ҶАҲОНГИР Маҳмадзоир,
Мутахассиси пешбари раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон