Баъди пароканда шудани кишвари абарқудрати шӯравӣ бештари сиёсатмадорон ва таҳлилгарон бар он назар буданд, ки дунё бар мабнои як қутб бештар ба амният мерасад. Чуноне ки вақт нишон дод, ингуна таҳлилҳо ва ояндабиниҳо чандон ба воқеъият наздик набудааст. Зеро вазъи сиёсӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯз аз даврони ҷанги сард дида бештар печидаву мураккабу пешгӯинашаванда гардида, нисфи дунё дар ҳолати ҷанг ё омодагӣ ба ҷанг қарор дорад. Чунки баъзе кишварҳо дунёи якқутбиро ҳамчун таҳдид бар соири дигар давлатҳо медонанд, аз ҳамин лиҳоз дунё аз ҷаҳони якқутбӣ ба ҷаҳони чандқутбӣ тағйир ёфт.
Вобаста ба ин, рақобатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат тезутунд гардида, кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюмро бидуни ихтиёр ба ин раванд ворид карда истодаанд. Чунин ҳолат кишварҳои рӯбарушдро дар вазъи мураккаб ва бидуни интихоб қарор дода, истиқлолияти баъзеи онҳоро зери суол мебарад ва воридшавӣ ба фазои муборизаҳои абарқудратҳо ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии онҳо бевосита таъсири манфӣ мерасонад.
Қобили зикр аст, ки даргирии низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам аз ҷумла Аврупо, Африқо, Осиё ва шиддат гирифтани танишҳо миёни қудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ парокандагӣ ва бесуботиро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам ошкортар месозад. Дар ин равандҳо нақши дипломатия ва неруи нарм камранг гашта, ҷанг ягона воситаи ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир гардида истодааст, яъне дар чанд соли охир “дипломатияи ҷанг” бештар мавқеи ҳалкунандаро дар ҷаҳони муосир дорад. Ба зинаи аввал баромадани дипломатияи ҷанг кишварҳои аз ҷиҳати низомӣ заифро дар сари дуроҳа қарор дода, интихобро барояшон душвор гардонидааст.
Кишварҳои абарқудрат барои амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, худро мафиатдор меҳисобанд, ки низоъҳоро дар ин ё он давлат ба вуҷуд биёранд ва фишорҳоро болои дигар кишварҳо афзоиш диҳанд. Зеро нерумандон дар дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон манфиатҳои худро мебинанд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ ва ба даст овардани сарватҳои моддӣ низоъҳои дохилидавлатиро ба низоъҳои минтақавӣ табдил медиҳанд, ки вобастагии кишварҳои рӯбарушдро бештар мекунад. Кишварҳои рӯбарушд бошанд, ногузир болои амният такя менамоянд ва талош мекунанд суботи дохилии худро таъмин намоянд. Масъалаҳои иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ аз авлавият берун мемонанд. Аз он сабаб, ки бидуни субот ва амният на таъминоти иҷтимоӣ мешавад ва на иқтисод рушд меёбад.
Рақобати носолим ва авҷгирии ҷангҳо боиси афзоиши буҳронҳои молиявию иқтисодӣ гардида истодааст. Зеро дар натиҷаи муборизаҳо ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди якдигар натанҳо ба худи онҳо балки ба иқтисоди кишварҳои дигар низ таъсири манфии худро мерасонад. Чунки иқтисод ин як занҷираи пайвастаро мемонад ва таҳрим боис мегардад ки занҷира канда гардаду табодули молу коло боз дошта шавад. Ҳамчунин таҳаввулотҳои охир боис он гардид, ки роҳҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ дар ҳолати тағйири масир қарор бигиранд, ки бевосита таъсири худро ба иқтисоду тиҷорати кишварҳо мерасонад.
Дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои нерумандон ва ба вуҷуд омадани низоъҳои рӯирост, таҳдидҳо ва чолишҳо ба монанди терроризму экстремизм ба зинаи дуюм рафтанд ва инчунин, суистифода аз ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тундгаро аз ҷониби баъзе кишварҳо ба назар мерасад, ки албатта паёмади номатлубро доро мебошад. Зеро ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ инро барои худ фурсати муносиб дониста, якчайкаҳои махфии худро дар дилхоҳ давлат афзоиш медиҳанд ва дар баробари ин амалҳои террористиро анҷом медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари ҷанги сахт тавсеаи ҷангҳои иттилоотию психологӣ ба назар мерасад ва ҳамчунин ба таври густурда аз он истифода менамоянд. Яъне, ҷангҳои муосир аз ҷангҳои пешин тафовут дошта, хусусияти гибридӣ доранд. Дар ҷангҳои гибридӣ аз ҳама намуд имконият истифода мегардад, чӣ иттилоотӣ, чӣ иқтисодӣ ва чӣ неруи нарм ва сахт бошад. Мисоли инро дар ҷангҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон давом дорад, комилан мушоҳида мешавад.
Ногуфта намонад, ки дар раванди тағйир аз ҷаҳони якқутбӣ ба ҷаҳони бисёрқутбӣ муборизаҳои арзишӣ ва тамаддуни ҳам боло гирифта, арзишҳои шарқу ғарб дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтаанд. Муқобилгузории арзишӣ вазъи аз ин ҳам мураккабро боз ҳам мураккабтар гардонида, минтақаҳоро бар зидди ҳамдигар қарор медиҳад ва кишварҳоро аз диди тамаддунӣ бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа бархӯрди фарҳангии шадид ба вуҷуд меояд.
Чуноне ки мушоҳида мегардад дигар миёни баъзе кишварҳо робитаи беғаразу дӯстона дар байни давлатҳо вуҷуд надорад. Кишварҳои абарқудрат барои ба тарафи худ кашидани кишварҳои рӯбарушд аҳромҳои фишор ва таҳдидро пурзур кардаанд ва мехоҳанд манфиатҳои худро дар авлавияти дигар кишварҳо қарор бидиҳанд. Дигар нигоҳу бардошт ба ҳамин минвол шудааст, ки “ё бо манӣ ё дар муқобили манӣ”. Ин шакли тафаккури баъзе абарқудратҳо қобили пазириш нест, агарчанде муқобили созишномаҳои байналмилалӣ ҳам бошад, дар айни ҳол барояшон аҳамият ҳам надорад.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҷомеаи байналмилалӣ болои ҳадафҳои сулҳҷӯёна такя намояд ва барои сулҳи пойдор дар сартосари ҷаҳон роҳҳои ба созишрасиро ҷустуҷӯ намояд. Зеро ҷангҳои фарогир ва ҳал кардани масъалаҳо ба воситаи ҷанг хатарнок мебошад, чунки технологияи мубориза дар ҷаҳони муосир то сатҳе пешрафт кардааст, ки метавонад дунёро ба нестӣ барад. Барои ҳамин, баъзе кишварҳои абарқудратро зарур аст, ки роҳи муколамаро дар авливияти фаъолияти худ қарор диҳанд. Илова бар ин, бо истифода аз сатҳи баланди санъати пешбурди музокирот ба созиш расида, роҳҳали ҳамагуна низоъ ва масоили мубрами муносибатҳои байналмилалиро дарёфт намоянд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон