Санаи 4-уми августи соли 2023 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон, нишасти сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сердар Бердимуҳамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.
Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса дошта, ин нишаст таҷассуми хости кишварҳо барои таҳкими субот ва ҳалли низоъҳо, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва беҳбуди амният дар минтақа мебошад. Нишасти мазкур барои рушди соҳаи кишоварзӣ, энергетика, туризм ва инфрасохтори нақлиёт имкониятҳои навро кушода, ба минбари таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёфт. Инчунин, дар вохӯрӣ аҳаммияти муколама, ҳусни тафоҳум ва иқдомҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти умумӣ таъкид гардид. Натиҷаҳо ва дастовардҳои нишаст барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳамкорӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Аҳаммияти баргузории шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ
Дар шароити воқеӣ, чор омили муайянкунанда вуҷуд доранд, ки ҳар се кишварро ба ҳам мепайвандад ва муттаҳид мекунад: мансубият ба ҳавзаи Омударё, ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон, “бунбасти ҷуғрофӣ” (ба ғайр аз Туркманистон), ки минтақаро ба як макони логистикӣ табдил медиҳад ва созишномаҳои шарикии стратегӣ миёни кишварҳо.
Аҳаммияти баргузории нишасти сегона дар таъмини амнияти минтақавӣ
Бояд қайд намуд, ки аввалин ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд намудани “Камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” буд ва ин ташаббус аз ҳар вақт дида мубрамтар гардидааст. Ҳамкории сеҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад қадами бузурге дар самти амалигардонии ин ташаббус бошад. Чунки кишварҳои мазкур бо Афғонистон ҳамсарҳад буда, сарони давлатҳо аҳаммияти саъю кӯшишҳои муштараки якдигарро ба хотири таъмини сулҳ, амният ва субот, таҳкими фазои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақа дарк намудаанд. Чун хатарҳои аз Афғонистон таҳдидкунанда ба ҳар се кишварҳо таъсири якранг доранд.
Маҳз ба ҳамин хотир аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризму ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ дар ҳамаи шаклҳо ва зуҳуроташон, ҳамчунин, бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ба шумор меравад, ки зимни нишаст низ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ рушди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо Туркманистон ва Ӯзбекистон ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ин робита зикр гардид, ки тавсеаи ҳамаҷонибаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ҷавобгӯйи манфиатҳои аслии мардумони се кишвар буда, ба пойдории сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, роҳбарони давлатҳо зарурати ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо таҳдиду чолишҳоро таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи дастгирии байниҳамдигарӣ дар масоили мавриди манфиати умумӣ таъйид намуданд. Махсусан, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба хатарҳои нав таваҷҷуҳ намуда, зарурати ҷустуҷӯйи муштарак барои посухҳои муносиб ва амиқро иброз доштанд.
Президенти Туркманистон низ эътимод ва боварии миёни кишварҳои минтақаро заминаи рушди ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, изҳори итминон намуд, ки нишасти мазкур натанҳо ба рушди иқтисодиву иҷтимоии се кишвар такони қавӣ мебахшад, балки ба равандҳои минтақавӣ низ таъсири бузурги созанда хоҳад дошт.
Нишасти сеҷониба дар Ашқобод – такони тавоно барои рушди иқтисод ва ҳамкорӣ
Зимни баррасии масоили муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сарварони давлатҳо аҳаммияти ҳамкориро дар ин соҳа ва авлавияти таҳкиму густариши шарикии иқтисодӣ байни кишварҳоро дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, мутақобилан судманд ва бо дарназардошти манфиатҳои якдигар тасдиқ намуданд. Сарони давлатҳо дар бораи зарурати фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳояшон дастаҷамъона изҳори назар карданд. Аз ҷумла, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов махсусан таъкид намуд, ки ҳамкориҳои муштарак, ҳамоҳангсозии афзалиятҳо ва нақшаҳои рушд бо мурури замон тақозо менамояд, ки онҳо ба манфиатҳои куллии халқҳои мо, ба имкониятҳо ва ниёзҳои иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ бошанд. Инчунин, муҳим он аст, ки кишварҳо дар асоси усулҳои муосир муносибатҳои худро ба пояи ягонаи тамаддунӣ такя намуда, аз таҷрибаи мусбати чандинасра истифода баранд ва ба ин васила муттасилии таърихиро дар шароити кунунии геополитикӣ ва иқтисодӣ таъмин намоянд.
Уфуқҳои нави ҳамкориҳои энергетикӣ ва амнияти энергетикӣ
Роҳбарони се кишвар зимни зикри муҳимияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аҳаммияти хоссаи ҳамкориҳоро дар соҳаи интиқоли гази табиӣ, нафту маҳсулоти нафтӣ, ҳамчунин, неруи барқ таъкид карданд. Дар робита ба ин, сарони давлатҳо бо такя ба таҷрибаи мусбати ҳамкории сеҷониба дар соҳаи энергетика, дар бораи дар нимсолаи дуюми соли 2023 баргузор намудани гуфтушунидҳо дар сатҳи роҳбарони идораҳои энергетикӣ бо мақсади баррасии имконоти фаъолияти муштарак дар соҳаи нафту газ ва неруи барқ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамкориҳои энергетикӣ миёни Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон як масъалаи ҳалталаб дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин кишварҳо дорои захираҳои бузурги энергетикӣ, аз қабили захираҳои гидроэнергетика, газ ва маҳсулоти нафтӣ мебошанд ва метавонанд барои таъмини устувор ва самараноки нерӯи барқ ҳамкорӣ намоянд.
Масалан, Тоҷикистон аз ҳисоби дарёҳо ва минтақаҳои кӯҳистонаш дар соҳаи гидроэнергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ иқтидори назаррас дорад. Туркманистон, дар навбати худ, дорои захираҳои бузурги гази табиӣ мебошад, ки онро ба як таъминкунандаи муҳимми ин манобеъ табдил медиҳад. Дар навбати худ Ӯзбакистон ҳам истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи асосӣ ба шумор меравад.
Ҳамоҳанг намудани манфиатҳои энергетикии кишварҳо дар чунин шакл метавонад ба манфиати мутақобила ва беҳбуди амнияти энергетикии минтақа мусоидат намояд. Масалан, Тоҷикистон метавонад неруи барқи худро, ки аз неруи обӣ истеҳсол мегардад, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Туркманистон содир намояд, дар навбати худ, ин кишварҳо метавонанд ба Тоҷикистон дастрасӣ ба манбаъҳои гази табиии худро фароҳам оваранд, ки ин имкон медиҳад ҷонибҳо маҷмуи зарфияти энергетикии худро диверсификатсия намуда, таъмини устувори неруи барқро таъмин намоянд.
Ҳамоиши сеҷониба дар Ашқобод ҳамчун механизми муштараки эҷоди инфрасохтори қавии логистикӣ ва тавсеаи иқтидори тиҷоратӣ
Минтақаи Осиёи Марказиро асосан кӯҳҳо, дарёҳо ва биёбонҳо иҳота карда, хатсайрҳои нақлиётӣ минтақаро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст мекунад. Масирҳо тавассути баҳри Хазар ба Аврупо роҳи берун шудан аз “макони логистикӣ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Бо дарназардошти зарфияти азим, ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт, боргирӣ ва транзит, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти хосса медиҳанд. Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи зарфияти транзитии якдигар, сарони давлатҳо ба аҳамияти фаъолгардонии боркашонии гуногунсамт (мултимодалӣ) дар масири нақлиётии Тоҷикистон — Ӯзбекистон — Туркманистон, ки баромади се кишварро ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла ба баҳри Хазар ва халиҷи Форс таъмин менамояд, таъкид намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифодаи босамари иқтидори се кишвар дар бахши нақлиёт, ки метавонад минбаъд низ ба таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат кунад, даъват намуданд. Сарвари давлат аз ташаккули долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти шарқу ғарб ва шимолу ҷануби кишвари мо, ки дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошанд, ёдовар шуданд.
Бо дарназардошти он, ки ҷиҳати бунёд намудани инфрасохтори логистикӣ дар минтақа лоиҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд, махсусан дар доираи ИИАО, аммо маҳз ҳамин се кишвари минтақа узви ин созмон набуда, ба бунёд намудани лоиҳаҳои алтернативӣ ниёз доранд. Махсусан барои Тоҷикистон, ки аз лоиҳаҳои логистикии ИИАО берун мондааст, ҳамкорӣ дар шакли сеҷониба барои бунёд намудани инфрасохтори логистикию транзитӣ имконияти хубе мебошад.
Дар маҷмуъ, роҳбарони се давлат аз фаъолият ва лоиҳаҳое, ки ба ҳавасмандгардонии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди тамоми инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионие, ки барои некуаҳволии минтақа хизмат мекунанд, ҷонибдорӣ намуданд.
Механизми муштараки истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи устувории экологӣ
Мушкилоти тақсимоти об ва мудирияти захираҳои об дар ҳавзаи Омударё муддати тулонӣ аст, ки дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об, воҳиди сохтории Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал таҳти раёсати Шурои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ танзим мегардад. Инчунин, бояд ёдовар шуд, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мегардад.
Бо дарназардошти он, ки дар масъалаи мазкур миёни кишварҳои минтақа мушкиле ҷой надорад, аммо бо мақсади пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ, Сарварони давлатҳо барои баргузор намудани таҳқиқот ва коркардҳои муштараки минбаъда дар соҳаи идоракунии босамар, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ, беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, истифодаи самаранок ва навсозии зерсохтори хоҷагии об, ҳифз ва истифодаи такрории захираҳои об, аз ҷумла бо истифода аз имконоти мақомоти ваколатдори минтақавӣ, ба мувофиқа расиданд.
Аз миёнаҳои соли гузашта мақомоти Афғонистон дар шимоли кишвар ба сохтмони канали обёрии Қӯштеппа шуруъ карданд, ки он на танҳо то 15 дарсад кам гардидани маҷрои оби Омударё мегардад, балки боиси дубора ба дарё рехтани оби заҳкаш мешавад, ки дар шароити хоку иқлими ин минтақа маҳсули ногузири кишоварзӣ мебошанд. Таъсири маҷмуии коҳиши маҷрои об ва ифлосшавии об, ба гуфтаи олимони соҳа, боиси оқибатҳои фалокатбор дар ҳавзаи Омударё мегардад, ки аллакай ҳамчун минтақаи хавфноки экологӣ дар сатҳи СММ эътироф шудааст.
Аз ин лиҳоз, Сарварони се давлат зимни таъкиди аҳаммияти иншооти мавҷуда ва сохташавандаи гидроэнергетикӣ барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба устувории иқлим дар ҳавзаи дарёи Ому, ҷонибдории худро аз таҳкими ҳамкории судманди кишварҳо доир ба истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи об бо назардошти манфиатҳои давлатҳои худ баён намуданд.
Сарони се давлат дар баробари зикри муҳиммияти идомаи муколамаи созанда доир ба масъалаҳои обу энергетика, ба аҳамияти афзалиятноки истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёи Ому зикр карданд. Дар ҳамин ҳол, зарурати такмили минбаъдаи воситаҳои ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади таъмини вокуниши муассир ба чолишҳои нав, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши эҳтимолии фишор ба захираҳои обии дарёи Ому, таъкид гардид.
Ҳамин тавр, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо мақсади густариши ҳамкориҳои минбаъда ва пешгирии таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ, барои ҳамоҳангсозии манфиатҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳарчанд, ки дар минтақа шаклҳои гуногуни ҳамгироӣ мавҷуд буда, лоиҳаҳои муштарак амалӣ мегарданд, аммо нишасти сегонаи мазкур аз иродаи қавии сарони кишварҳо ва талаботи рӯзмарраи вазъи геополитикии минтақа бармеояд, ки дар дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ саҳми калидӣ мегузорад.
Саидаҳтам Талбаков,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон