29 ноябри соли 2019 мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронии пурмуҳтавое доштанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими мулоқоти навбатӣ ин иштироки ҳамаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро дар мулоқоти моҳи марти соли 2018, ки Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар он иштирок надошт, ба ин вохӯрии навбатӣ ташриф оварда буд. Боиси таъкид аст, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар фазои комилан дӯстона ва мутавозин баргузор гашт.

Мулоқоти нахустин, 15-уми марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нурсултон (Остона) баргузор гашта буд. Дар натиҷаи мулоқоти кории мазкур кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ расман изҳор намуда буданд, ки минбаъд барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, дастгирии мутақобила, ҳалли муштараки масъалаҳои мубрами марбут ба амнияту субот ва рушди устувори тамоми минтақа талош хоҳанд кард. Ин аст, ки мулоқоти навбатии машваратӣ мантиқан идомаи ҳамон вохӯрии гузашта гардид.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобад.

Баргузор гаштани чунин мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар равандҳои ҷаҳонишавии замони муосир аҳамияти хоси худро дорад. Зеро имрӯз масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳоние, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, таъмини амнияту субот, тағйирёбии иқлим ва ғайра дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки ҳалли онҳо амали дастаҷамъонаро талаб менамояд.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои тағийрёбии иқлим ҷалб намуданд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон 60% захираҳои обии минтақаро доро мебошад, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Вале имрӯз бо омилҳои гармшавии табиат аз 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон, ҳазортоаш несту нобуд шудаанд. Бояд зикр кард, ки ин масъала дар ояндаи наздик ба хатарҳои норасоии об дар минтақа оварда мерасонад. Бинобар ин, сарони давлатҳо ва роҳбарони ниҳодҳои дахлдори Осиёи Марказӣ бояд нисбати масълаи мазкур диққати ҷиддӣ дода, аз чораҷӯиҳои дастаҷамъона кор бигиранд.

Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ доир ба масъалаҳои об доимо таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб мекунанд. Имрӯз дар ҷаҳон ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба масъалаи об, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ шуда истодааст, ки бозгӯкунандаи мавқеи кишвари мо дар ин самт ба шумор меравад.

Бинобар таваҷҷуҳи пайвастаи кишвари мо ба ин мушкилии муҳими ояндаи инсоният, дар вохӯрии мазкур раисӣ дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт. Аз соли 2020 то 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардиданд.

Боиси зикр аст, ки кишвари мо дар ин раванд метавонад, ки дар баробари амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», чанд чорабиниҳои аҳамияти минтақавӣ ё ҷаҳонӣ дошта доир ба масъалаи «наҷоти Арал» баргузор намояд. Тоҷикистон бо баргузор намудани ингуна маъракаҳои муҳим таваҷҷуҳи давлатҳо, созмонҳои ҷаҳонӣ ва коршиносонро бори дигар ба ин масъала ҷалб хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар мулоқоти машваратии мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфияти транзитиву коммуникатсионии минтақаи мазкур диққати вижа доданд. Пешвои миллат аз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварданд, ки инфрасохтори транзитии кишварҳо ба манофеи милливу давлатӣ истифода карда шавад. Аз ин лиҳоз, дар ҷараёни ин вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуданд, ки бо назардошти зарфият ва ҳамкориҳои густурдаи ҳамаҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми истифодаи ҳамгироии нақлиётиву транзитӣ дар минтақа ба роҳ монда шавад.

Коршиносон ва мутахассисони соҳа таъкид менамоянд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз назари геостратегӣ ва геополитикӣ нуқтаи хеле муҳим буда, роҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии Шарқ – Ғарб ва Осиё – Аврупоро бо ҳам мепайвандад. Ин аст, ки имрӯз як қатор барнома ва лоиҳаҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолона амалӣ шуда истодаанд.

Дар баробари ҳамкориҳои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо акторҳои хориҷӣ, айни замон фазои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ин давлатҳо низ рушду тақвият ёфта истодааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, айни ҳол замина барои ҳамгироии иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам аст, зеро чандин маротиба роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои иқтисодии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳам мулоқоту гуфтушунид намуда, созишномаву қарордодҳои ин соҳаро ба имзо расонидаанд.

Аз ҳамин сабаб, барои рушду тақвияти ҳамкориҳои ояндаи иқтисодиву сармоягузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти машваратии дуюми кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати ташкили Фонди сармоягузории Осиёи Марказиро таъкид намуданд. Бо дастгирии ин ташаббус, чандин лоиҳаҳои минтақавӣ тариқи ин Фонд сармоягузорӣ шуда, амалӣ хоҳанд гашт.

Бояд зикр кард, ки нақши калидиро дар ҳифзу тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ фарҳанги ғанӣ ва таърихи ягонаи ин кишварҳо мебозад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи амиқи ин пайвандҳои таърихии мардуми минтақаи Осиёи Марказиро ба назар гирифта, дар мулоқоти мазкур пешниҳод намуданд, ки ҳамасола дар кишваре, ки дар он Шӯрои машваратии навбатӣ баргузор мегардад, «Рӯзҳои фарҳангии ҳалқҳои Осиёи Марказӣ» баргузор карда шавад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ташаббуси мазкур беш аз пеш ба ҳифзу густариш ва таҳкими дӯстии мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Дар мулоқоти мазкур, аз ҷониби дигар сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оиди ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ пешниҳодҳои судманд садо дод. Дар ояндаи наздик дар доираи рафту омади озоди шаҳрвандони кишварҳои минтақа ҳам бахши фарҳангу илм ва ҳам бахши иқтисоду тиҷорат рушду тақвият хоҳанд ёфт.

Дар натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дастури корӣ оид ба ташкили Вохӯрии машаваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Вохӯрии ояндаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 2020 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад гашт.

Ҳамин тариқ, Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва мутавозин баргузор гашт. Нутқҳои самимӣ ва ташаббусҳои ироашудаи роҳбарони давлатҳои ин минтақа дар ояндаи наздик барои рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Бояд қайд кард, ки дар вохӯрии навбатӣ дидгоҳ ва мавқеи сиёсати давлатии Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои гуногун бо ҳам наздик ва монанд буданд. Бинобар ин, ба назари мо дар ояндаи наздик як фазои мусоид барои ташкили намунаи ҳамгироии иқтисодиву фарҳангии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам хоҳад омад.

Азимзода Т.С.,

сармутахассиси Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед