Рӯзи 28 декабри  соли 2021  бо ташаббуси Донишкадаҳои Шанхай доир ба таҳқиқоти байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти нуҳуми Форуми Марказҳои таҳлилии МҲТБО таҳти унвони “Оғози нав барои барқарорсозии эътимоди мутақобила дар давраи пас аз пандемия: тамоюл ва ҳадафҳо” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар Форум намояндагони марказҳо ва муассисаҳои таҳлилии даҳ кишвари узви МҲТБО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиш аз ҷониби ширкаткунандагон вазъ ва мушкилоти амниятӣ дар Авруосиё, ки таҳти таъсири пандемияи “COVID-19” ба вуҷуд омаданд, мавриди баррасӣ  ва арзёбӣ қарор дода шуд. Иштирокчиён вазъияти мавҷударо мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, дар навбати худ барои амалкардаҳои муштарак ва таҳкими эътимод дар самти суботу амният фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар  бахши якуми Форуми мазкур  таҳти унвони “Мушкилоти амниятии давлатҳои аъзои МҲТБО дар давраи пас аз пандемия” дар қатори роҳбарияти марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи Таҳдидҳои нави амниятӣ ба давлатҳои узви МҲТБО дар давраи постпандемия: дидгоҳ аз Тоҷикистон” маърӯза кард. Дар оғоз мавсуф зикр намуд, ки барои мо хеле хурсандиовар аст, ки соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кишварамон ҳамчун узви комилҳуқуқи Форуми Марказҳои таҳлилии МҲТБО ба кори ин Форум ҳамроҳ шуд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки нишасти навбатӣ ба фаъолияти Форум такони нав бахшида, боиси рушди боз ҳам бештари табодули илмӣ ва академӣ байни марказҳои таҳлилии кишварҳои узв хоҳад шуд.

Дар идома Хуршед Зиёӣ тазаккур дод, ки алҳол хатари фаъолияти созмонҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ кам нашудааст. Гузашта аз ин, ҳаводиси ахири Афғонистон, ки боиси ба сари қудрат омадани ҷунбиши террористии “Толибон” дар ин кишвар гардид, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин таҳдид аллакай дар сарҳади ҳавзаи МҲТБО қарор дорад. Бинобар ин, тамоми давлатҳои узви МҲТБО, хусусан, сохтори амниятии тамоми кишварҳои узв,  бояд вазъи нави амниятӣ дар Афғонистонро амиқ дарк намоянд ва дар ин самт чораҳои таъхирнопазири муштарак андешанд.

Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро доир ба вазъи мавҷуда баён намуда, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳои муҳимми иқтисодиёти миллии давлатҳои узви МҲТБО-ро  таъкид ва таъйид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми марказҳои таҳлилии МҲТБО як мақоми машваратӣ ва иттилоотӣ-таҳқиқотӣ буда, соли 2014 бо қарори кишварҳои узви МҲТБО бо мақсади дастгирии фаъолияти иттилоотӣ-таҳқиқотӣ ва рушди ҳамкориҳо байни  марказҳои таҳқиқотӣ ва муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишии давлатҳои аъзои МҲТБО таъсис дода шудааст.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

Хадамоти  матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед