Рӯзи 7 феврали соли 2024 Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони беш бист воситаи ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.
Ҳамоишро котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Сатторӣ ифтитоҳ намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфт. Сипас директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор. узви АМИТ Хайриддин Усмонзода доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2023 ба таври мухтасар гузориш ироа намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дар соли 2023 тибқи талаботи низомномавии худ фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра мақсаднок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои мусбат ноил гашта тавонист. Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии аз аввали соли 2023 таҳиягашта пажуҳишҳо роҳандозӣ гардида, дар заминаи онҳо таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар доираи анҷоми корҳои мазкур аз ҷониби Марказ дар соли 2023 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 257 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 2700 саҳифа пешниҳод гардид. Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар фаъолияти 8 гурӯҳи кории ҳукуматӣ, байниидоравӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштироки фаъол доранд. Онҳо мунтазам пешниҳодҳои худро вобаста ба дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи ҳадафҳои дар ин барномаю стратегияҳо гузошташуда манзури масъулон мегардониданд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми моҳи марти соли 2023 Ҳамоиши марказҳои стратегии кишварҳои Осиёи Марказиро бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд. Дар кори Форум роҳбарони аввали марказҳои зеҳнии ҳамаи давлатҳои минтақа ва инчунин, бештар аз 80 коршинос ширкат варзиданд. Рӯзҳои 22-23-юми соли 2023 тибқи навбат Марказ Форуми 18-уми СҲШ-ро бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард, ки дар кори он намояндагони 14 давлати узв, мушоҳид ва шарики гуфтугӯ ҳузур доштанд.
Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 1028 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардиданд, ки дар бахши тоҷикӣ – 545 адад, русӣ – 300 адад ва англисӣ – 183 ададро ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба сомонаи Марказ беш аз 2 млн. 800 нафар хонанда ворид шуда, маводу матолиби онро мутолиа намуданд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дорад. Барои вусъатбахшии бештари ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии кишварҳои дигар, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб тавассути Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик муроҷиат намуд.
Роҳбарият ва кормандони Марказ давраи ҳисоботӣ 20 вохӯриву мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони марказҳои таҳлилӣ ва зеҳнии ҷаҳон анҷом доданд.
Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод. Дар ин бора гузориши муфассал дар шакли варақаҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Марказ як рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ гузошта шуда, дар нишасти матбуотӣ дастраси рӯзноманигорон карда шуд.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба саволҳои гуногуни рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ посухҳои қаноатбахш дод.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон