Рӯзи 10-уми феврали соли 2022 нишасти матбуотии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш  намояндагони васоити ахбори  оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода  ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2021 гузориш дод ва  аз ҷумла қайд кард, ки  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба  ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият  менамояд. Дар соли 2021 Марказ дар доираи  нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

  1. Дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2021 дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи мавзуъҳои зерин гузаронида шуд:

  • Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
  • Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ дар Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои  соли 2021 дар доираи самтҳои мазкур  пажӯҳиш аз рӯйи мавзуъҳои зерин гузаронида  шуд:

  • Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Трансформатсияи сохтории иқтисодиёт ва мушкилоти навсозии инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ;
  • Моҳият ва методикаи арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир;
  • Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
  • Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар соли 2021 натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотии  раёсатҳо дар ҷаласаҳои Марказ мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда бо сифати баланд ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, берун аз фаъолияти таҳқиқотӣ  иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии  пажӯҳишҳо ба нақша гирифта шуда буданд.

  1. Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ

Дар сохтори Марказ Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методӣ амал мекунанд. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати онҳо дар қатори олимони Марказ олимону мутахассисон аз дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ  низ дохил карда шуданд. Дар ин Шӯроҳо натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии Марказ доир ба натиҷагирии корҳои илмию  пажӯҳишӣ барои соли 2021 ва  нақшаи панҷсола–солҳои  2021–2025 доир гардиданд.

  1. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.

Дар соли 2021 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ  197 гузориши таҳлилӣ,  иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1773  саҳифа  пешниҳод карданд.

Гузоришҳои мазкур дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти раёсатҳои Марказ  дар асоси таҳлилирӯзмарра ва ҷустуҷӯйи ҳалли мушкилоти амалии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардиданд.

  1. Иштирок дар комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ

Роҳбарият ва мутахассисони  Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ  доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

  • Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба “Таҳсилоти босифат” дар Вазорати маориф ва илми ҶТ;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ: “Лоиҳаи таҳқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ: “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати молия: “Таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав”;
  1. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои  илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон  ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти  олии мамлакат амалӣ намуд.

Дар соли 2021  дар Марказ аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 4 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафар,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  9 нафар, дар маҷмӯъ, 45 нафар  донишҷӯ  таҷриба омӯхтанд.

  1. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри  Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод.  Марказ узви  Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони  Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад. Соли 2021 Марказ узви комилҳуқуқи Форуми марказҳои зеҳнии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) гардид.

Марказ бо як қатор ниҳодҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии  дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон  ҳамкориҳои самарабахш  дорад.

  1. Конфронсҳои илмию амалӣ ва мизҳои  гирд

Марказ дар соли 2021-ум  20 чорабинии илмию амалӣ, аз ҷумла 13 конфронс ва 7 мизи гирдро  дар мавзуъҳои зерин  баргузор намуд:

Мизи гирд дар мавзуи “Дидгоҳи давлатмењвар ва масъалањои тањкими Истиќлоли давлатї” (18.03.2021), конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” (20.04.2021), Нишасти маҷозии муштарак бо Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон (11.05.2021), мизи гирд дар мавзуи Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ (21.05.21), конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзуи“Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (03.06.2021), мизи гирд дар мавзуи Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ (8.06.2021), видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд” (16.06.2021), видеоконфронси маҷозии  байналмилалӣ  таҳти унвони “Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, фазои боз–асоси пешрафти ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон” (17. 06.2021), Форуми байналмилалии коршиносони ИДМ доир ба амнияти иттилоотӣ” (29.06.2021), видеоконфронси байналмилалӣ таҳти унвони “20 соли СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ” (20.08.2021), конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони СҲШ” (27.08.2021),   конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ  таҳти унвони “Амнияти иқтисодии давлат: вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳкими он” (24.10.2021), мизи гирд дар мавзуи “Тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми амнияти иҷтимоӣ” (27.10.2021), конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Индустраликунонии босуръат омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (28.10.2021), конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (12.11.2021), мизи гирд дар мавзуи “Неруи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир” (26.11.2021), мизи гирд дар мавзуи  Таъмини амнияти иқтисодӣ дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ (3.12.2021), конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” (22.12.2021), конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳаҳои иқтисодии кишвар ва минтақаҳои он дар доираи барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016–2020” (26.12.2021), конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳимми рушди устувор” (29.12.2021)

Гузоришҳо доир ба чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар  сомонаи интернетии Марказ гузошта  шуданд.  Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 115 маърӯза карданд.

Дар соли 2021 кормандони Марказ дар 7 форуму конфронс ва мизҳои гирди хориҷи кишвар иштирок ва суханрониҳо намуданд: Форуми “Дипломатҳои ҷавон” (шаҳри Қазони Федератсияи Русия, 28–30.07.2021),  Форуми байналмилалии “Осиёи Миёна дар чорсӯйи тамаддуни ҷаҳонӣ”  (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 13.09.2021), конфронси байналмилалии “30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: натиҷаҳо ва дурнамо” (шаҳри  Мински Ҷумҳурии Беларус, 27.08–09.2021); конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Ӯзбекистони нав ва шарики минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ”, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 18.10.2021), Форуми байналмилалии “Ҷавонони Тоҷикистон ва Русия” (шаҳри Москваи Федератсияи Русия, 30.11.2021), мизи гирди байналмилалии  “Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои илмии Италия ва Осиёи Марказӣ” (шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 08.12.2021), мизи гирди “Коршиносони Осиёи Марказӣ” (шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  17.12.2021.

  1. Фаъолияти нашриявӣ

Дар давраи ҳисоботӣ панҷ шумораи маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” бо мақола таҳияву таҳрир гардида ба нашр  расиданд:  №1 (73) бо теъдоди 25 мақола,  №2 (74) бо теъдоди 26 мақола, №3 (75) бо теъдоди  24 мақола,  №4 (76) бо теъдоди  25 мақола. Шумораи махсуси маҷаллаи мазкур ба фаъолияти бистсолаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)  бахшидашуда 38 мақоларо дар бар мегирад. Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи  мазкур ҷойгир карда шудаанд.  Маҷаллаи нави Марказ бо номи “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” бо теъдоди 16 мақола таҳрир ва барои чоп омода карда шуд.

Марказ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони  “Нуктаҳои асосии  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобча таҳия намуда (дар ҳаҷми 60 саҳифа, дар шакли электронӣ) ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар соли ҳисоботӣ 5 китоб, аз ҷумла  “Дидгоҳи давлатмеҳвар” (муаллиф Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, Душанбе, “Эр-граф”, 2021, 248 саҳ.), “Ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ” (муаллиф Хуршед Зиёӣ, Душанбе, “Аржанг”, 2021, 280 саҳ.), “Сӣ мақола оид ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ” (муаллиф Хуршед Зиёӣ, Душанбе, “Аржанг”, 2021, 222 саҳ.), “Такмили системаи хизматрасонии хадамоти шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (муаллифон Саодат Ҷурахонзода, Диловар Қодирзода, Душанбе, “Аржанг”, 2021, 2016 саҳ.), “Вазъи маориф ва илм дар шароити Истиқлоли давлатӣ” (муаллиф Абдураҳмон Қурбонов, Душанбе, “Аржанг”, 2021, 354 саҳ.)  аз ҷониби Марказ ба нашр расонида шуд.

  1. 9. Сомонаи интернетии Марказ ва ҳамкорӣ бо ВАО

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ  фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби  ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони  имрӯз” ва китобҳои  таълифнамудаи кормандони  Марказ ҷой дода шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 791 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.

Марказ бо васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои самарабахш дорад. Кормандони Марказ дар соли 2021 беш аз 430 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ ва мусоҳиба намуданд.

  1. Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ

Дар  соли 2021 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд. Онҳо дар мавзуъҳои пешгирии хатарҳои муосир ва ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе,  шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, ВМКБ, Суғду Хатлон  суханронӣ намуданд. Шумораи умумии суханрониҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ бештар аз  120 адад мебошад.

Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии  пурсамареро анҷом дод.

Сипас директори  Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовинони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода  ва сардорони раёсатҳои  Марказ ба саволҳои гуногуни рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ  посухҳои қаноатбахш  доданд.

Нишасти матбуотӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии 

Маркази тадқиқоти

стратегии  назди

 Президенти Ҷумҳурии 

Тоҷикистон

 

Чоп кунед