Рӯзи 12-уми феврали соли 2021 нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2020 гузориш дод. Ӯ зимнан қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар дар соли 2020 бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон фаъолият менамояд.
Дар соли 2020 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият анҷом дод:
1.Дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ
Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2020 таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:
- Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2020 дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:
- Дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он;
- Стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди кишвар;
- Омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он;
- Стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он;
- Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар;
- Самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии кишвар барои солҳои 2021–2025.
2. Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ
Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла 13 доктори илм ва 4 номзади илм фаъолият кард. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмии Марказ олимону мутахассисон аз дигар муассисаву ташкилотҳо низ дохил карда шуданд.
Шӯрои илмию методии Марказ аз 13 нафар иборат аст. Дар он натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласаи Шӯрои илмию методии Марказ доир ба натиҷагирии корҳои илмию таҳқиқотии солона барои соли 2020 ва панҷсола барои солҳои 2016–2020 доир гардид.
3. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ
Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дигари дахлдор омода карда, ирсол намуданд. Дар соли 2020 кормандони Марказ 122 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1052 саҳифа пешниҳод карданд. Дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти раёсатҳои Марказ бештар ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуданд.
4. Иштирок дар комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ.
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:
- Гурӯҳҳои корӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва дар Вазорати адлияи ҶТ – “Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2016–2020”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати адлияи ҶТ–”Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021–2025″.
- Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба “Таҳсилоти босифат” дар Вазорати маориф ва илми ҶТ;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ– “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати молияи ҶТ–”Таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ – “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалнамоии Комиссия дор бораи ҳуқуқҳои маъюбон”.
5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ
Марказ робитаҳои кории машваратиробо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат амалӣ намуд.
Дар соли 2020 дар Марказ аз Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон 43 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе 8 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 11 нафар, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат–8 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 2 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар, дар маҷмӯъ, 85 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
6. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои СММ, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Боздоранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
7. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд
Марказ дар веб-машварати корӣ доир ба омодагӣ ба баргузории нишасти сеюми Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба солгарди қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ба таври онлайнӣ фаъолона ширкат варзид. Ҳамчунин, кормандони Марказ дар чорабиниҳои илмии байналмилалии зерин иштирок ва суханронӣ намуданд: онлайн–конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби “Як камарбанд, як роҳ” дар Осиёи Миёна ва Ғарбӣ баъд аз пандемия” (16.07.2020), онлайн-конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Таъсири пандемияи коронавирус ба раванди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ: мушкилот ва имкониятҳо. Нақши дипломатияи мардумӣ дар тақвияти равобит дар доираи СҲШ” (11.08.2020.), онлайн-конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои АвруОсиё дар пасманзари пандемияи коронавирус: имкониятҳо ва мушкилот” (12.08.2020) конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаи нави муносибати шарики стратегии Тоҷикистон ва ӯзбекистон» (14.09.2020), конфронси илмӣ дар мавзӯи “Таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти кор бо бозгаштагон аз Сурия ва Ироқ” (25.09.2020, онлайн–мулоқоти маҷозӣ), конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо: шарики дуҷониба баҳри дарёфти рушди устувор дар минтақаи Авруосиё” (30.09.2020, онлайн–мулоқоти маҷозӣ), “Ҷаласаи 15-уми Форуми СҲШ” (29.09.2020, онлайн–мулоқоти маҷозӣ), онлайн–конфронси коршиносони байналмилалӣ таҳти унвони “Натиҷаҳои асосии ҷаласаи Шӯрои Созмони Ҳамкории Шанхай (17.11.2020), ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи “Конститутсия–пояи асосии рушди давлатдории тоҷикон” (6.11.2020)”, ҳамоиши илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (16.11.2020). Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ гузошта шуданд. Дар давоми сол кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 255 маърӯза суханронӣ карда, беш аз 410 мусоҳиба дар васоити ахбори омма доир намуданд.
8. Фаъолияти нашриявӣ
Марказ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он”-ро дар шакли китоб таҳия намуда (дар ҳаҷми 80 саҳифа дар шакли электронӣ), ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ирсол намуд. Инчунин, Марказ дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ китоби “Матни шиору овезаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”-ро таҳия карда, барои истифодаи хизматии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нашр расонид.
9. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”
Сомонаи Марказ (www.mts.tj) ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва китобҳои Марказ ҷой дода шудаанд. Марказ дар соли 2020 маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”– №1-ро бо теъдоди 24 мақола, №2-ро бо 26 мақола, №3-ро бо 25 мақола, шумораи 4-умро бо теъдоди 30 мақола дар ҳаҷми 100 нусхагӣ нашр кард. Дар ин давра тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи интернетӣ ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 930 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.
10. Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ
Дар соли 2020 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар саҳми фаъол доштанд. Онҳо доир ба таблиѓу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мақомот, муаасисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ ва идораҳои давлатӣ бештар аз 180 мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд.
11. Такмили ихтисоси кормандони Марказ
Кормандони Марказ аз курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар Қазоқистон ва Ҳиндустон гузаштанд.
Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовинони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода ва сардорони раёсатҳои он ба саволҳои рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон