Рӯзи 4 августи соли 2023 Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони 21 васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Ҳамоишро котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Сатторӣ ифтитоҳ намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфт. Сипас директори Марказ Хайриддин Усмонзода доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар нимсолаи 2023 ба таври мухтасар гузориш ироа намуд.

Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дар муддати шаш моҳи соли 2023 тибқи талаботи низомномавии худ фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра мақсаднок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои мусбат ноил гашта тавонист. Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии аз аввали соли 2023 таҳиягашта пажӯҳишҳо роҳандозӣ гардида, дар заминаи онҳо таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ доир гардид.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз коршиносони Марказ зимни пажуҳишҳояшон ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири ин равандҳо ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон равона намуданд. Дидгоҳу баҳодиҳиҳои муносибу саривақтии кормандон ба ин равандҳо заминаро барои пешниҳоди тавсияю таҳлилҳои саривақтияшон доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон замина гузошта, натиҷаҳои ба даст овардашударо ҳамчун навгонии илмию таҳлилӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. Дар таҷрибаи Марказ бори аввал аз оғози соли 2023 гузориш доир ба “Таҳдиду хавфҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон дар соли 2023” бо пешниҳоди андешидани чорабиниҳо таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар доираи анҷоми корҳои зикргардида аз ҷониби Марказ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 161 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа пешниҳод гардид. Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар фаъолияти 6 гурӯҳи кории ҳукуматӣ, байниидоравӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштироки фаъол доранд. Онҳо мунтазам пешниҳодҳои худро вобаста ба дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи ҳадафҳои дар ин барномаю стратегияҳо гузошташуда манзури масъулон мегардониданд.

Тибқи нақшаҳои кории бо сарпараст мувофиқашуда Марказ дар давраи ҳисоботӣ бештар аз 19 чорабинии илмию амалиро баргузор намуд. Гузоришҳо аз ин чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, масъалаҳои зимни онҳо баррасишаванда саривақт дар матбуоти давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ нашр гардиданд. Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 105 маъруза карда, беш аз 215 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд. Барои тавсеаи ҳамкориҳои берунӣ дар ин муддат дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ Марказ бо намояндагони кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ 13 суҳбату вохуриро доир намудааст.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми моҳи марти соли 2023 Ҳамоиши марказҳои стратегии кишварҳои Осиёи Марказиро бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд. Дар кори ҳамоиш роҳбарони аввали марказҳои зеҳнии ҳамаи мамалкатҳои минтақа ва инчунин, бештар аз 80 коршинос ширкат варзиданд. Рӯзҳои 22-23-юми соли 2023 тибқи навбат Марказ Форуми 18-уми СҲШ-ро бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард, ки дар кори он намояндагони 14 давлати узв, мушоҳид ва шарики гуфтугӯ ҳузур доштанд.

Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 435 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардиданд, ки дар бахши тоҷикӣ – 243 адад, русӣ – 126 адад ва англисӣ – 66 ададро ташкил медиҳанд. Дар муддати шаш моҳи ҳисоботӣ ба сомонаи Марказ беш аз 2 млн. нафар хонанда ворид шуда, маводу матолиби онро мутолиа намуданд.

 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дорад. Барои вусъатбахшии бештари ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии кишварҳои дигар, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб тавассути Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои дар минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик ҷойгирбуда муроҷиат намудааст.

Роҳбарият ва кормандони Марказ давраи ҳисоботӣ 13 вохӯриву мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони марказҳои таҳлилӣ ва зеҳнии ҷаҳон анҷом доданд.

Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2023 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод. Дар ин бора гузориши муфассал дар шакли варақаҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Марказ як ҳафта қабл аз нишасти матбуотӣ гузошта шуда, дар нишасти матбуотӣ дастраси рӯзноманигорон карда шуд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба саволҳои гуногуни рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ посухҳои қаноатбахш ироа намуд.

Нишасти матбуотӣ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед