Рӯзи 31 июли соли 2024 Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони зиёд аз васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.
Ҳамоишро котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатов ифтитоҳ намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфт.Сипас директори Марказ Хайриддин Усмонзода доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба таври мухтасар гузориш ироа намуданд.
Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда дар муддати шаш моҳи ҳисоботии соли 2024 тавонистааст фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худро дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра мақсаднок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои мусбат ноил гардад. Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии аз аввали соли 2024 таҳиягашта, вобаста ба мавзуъҳои “Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он”, “Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пажуҳишҳо роҳандозӣ гардида, дар заминаи онҳо таҳияи маърузаҳои илмию гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ доир гардид.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз коршиносони Марказ низ зимни пажуҳишҳояшон ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири ин равандҳо ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон равона намуданд. Дидгоҳу баҳодиҳиҳои муносибу саривақтии кормандон ба ин равандҳо, пешниҳоду тавсияю таҳлилҳои саривақтияшон доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон аз фаъолияти пурсамари Марказ дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб мешавад.
Пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Айни замон муассиса бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки аз обрӯ ва нуфузи ин ниҳод дарак медиҳад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дорад. Барои тавсеаи ҳамкориҳои берунӣ дар ин муддат дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ Марказ бо намояндагони кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ 12 суҳбату вохӯриро доир намудааст.
Аз ҷониби Марказ дар нимсолаи аввали соли 2024 ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷумла моҳи апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси муштараки Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” баргузор гардид. Инчунин дар заминаи нақшаи чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси муштараки байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» баргузор гашт.
Маҷаллаҳои илмии Марказ таҳти унвони “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” дар рӯйхати нашрияҳои эътиборноки доираҳои илму маорифи дохилию берунӣ қарор дорад. Мақолаҳои маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар индекси иқтибосҳои илмии Федератсияи Русия (РИНЦ) пайваста ворид карда мешаванд. Тавсеаи фаъолияти нашриявии Марказро қайд кардан мумкин аст, зеро бе танаффус ба нашр расидани ду маҷаллаи эътиборноки Марказ амали шоиста аст.
Тавсеаи фаъолияти нашриявӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони Марказ ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобӣ бо ҳаҷми 58 саҳифа таҳия намуда, бо дастури Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ ба вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар ирсол намуд.
Дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо мавҷуд аст. Кормандони Марказ ба таври пайваста, сатҳи илмию тахассусии худро берун аз кишвар ва дар дохилӣ кишвар баланд мебардоранд. Дар Марказ 20% мутахассисон соҳиби унвон ва дараҷаҳои илмӣ мебошанд ва барои тарбияи мутахассисони забондону болаёқат, ки дар ҷодаи илм кӯшиш доранд таваҷҷуҳи асосӣ дода мешавад.
Роҳбарияти Марказ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва намояндаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мебошад. Мощи марти соли равон Директори Марказ ба шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва фаъолияти муассисаҳои таълимию корхонаҳои истеҳсолӣ шинос гардид. Дар ҷараёни сафар бо ходимони соҳаи дин фаъолон ва аҳолии шаҳр суҳбату муколаммаи озод доир намуда, мазмун ва муҳтавои дастуру супоришҳои Сарвари давлатро зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баёндоштаро ба мардум расониданд. Ҳамзамон, бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии дар шаҳр ҷойгир буда, суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Дар бахши дуюми ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба саволҳои гуногуни рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ, ки асосан фарогири масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буданд, бо истинод бо далелҳои дақиқу муътамад посӯхҳои қаноатбахш доданд.
Ҳадаф ва масири пешгирифтаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидигоҳи тозаву муосир ба таҳлил ва ояндабинии рушди устувори мамлакат нигаронида шудааст.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон