Рӯзи 28 июли соли 2022 нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода кушода, доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон фаъолият намуд.
Марказ дар шаш моҳи аввали соли 2022 дар асоси нақшаи корӣ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият намуда, ба натиҷаҳои самарабахши корӣ ноил гардид. Ҳамзамон, ба фаъолияти нашриявӣ, Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ таваҷҷуҳи зарурӣ равон гардида, дар ин раванд низ як қатор дастовардҳо ба назар мерасанд.
Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ Марказ
кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва вазорату кумитаҳои давлатӣ, ниҳодҳои дигари дахлдор 200 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1000 саҳифа омода ва ирсол намуд. Муҳтавои гузоришҳоро таҳлили омилҳои тезутундшавии масъалаҳои амниятии минтақа ва ҷаҳон, ҳуҷумҳои иттилоотӣ ба фазои иҷтимоии кишвар, таъсири таҳримҳои иқтисодии зидди баъзе аз кишварҳо ва таъсири он ба мамлакати мо ва мавзуъҳои дигар дар бар мегиранд.
Дар давраи ҳисоботи тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ вобаста ба мавзуъҳои “Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он” ва “Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ Тоҷикистон” пажӯҳиш роҳандозӣ гардиданд.
Дар доираи самтҳои болозикри фаъолият якчанд таҳқиқоти мубрам пиромуни масоили таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, мониторинги амнияти иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, модернизасияи истеҳсолоти саноатӣ, самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ: мушкилот ва дурнамо анҷом дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ибтидои сол тарҳрезии нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар раёсатҳо ва ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд ва ин омил имкон дод, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ босифат ва ба талабот ҷавобгӯй амалӣ гардад.
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар фаъолияти гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ, байниидоравӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштироки фаъол доранд. Дар ин давра онҳо дар ҳайати 6 гурӯҳи корӣ иштироки бевосита доштанд.
Дар сохтори Марказ Шӯрои илмӣ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла 10 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият дорад ва бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати он дар қатори олимони Марказ олимону мутахассисони дигар низ шомиланд. Шӯрои илмию методии Марказ аз 15 нафар иборат буда, дар он натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода мешавад. Ба баррасии шӯроҳои мазкур масъалаҳои муҳимми ташкили фаъолияти илмию таҳлилии Марказ вобаста ба дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, вазъи минтақа ва ҷаҳон гузошта мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зарурати ба иҷрои корҳои илмӣ, омодасозии рисолаҳои илмӣ ҷалб намудани кормандони Марказ ба миён омадааст. Ин омил ҳамзамон, дар заминаи Марказ таъсис ёфтани магистратура ва доктарантура барои тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа, махсусан аз ҳисоби ҷавонони лаёқатмандро низ тақозо менамояд.
Марказ дар давраи ҳисоботӣ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд. Дар шаш моҳи соли 2022 дар Марказ аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе 13, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 15 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Байналмилалии Олмон, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои болозикр аз он ҷиҳат муҳим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои болозикр буда, дар доираи ҳадафҳои олии давлатдорӣ бо онҳо ҳамкориро роҳандозӣ намудааст. Марказ, ки узви Маркази таҳлилии СААД, узви форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар Бишкек аст, маҳз ҳамин ҳамкориҳо имкон фароҳам меоранд, ки доир ба масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ нишасту ҳамоишҳои муштарак доир гардида, манфиатҳои давлат ҳимоя карда шаванд.
Марказ дар давраи ҳисоботӣ 5 мизи гирд, 2 семинар, 2 конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси илмиву амалии байналмилалиро баргузор намуд. Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар матбуоти давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ нашр гардиданд.
Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 13 маъруза карда, беш аз 52 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд.
Кормандони Марказ дар конфронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд: 10 конфронси илмиву амалии байналмилалӣ, 2 конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, 2 ҷаласаи байналмилалии коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби Марказ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли ҷузвия ба нашр расид.
Дар давраи ҳисоботӣ чаҳор монографияи кормандони Марказ ба нашр расиданд. Маҷмуаи калонҳаҷм таҳти унвони “Сулҳ ва сиёсат дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз тарафи кормандони Марказ таҳия шуд, ки дар арафаи ҷашни 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ (22 июни соли 2022) дар доираи васеъ рӯйнамоӣ гардид.
Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ пахш мегарданд. Дар шаш моҳи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 449 адад мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 шумораи якуми маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, №1 (77) бо теъдоди 27 мақола нашр гардид ва инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи мазкур дар шакли PDF дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд аз онҳо ба таври ройгон истифода баранд.
Маҷаллаи нави Марказ бо номи “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният”, №1 (1), соли 2022 бо теъдоди 16 мақола чоп шуд, ки аз ҷумла сиёсатшиносӣ 7 адад, иқтисодӣ 5 адад ва иҷтимоӣ 4 ададро ташкил медиҳад. Шумораҳои №2 (78)-и маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва №2 (2)-и маҷаллаи “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” дар дасти чопанд. Шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 74 ададро ташкил медиҳад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон, Корея ҳамкориҳои самарабахшро анҷом дод.
Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2022 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тар-ғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти
стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон