Ба ҳама маълум аст, ки инсоният дар олами муосир ба як қатор дастовардҳои илмӣ – техникӣ ноил гардида, ҳузури худро дар ҳама ҷузъи табиат, ҳатто дар кайҳон тақвият бахшида истодааст. Дар баробари рушди босуръати илму техника ва дастовардҳои фаннӣ ҷомеаи башарро дар шароити кунунӣ як қатор таҳдиду хатарҳое пайгирӣ намуда истодааст, ки мувофиқи назари бештари ҷомеашиносон омили асосии пайдоиши хатару таҳдидҳо худи инсоният мебошад.
Ҳолати воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии имрӯзаи ҷаҳон нигаронкунанда ва буҳронӣ аст. Буҳрони кунуние, ки ҷомеаи инсониро фаро гирифтааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудоти дорои тафаккур яъне инсон бо он ҳама дастовардҳои илмиву техникии худ то ба ҳанӯз дар назди муъҷиза ва ё ҳодисоти олами табиат оҷиз аст. Ин воқеияти бебаҳс мебошад. Чунки то ҳол ягон озмоишгоҳҳои тиббӣ имконӣ бартараф кардани пандемияи коронавирусро пайдо накардаанд. Ҳузури ғайриинтизори бемории сироятии COVID-19 дар ҳаёти инсони муосир, тамоми доираҳои илмӣ, динӣ ва фалсафие, ки дидгоҳи муайяне дар бораи табиат ва мавҷудоти он доштанд, ба изтироб овардааст. Дар воқеъ COVID-19 имрӯз барои ҷомеаи башар ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза ҳазорон нафар дар минтақаҳои гуногуни олам ба он мубтало гашта истодаанд. Бояд мутмаин бошем, ки ин вирус эҳтимолан пурра аз байн меравад. Аммо, айни ҳол ягон кас гуфта наметавонад, ки он дақиқан кай нобуд карда мешавад. Вобаста ба вазъи ҳозираи ҷаҳон, оқибатҳои пандемияи COVID-19, ҳамкории давлатҳо дар мубориза бо пандемияи мазкур, сиёсати ҷаҳонӣ баъд аз пандемияи COVID-19 ва вазъи давлатҳои миллӣ дар шароити кунунӣ иброз доштани дидгоҳи огоҳона ба маврид ва саривақтӣ аст.
Коронавирус (COVID-19)
Яке аз таҳдидҳое, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин бемории сироятии коронавирус COVID-19 мебошад. COVID-19 охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳон Ҷумҳурии Халқии Хитой хуруҷ карда, дар як муддати кӯтоҳ бештари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифт. Ҳамин тавр, 11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт вируси мазкурро барои тамоми сокинони ҷаҳон ҳамчун таҳдид эътироф карда, онро пандемия эълон кард.
Дар воқеъ дар як муддати кӯтоҳ бештари аҳолии давлатҳои ҷаҳон гирифтори чунин вирус гардида бо вазъияти мураккабе рӯ ба рӯ гардиданд. Ҳамчунин то кунун, дар сайёраи замин минтақа ва давлатҳое мавҷуданд, ки аз ин таҳдид эмин мондаанд. Албатта, чунин минтақа ва давлатҳое, ки аз ин вирус эмин мондаанд, пеш аз ҳама, бурди онҳо аз як қатор омилҳои объективӣ ва субъективие вобастааст. Агар ба омилҳои объективии муҳофизатӣ табиат ва ҷойгиршавии географии онҳо дохил шаванд, сари вақт чораҷӯӣ намудан ва пурзӯр намудани тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин вирус аз ҷониби роҳбарияти давлатҳои эминмонда ба омилҳои субъективӣ дохил мешаванд.
Бояд қайд кард, ки буҳрони COVID-19 имрӯз давлатҳои ҷаҳонро ба ҳолати ногувор гирифтор намудааст. Вобаста ба зуҳури коронавирус дар ҳаёти ҷомеаи башар ва хатару таҳдид, оқибатҳои манфии он барои давлатҳо ва сабақе, ки давлатҳо бояд аз он гиранд, як қатор андешаҳое мавҷуданд, ки огоҳона иброз доштани онҳо ба маврид аст.
Коронавирус ва бархӯди тамаддунҳо
Охири асри XX аз ҷониби муҳаққиқи амрикоӣ С.Хантингтон консепсияи “бархурди тамаддунҳо” пешниҳод гардида буд, ки моҳияти асосии онро ба назари соҳибандеша дар солҳои баъдӣ сиёсати ҷаҳониро муборизаҳои шадиди тамаддунҳои ҷаҳонӣ ташкил медод. Баробари ворид шудани консепсияи мазкур ба илми сиёсӣ вокунишҳоеро аз ҷониби доираҳои гуногуни илмӣ, махсусан, илми сиёсӣ, ба вуҷуд овард. Қисме аз олимон ва сиёсатмадорон онро ҷонибдорӣ намуда, қисми дигари мутафаккирон хилофи он андешаронӣ намуда, онро ҳамчун сенарияи моҷароҷуӣ арзёбӣ менамуданд. Агар ба сабаб, фазо, вақт ва макони пайдоиши ин консепсия назар намоем, дарк намудан мумкин аст, ки он дар натиҷаи рақобати идеологияҳо, ба қисматҳо тақсим шудани ҷаҳон, рушди босуръати ИМА ва дастёбӣ ба як қатор технологияҳо ва истеҳсоли техникаҳои пуриқтидорӣ ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, кӯшиши ҳукмрони ҷаҳон гардонидани ИМА буд. Ҳамин тавр, як муддат воқеияти минбаъда дар сиёсати ҷаҳонӣ тибқи андешаҳои С.Хантингтон амалӣ гардиданд. Аммо дар аввали солҳои 2000-ум замоне, ки ҷаҳонро хатару таҳдидҳо ҳадаф қарор доданд, тазодҳо дар амалишавии консепсияи мазкур ба вуҷуд омад. Масалан, хатари терроризми байналмилалӣ, буҳронҳои экологӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва афзоиши бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон фаъолияти дастаҷамъии давлатҳоро тақозо намуд, ки консепсияи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ҷониби Ҳотамӣ манзур гардид, ки он инкори консепсияи “Бархӯрди тамаддунҳо” буд. Дар ҳақиқат, ҳолати кунунии ҷаҳон низ бори дигар собит месозад, ки бархӯрди тамаддунҳо аслан бар зарари на танҳо инсоният балки олами табиат низ ҳаст. Имрӯз зуҳури коронавирус дар ҷаҳон ва ҳамагир шудани он, кишварҳои ҷаҳон ва тамоми тамаддунҳоро ба он водор намудааст, ки дар мубориза зидди он дастаҷамъона фаъолият намоянд. Тавре дар амалияи сиёсати ҷаҳон мушоҳида мегардад, давлатҳо ва сокинони ҳавзаҳои тамаддунӣ баҳри дастгирии ҳамдигар дар шароити кунунӣ кӯмакҳо намуда истодаанд. Дар ин ҷо зикр намудани якчанд давлати ҳавзаи тамаддунҳо ба монандӣ Русия, Туркия, Қатар, Тоҷикистон, Чин, Ӯзбекистон, Америка ва ғайра кифоя аст, ки раванди бархурди тамаддунҳоро дар сарнавишти давлатҳо инкор намуда, ҷомеаи ҷаҳониро “Бани одам аъзои як дигаранд” талқин менамояд. Яъне инсоният дар ҳама давру замон ба кӯмаки якдигар эҳтиёҷ дорад ва ҳар хатаре, ки дар сайёраи замин ба вуҷуд меояд, таъсири манфии онро кулли башар эҳсос менамояд.
Ҳамин тавр, ба андешаи баъзе муҳаққиқони огоҳ заифии консепсияи С.Хантингтон дар он аст, ки он мантиқан якҷониба (бо дарназардошти манфиатҷӯӣ ва ҳолати қудрамандии як давлат) тарҳрезӣ гардида, бештар ба сенария ва ҳадафи гурӯҳи муайян, ки амалишавии онро мехоҳанд ба вуҷуд оварда шудааст.
Ҳангомаи COVID-19 дар фазои маҷозӣ
Чунонки имрӯз мушоҳида мегардад, фазои маҷозӣ майдони гуфтугузорҳо оид ба коронавирус ва хатару таҳдиди он аз ҷониби аксарияти истифодабарандагон, махсусан шахсони ғаразнок гардидааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз хатари воқеие, ки COVID-19 ба инсон дорад, хатари воҳимаҳо ва иттилоотҳои дурӯғу мақсаднок аз ҷониби шахсони соҳибғараз ва расонаҳо дар фазои маҷозӣ ба инсон бештар буда, оқибатҳои манфии он аст. Аз нигоҳи илми анатомия ва физиология барои инсон муҳимтарин қисме, ки онро метавонад аз ҳар хатари ба вуҷудомада бе пардохти зарар раҳо намояд, асаби инсон аст. Тавре олим Пастер қайд мекунад, “бештари одамон метавонанд аз бемориҳои вазнинтарин шифо ёбанд агар пеш аз ҳама ҳолати равонии худро ором нигоҳ доранд”. Аз ҳамин лиҳоз, дар ҳолати ором нигоҳ доштани асаби ҷомеа муҳимтарин амалиёт дар самти мубоиза бо ҳар гуна таҳдид аз ҷумла таҳдиди COVID-19 аст. Аз тарафи дигар, ин масъала ба амнияти иттилоотии давлат робитаи бевосита дорад. Амнияти иттилоотии давлат ҷузъи таркибии амнияти миллӣ аст, ки кафолати бехатарии тафаккури шаҳрвандонро таъмин менамояд. Агар аз чунин нуқтаи назар огоҳона ба ин ҳолат муносибат намоем, дарк намудан мумкин аст, пеш аз ҳама, ҳангомасозии баъзе расонаҳо ва паҳн намудани иттилооти дурӯғ ба ҷомеа таҳдиди зиёдтар дорад. Аз ин рӯ, давлати миллӣ ҳамон гунае, ки ҳуқуқи ҳимояи марзи ҳудуди худро аз таҳдиду хатарҳо дорад, инчунин, ҳуқуқ дорад, марзи маҷозии худро дар фазои маҷозӣ аз чунин хатарҳо ҳимоя намояд. Зеро дар шароити муосир бо рушди босуръати интернет ва технологияҳои коммуникатсионӣ марзи маҷозии давлат ба вуҷуд омадааст, ки ҳимояи он баробарарзиш ба марзи воқеӣ аст.
Ҳамин тавр, ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз таҳдиде фаро гирифтааст, ки танҳо дар асоси ҳамгироӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан бартараф намудани он имкон дорад. Вақти он фаро расидааст, ки давлатҳо манфиатҳои қудратҷӯии хешро канор гузошта, манфиатҳои умумиинсониро пайгирӣ намоянд.
Алиназар Ашуров, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон