Дар шароити муосир сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои асосии бақои давлату миллат маҳсуб мегардад. Ин амр бо дарназардошти зуҳур ва ташаккули хатарҳои муосир ва осебпазирии давлатҳои миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ба шумо сулҳ меорам” садо дода буд, ки он сароғози тавлиди идеологияи Сулҳу Ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории миллии мо-тоҷикон гардид.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштанд: “Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 яке аз муҳимтарин ҳодисаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози сифатан нави рушди миллат ва кишвар буд. Аввалин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ баргардонидани фирориён ба ватан буда, то соли 2000 ин раванди наҷиб хуб ҷамъбаст гардид.

Марҳалаҳои асосии гуфтушунидҳои тарафҳои бо ҳам муқобил:

Даври аввали гуфтушунидҳо байни тоҷикон доир ба оштии миллӣ таҳти сарпарастии СММ рӯзҳои 5-19 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав баргузор гардид.

Даври дуюми гуфтушунидҳо 18 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон доир гардид.

Даври сеюми гуфтушунидҳои ҷонибҳои ба ҳам муқобил аз 21 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломободи Покистон идома ёфт.

Даври чоруми гуфтушунидҳои байни тоҷикон аз 22-юми май то 2-юми июни соли 1995 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.

Даври панҷуми гуфтушунидҳои ҷонибҳои бо ҳам муқобил 30-юми ноябри соли 1995 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир гардид.

Даври шашуми гуфтушунидҳои ҷонибҳои бо ҳам мухолиф 5-19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Даври ҳафтуми гуфтушунидҳо аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Маскав доир шуд.

Даври ҳаштуми гуфтушунидҳои ҷонибҳои даргир 9 апрели соли 1997 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба анҷом расид.

Ҳамчунон, қайд кардан бамаврид аст, ки Ваҳдати миллӣ имрӯз чун идеологияи ҷомеаи навбунёд дар роҳи боло бурдани ҳувияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат карда истодааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар шаҳри Хоруғ бахшида ба солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳор дошта буданд: “Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши Ваҳдати миллӣ ба сифати унсурии меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. Дар ин замина мо бояд дар шуури наслҳои имрӯза оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлол ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар, беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки Консепсияи Ваҳдати миллӣ чун қисми таркибию тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад”.

Имрӯзҳо сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат, пеш аз ҳама, ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона гардидааст. Тавре аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷаи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид”.

Бояд тазаккур дод, ки бунёди Неругоҳи барқи обии “Помир-1”, сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати “Ҷануб-Шимол”, хатти интиқоли барқи 220-киловатаи “Лолазор-Хатлон”, оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун”ва ба истифода додани ду агрегати он боиси шукру сарфарозии хурду бузурги кишвар гардид.

Аз ҷумла, имсол таҷдиди неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак” ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва “Қайроққум” ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон нақши калидӣ дошта, ба василаи он мо рушду пешрафти кишварамонро барои оянда таъмин менамоем.

АЗИМОВ Бахтиёр Баҳромович,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед