Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои сарнавиштсозе рӯй медиҳанд, ки тақдири баъдии онро барои давраҳои оянда муайян мекунанд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва муҳимтарин воқеаҳои таърихи пурталотуми ин миллати куҳанбунёд мебошад, ки дар натиҷаи садсолаҳои мубориза дар роҳи озодӣ ва бақои миллӣ ба даст омадааст. Ин аст, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ҷашни миллии мо ба ҳисоб меравад.

Интихоби дурусти роҳи оянда, пеш гирифтани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ имкон фароҳам сохт, ки давлати ҷавон бо вуҷуди мероси вазнини замонаҳо ва манфиатхоҳиҳои якҷониба, ки дар ниҳоят ба ҷанги таҳмилии дохилӣ боис шуданд, дар кӯтоҳтарин замони таърихӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовори худро пайдо кунад. Неруи фарҳангӣ ва хиради азалии ин миллат имкон дод, ки миллат сари вақт ба ҳам ояд ва кишвари дар вартаи нестӣ қарордошта дар кӯтоҳтарин фурсати таърих ба шоҳроҳи рушд ворид шавад, ки ин худ як дастоварди беназири таърихист.

Даврони Истиқлоли давлатӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро мустақилона интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану меҳанпарварӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба худкифоии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт, ҳаёти озодонаи ҳар фардро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои ҳастии миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 31 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати ин неъмати беназир соҳиби рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ташкилу рушди минбаъдаи қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва ниҳодҳои идораи давлат, пешрафтҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ дастовардҳои бузургеро ноил гардид.

Ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ дар охири асри бисти милодӣ бузургтарин ва муҳимтарин дастоварде буд, ки ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшонид. Ин истиқлолу озодӣ ва ободӣ бе мубориза ва қурбонӣ ба даст наомад.

Ҳамин аст, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин арзиш ва асоситарин ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои давлати тозабунёди тоҷикон дарёфти роҳи дурусти рушди оянда, сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ роҳи ҳамвору осонпай набуд.

Ба сарвари ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки ҷон ба каф гирифта, бо душманони дохилию хориҷӣ муқобилат нишон дода, бо иродаи қавӣ, ҷавонмардию нотарсӣ хишт болои хишт ниҳода, чун меъмори ҳақиқии давлатсоз бинои Истиқлоли давлатии тоҷиконро мустаҳкаму устувор бисозад.

Дар зарфи сию як сол зербинои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии истиқлоли давлатӣ мустаҳкам бино ёфт. Низоми сохтмони ҳукумати конститутсионӣ ва ниҳодҳои идораи давлат ташкил карда шуданд. Дар Конститутсияи мамлакат, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид муҳимтарин рамзҳои истиқлол ва давлатдории миллӣ–Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд. Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, пули миллӣ ба муомилот баромад, ҷомеаи ҷаҳон шиносномаи миллии тоҷикиро пазируфт.

Дар урфият мегӯянд, ки бузургӣ ва шаҳомати кӯҳро дар наздаш истода тасаввур кардан ғайримкон аст. Аз назди кӯҳи баланд ҳар чӣ қадар дуртар равем, ҳамон андоза бузургӣ ва шаҳоматаш намоён мегардад. Инак, бо гузашти 31 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳаммияту бузургии ин рӯйдоди муҳим барои тақдири давлату миллатамон бештару амиқтар ва возеҳтар дарк мешавад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва пешбарандаи сиёсати мутавозини хориҷӣ эътироф гардидааст. Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро роҳи ояндаи худ эълон карда шуда буд. Дар робита ба ин, як масъалаи муҳим қобили таъкид аст: давлатсозиву давлатдорӣ ҳамчун раванди дуру дарози сиёсӣ талаб мекунад, ки бо дарназардошти рушди ҷомеа тадбирҳои пайдарпай амалӣ карда шаванд.

Бо дарки чунин зарурат тайи сию як соли Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтор ва фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия пайваста такмил дода шуд. Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи истиқлоли давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар, ҳамчунин, бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва пешгириву бартараф намудани онҳо сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат низ мукаммал гардид. Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳалаи аввали Истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро барои кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати “дарҳои боз” вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд.

Кишвари мо на танҳо мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кард ва нақш офарид.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2021) барҳақ фармуданд, ки мо чун давлати пешбарандаи сиёсати “дарҳои боз” бо тамоми кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ мекунем ва густариш медиҳем. Имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Тоҷикистон муаллифи чаҳор ташаббуси бузург, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005–2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018–2028 мебошем, ки аҳаммияти глобалӣ доранд. Кишвари мо дар даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра саҳми босазо мегузорад. Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Дар ин росто, Тоҷикистон ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамсояҳои наздик, яъне кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии худ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Мо дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дошта, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамоем. Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ кишвари мо ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ фаъолона ширкат дорад ва аз ҳамкориҳои бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст. Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт. Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

Бояд тазаккур дод, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз имрӯза бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯйи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.

Содиқона дӯст доштани Ватан, азиз шуморидани муқаддасоти миллӣ, ҳамеша омода будан ба хизмати халқ ва ҳифзи ин сарзамини меросии аҷдодӣ аз қабили вазифаҳое мебошанд, ки насли калонсолу собиқадор бояд ба насли наврасу ҷавонон талқин намояд ва мерос гузоранд. Боварии комил дорем, ки 31 соли Истиқлоли давлатӣ миллати моро бо таҷрибаю анъанаҳои давлатдорию озодихоҳии ниёгонамон пайваст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳое, ки ватанашонро самимонаю фарзандвор дӯст медоранд, баҳри умри бардавоми ин давлати соҳибистиқлол бояд ба мисли Пешвои бузургу муаззамашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошу заҳмат бикашанд ва хидмати арзандаву фидокорона намоянд:

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нур аст.

 Қадамаш хуррамию ободӣ,

Ватанаш нуру кишвараш нур аст.

 Ба шаби тира дастболо шуд,

Офтобе, ки лашкараш нур аст.

 Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,

Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.

 

МИРЗО АШӮРОВ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед