«Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад.»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон

Дар арсаи байналмилалӣ эълом гардидани ҷашни бостонии Наврӯз дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон, махсусан дар Осиёи Марказӣ баррасии ибрози ақида ва мунозираҳо аз диди фалсафӣ чун илм ва ҷаҳонбинӣ ва ҳамчунин, кӯшиши исботи он бо бурҳону далел аз ҷониби олимони илмҳои гуногун афзун гардид. Чунин «фарҳанг дорем» гуфтани олимону омиён дар тӯли асрҳо аз ҷониби мутафаккирон, пажӯҳишгарон, адибон ва фолклори даҳониву хаттии мардуми тоҷик далелу гувоҳи ишораҳои ҷиддӣ аст, ки аз пайдоиш ва шакли мушаххасу мураккаб гирифтани он дарак медиҳад. Дар айни замон ҳама кӯшишҳо барои дуруст иброз кардани асолати ин ҷашн равона шудаанд. Зиёда аз он дар ин форматсияи иқтисодӣ, ки хусусияти моддӣ дорад, зарурати таҳлил ва арз намудани моҳияти он дар масъалаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ масъулияти мардуми ҳикматпарасту заҳматқарини моро даҳчанд меафзояд. Ба ин маънӣ ҷашни ҷаҳонӣ чун ёдгории ғайримоддӣ пешниҳод ва эълон карда шудани Наврӯз як дарки олӣ буд.

Наврӯз волотар аз ҳама ҷашнҳо аст, чунки ҷашни кайҳонӣ аст, чун нуре аз роҳи «каҳкашон» аст, ҷашни эҳёи ҷаҳон мебошад. Наврӯз барои инсоният буда, ягон ҳизбу ҷамоа, дин ва ғайра ба пайдоиши он иртиботе надорад. Бори нахуст дар куҷо ҷашн гирифтани Наврӯз ва ба тамаддуни кадоме аз минтақаҳои олам мутааллиқ будани он масъалае аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шуда, ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтааст. Решаи асли пайдоиши калимаи Наврӯз тоҷикӣ аст ва дар кишварҳои форсизабон ва умуман, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ он бо асли худ, яъне Наврӯз, вале дар шаклҳои гуногуни талаффузҳои садонокӣ истифода мешавад.

Наврӯз ҷашни фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ аст ва дуруст аст, ки моҳияти иҷтимоӣ доштани Наврӯз ба кулли инсоният хос аст, аммо ҷашн гирифтани он ва вожаи Наврӯз хоси миллати тоҷик аст.

Ҳар кадом шуури ҷамъиятӣ, хоҳ динӣ бошаду хоҳ сиёсӣ дар давлатдорӣ ва ё вобаста ба ҷаҳонбинӣ, ё аз нигоҳи этникӣ ба шакли мукаммал Наврӯзро пазируфтаанд. Якчанд омил ва далелҳое барои исботи ин ақида вуҷуд доранд: Наврӯз на танҳо ҷашни Сари сол аст, балки дар раванди пайдоиши олам аз олами ғайризинда ба олами зинда сароғоз мебошад. Ин ҷаҳонбинии хушку холие нест ва дар ин боб назарияҳои мукаммале вуҷуд доранд.

Наврӯз ҷашнест, ки табиат ва инсонро бо ҳам пайванди бештаре дод. Он андешаҳои иҷтимоӣ, табиатдустӣ (ё экологӣ), ахлоқӣ, зебоипарастиро дар бар мегирад, ки дар тӯли асрҳо аз ҷониби мутафаккирон тарғиб мегардид ва барои кулли инсоният дар ҳама гуна давр ва вазъ муҳим барои зиндагиаш буд ва мемонад. Аз ин рӯ, новобаста аз тағйир ёфтани форматсия ва ё идеология моҳияти Наврӯз умумибашарӣ мемонад.

Осори илмию фалсафии ниёгонамон далолат аз он мекунад, ки мутафаккирон дар ҳамаи давраҳо таваҷҷуҳ ба Наврӯз ва фалсафаи он доштаанд. Ҳатто дар асрҳои миёна ҳам, ки назарияи теосентрискӣ (на табиат, балки Худо меҳвари тамоми олам аст,) ғолиб буд, дар ирфони назарӣ ақидаҳое иброз мешуданд, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекарданд. Фахриддини Ироқӣ, шахсияти соҳибмаърифату шинохтаи асри сездаҳ дар “Ламаъот”─ рисолаи абадзиндаву фалсафии худ   менависад:

Партави ҳусни ӯ чу пайдо шуд,

Олам андар нафас ҳувайдо шуд.

Вом кард аз ҷамоли худ назаре,

Ҳусни рӯяш бидиду шайдо шуд.

Наврӯз рамзи зебоию накӯӣ аст ва бар ин ақидаи Фахриддини Ироқӣ такя карда метавон иброз кард, ки чун Худованд хост зебоии худро бубинад, оламро офарид, накуии худро бубинад, инсонро офарид ва табиатро низ барои он офарид, ки инсон бо зеҳну ақлу шуури худ аз он истифода бинамояд.

Пайдоиши олами зинда дар як нафасе низ ҳикмати худро дорад. Ривояте ҳаст дар ин маврид, ки мегӯянд: Вақте ки Наврӯз фаро мерасад, дар ҳамон як лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз олам ончунон нозук ва ҳассос мешавад, ки агар сӯзанро болои санг бигзорӣ, сӯзан онро мешикофаду андарунаш фурӯ меравад.

Фахриддин Иброҳими Ҳамадонӣ дар “Ламаъот” меоварад:

Ё ҳаво ранги офтоб гирифт,

Рахт бардошт аз миёна зилом.

Рӯзу шаб бо ҳам оштӣ карданд,

Кори олам аз он гирифт низом.

Чун Наврӯз баробарии шабу рӯз аст, пас низом гирифтани олам дар фалсафаи ҳатто ин мутафаккири асрҳои миёна, ки аз Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар дур намерафт, низ далелест барои тақвияти гуфтаҳои боло.

Осоршиносон ба ҷашни Наврӯз таърихи чандҳазорсолаҳо додаанд, аммо он бо пайдоиши худ чун олам азалию абадист. Аз ин рӯ, дар ҳамбастагӣ бо он шуури инсонӣ дар ҳар форматсияи ҷамъиятӣ кӯшиши кашф намуданашро кард ва асрору қонунҳои табиатро одамӣ вобаста ба дараҷаи даркаш шарҳу эзоҳ дод. Арзишҳои идеологӣ, аз ҷумла Наврӯзро, ки ба нафъи ҷамъият мебошанд, худи ҷамъият, яъне халқ пос медорад ва ҳеҷ гуна шаклҳои шуури ҷамъиятӣ наметавонанд онҳоро аз байн бубаранд ва монеаи ҷашнгириашон бигарданд. Мукаммал будани ин идея аз он ҳувайдост, ки ҳарчанд ҳанӯз аз даврони қадим ҷашн гирифтани Наврӯзро таърих гувоҳӣ диҳад ҳам, аз диди фалсафӣ, ки ба илм ва андеша кардан такя мекунад, ин чизест пештар ва бештар аз он. Дуруст аст, ки идеяи ҷашн гирифтани Наврӯз ба шуури ҷамъиятӣ иртибот дорад, аммо мавҷудияти Наврӯз марбут аст ба Шуури Кулл.

Далели дигар он аст, ки амсоли Наврӯз ва ҳам ин ҷашни бостонӣ дар олами ҳастӣ ва таърихи инсоният дигар иде вуҷуд надорад то ин дараҷа барои одам зарурӣ, чунки замин одамиро мехӯронаду мепӯшонад ва зоҳири ин эҳёгарӣ зуҳури табиат аст ва ботинаш нумӯи он. Чун дар ин рӯз ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин боиси дилгармии инсон, махсусан деҳқон мегардад ва ӯ донаи умед бар киштааш мепошад.

Одамӣ аз азал вобаста ба шуури инфиродиаш ба табиат сару кор гирифта, талаботи иҷтимоии худро қонеъ мегардониданд. Агар мантиқан таваҷҷуҳ кунем, Наврӯз барои инсони ҳамондавраина рамзи аз табиат дарёфт кардани ризқу рӯзӣ, хурсандӣ, ҷашни олами ботинӣ буд, ки оҳиста─оҳиста, чун инсонҳо бо ҳам ҷамъ омаданд, дар муносибатҳои истеҳсолии ҳар форматсияи ҷамъиятӣ шуури ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Акнун таърих гувоҳ аст, ки инсон чи гуна онро дар марҳалаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ҷашн мегирифт, ҷашн мегирад ва таҳқиқи он ба дӯши фалсафаи иҷтимоӣ ва илмҳои кумакрасонаш вогузор мегардад.

Мусаллам аст, ки дастури омода намудани суманакро, ки рамзи асосии Наврӯз аст,  аввалин инсонҳое, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна маскун шуданд, дар зимистони қаҳратун эҷод карда буданд. Мувофиқ ба ривоятҳо, дар ҳоле ки захираҳои ғизоии мардум тамом шуда буданд ва ҳанӯз сабзаи гандум навруста шуда буд, мардум аз вазъи бади иҷтимоӣ ба пухтани суманак пардохтанд. Ингуна хӯрок онҳоро аз марг наҷот дод, яъне то баҳор расонид.

Ҳар Наврӯз табиат дар шаш шакл – дар осмон, дар об, дар замин, дар набототу ҳайвонот ва ҳатто инсоният аз нав зинда мегардад.

Ба масъалаи мавҷудияти тафаккури омиёнае, ки аҳёнан дар ҷаҳонбинии нокомил, гӯиё хосатан ҷашнгирии Наврӯз ба “оташпарастон”, ки дар дини Зардуштия роиҷ буд ва агар шахси мусулмон Наврӯзро ҷашн бигирад, оташпараст мешавад, розӣ шуда наметавонем. Чунки маълум аст, ки дар динҳои гуногуни ҷаҳонӣ мавқеи ҷойгирии унсурҳои асосии ҳастӣ – об, оташ, хок, ҳаво дида мешавад. Таваҷҷуҳ ба ин унсурҳо дар ҳама динҳо ҷой дорад, аммо ба таври хосатан яке аз онҳо дар таърих дар дини алоҳидае мавриди истифодаи бештаре мегардад, ки усулан барои поксозӣ бо анъанаҳои гуногун шакл гирифтааст. Масалан, оташ дар дини Зардуштия, об дар дини Ислому Насронӣ. Аммо: “Дар ин миён об аз умдатарин аносири табиат ба шумор меояд, ба тавре ки дар миёни адёни илоҳӣ ҳеҷ кадом ба андозаи дини муъбини ислом ба вижа Куръони карим ба мавзӯи об напардохтаанд.” (Аҳамияти об аз дидгоҳи ислом. [манбаи электронӣ] URL: https://kurdistan.iqna.ir/fa/news/ (санаи муроҷиат: 05.02.2021.) )

Дуруст аст, ки унсурони табиӣ аз азал мавриди таваҷҷуҳи инсоният қарор дошта, аз қадим то он ҷое мавқеъ пайдо намуда буд, ки вобаста ба ҷаҳонбинии ҳамондавраинаашон барои ҳар як унсури табиӣ худои махсус таъин мекарданд. Аз даврони қадим худои об ва оташ  вуҷуд дошт. Бо вуҷуди баъдтар яккахудоиро парастиш намудан инсоният аз ин чаҳор унсури табиӣ дар зиндагии ҳаррӯза истифода менамуданд. Яъне дар даврони ислом низ об василае барои поксозӣ (вузӯъ) дар ҳолати таҳорат ва ҳатто дар ҳоли шустушӯ пеш аз гӯрондан истифода мешавад. Дар дини Насронӣ низ то ҳол аслан аз обпошӣ чун усули поксозӣ истифода менамоянд. Об унсури пок аст ва ҳам поккунанда аст. Дар дини Зардуштия низ оташ унсури поккунанада ба ҳисоб мерафт, аммо сабаб чӣ бошад, ки  ақидаи “наврӯз–зардуштиён–“оташпарастон” баъдтар дар тафаккури инсоният то андозае реша давонид….?! Шояд аз он лиҳоз ба унсурҳои табии обу оташ назари содалавҳона мекунанд, ки таваҷҷуҳи омиёнаи тарси таҳти таъсири эътиқоду парастиши худои обу оташ афтодан дар байни мардум ҳанӯз боқӣ монад….

Яъне худи Наврӯз ба оину дине вобастагӣ надорад ва танҳо ҷашнест, ки вобаста ба талаботҳои иҷтимоӣ, яъне аз хӯрдан ва ғизо асос мегирад. Оне, ки имрӯз дар фаҳмишҳои гуногуни ифротӣ ҷашнгирандагони Наврӯзро дар умум “оташпараст” меноманд, ҳеҷ алоқамандие ба эътиқоду имондорӣ дар мусулмонӣ надорад.

Дар мавриди эволютсияи табиӣ маҳз ба набототу ҳайвонот дар психологияи ҷамъиятӣ ва ҳатто шуури таърихӣ фаҳмишҳои гуногун боқӣ мондаанд. Хонатозакунӣ, хариди Наврӯзӣ, сайри Наврӯзӣ, талоши дарёфти солмҳои  (салам -калимаи арабӣ) мусобиқаҳои варзишии Наврӯзӣ, қалбҳоро пок гардонидан, чоршанбеи сурӣ, гулгардонӣ рафтан ба хонаи ҳамдигар, реҷаи ғизоӣ, ҳафтсин ва ҳафтшин аз истилоҳот ва ибороте ҳастанд, ки ба шаклгирии ҷашни Наврӯз тақвият бахшиданд ва ҳамчунин, аз ривоятҳо низ бар он зам гардиданд. Байтҳои зиёде дар фолклор вуҷуд доранд, ки нозукона аз пайки Наврӯзӣ дарак медоданд. Масалан, дар айёми Наврӯзӣ кӯдакон бо суруду шодӣ ба даст гули сиёҳгӯш аз омад-омади баҳор бар ҳар хонадон чунин пайғом медоданд:

Гул овардам ба меҳмонӣ,

Ту қадри гул намедонӣ….

Чуноне ки қайд кардем, дар психологияи ҷамъиятӣ ва оинҳои мардумӣ ривоёт ва эътиқодҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Дар рӯзи чоршанбе ҷашн гирифтани Наврӯз ҳикмати худро дорад, чунки дар тӯли таърихи инсоният дар психологияи ҷамъиятӣ яке аз оинҳои неки Наврӯзӣ ─ поксозӣ, яъне аз гуноҳон худро пок сохтан ва аз гуноҳҳои дигарӣ гузаштан, ҳафтае пеш аз ҷашни Наврӯз шурӯъ мешуд ва ҳатман дар рӯзи чоршанбе амалӣ мегардид. Дар ин ҳафта гулханҳо ороста, аз болои оташ ҳафт маротиба мегузаштанд ва дар шаби охир ба сари якдигар об пошида, ҳатман аз болои оби ҷоришаванда ҳам мегузаштанд. Ин рӯзро “чоршанбеи хушбахтӣ” меномиданд.

Ва ё, пеш аз ислом ҳафтае то омади Наврӯз ба гузаштагон бахшида мешуд ва аз рӯҳи онҳо наҷот аз ҳама бадиҳо хоста мешуд.

Аммо бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали чун мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ эътироф гардидани Наврӯз, олимон, аз ҷумла тоҷикон Наврӯзро акнун на танҳо чун ҷаҳонбинӣ ва ё урфу одат медонистанд, балки барои таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни илмии он пардохтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳқиқу таҳлил аз Наврӯз ва барои ташаккули он дар ҳуввияти миллати тоҷик ҷанбаҳои таърихиву бостонӣ, асосҳои нуҷумии он, мавқеи Наврӯз дар динҳои гуногуни ҷаҳонӣ, ҳикмати ахлоқии Наврӯз, арзишҳои суннати Наврӯз, наврӯзгузаронӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ҷойгоҳи Наврӯз дар тӯли таърих дар осори меросии мутафаккирону олимони тоҷик оид ба Наврӯз афзоиш ёфта истодааст.

Аз диди идеологияи ҷамъиятӣ имрӯз ҷашн гирифтан, зиёда аз он дарк кардани моҳияти Наврӯз ва дарёфти пайдоишу асли он амри зарурӣ аст. Дигар, ин идея, хушбахтона, дар давлатдории имрӯзаи тоҷикон низ идеяи ташаккулёфтаест, ки тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ қабулаш кардаанд.

Ақл ва дарке, ки бо ҷонибдории кишварҳои азалиҳикмат дар боби аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси Ҷашни ҷаҳонӣ қабул шудани Наврӯз саҳми худро дареғ надошт ва он ба феҳристи ёдгории ғайримодии ҷаҳонӣ ворид карда шуд, боз як маротиба аз кишвари азалбунёд, хиради комили мардуми асолатпарвари тоҷик гувоҳ аст. Дигар ин ки набояд фаромӯш кард, ки имрӯз беш аз дигар форматсияҳои ҷамъиятӣ инсоният ба табиати зинда муҳтоҷ аст ва хосса, ба ин ҷашн, ки ҷашни зебоию  фаросат, бедорию заҳмат, ҷашни паёму ваҳдату муҳаббат, покию садоқат ва дарки ҳакимона мебошад.

Назриева О.Ш., номзади илмҳои фалсафа, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед