Муддати сӣ сол аст, ки сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо аз баракати соҳибистиклолӣ дар фазои орому осудаи сиёсӣ Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро бо шукӯҳи бузург ҷашн мегиранд. Бо шарофати Истиқлолият, Наврӯзи аҷам домани густурда пайдо карду ба тамоми олам роҳ гирифт ва ба як чорабинии бузурги байналмиллалӣ табдил ёфт. Қарори Шӯрои 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони миллали муттаҳид аз 26-феврали соли 2010 дар бораи дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Наврӯз бояд мояи ифтихори ҳар яки мо бошад. Ангушт шуморанд чорабиниҳое, ки ба як ё чанд халқу миллат мансубанду баъдан ба доираи васеъ роҳ ёфта, ба ифодаи дигар байналмиллалӣ мегарданд. Чанд солаҳо аст, ки аксари кишварҳои олам пайи татбиқи қарори Ассамблеяи генерали Созмони миллали муттаҳид ба ҳусни таваҷҷуҳи зиёде Наврӯзро таҷлил менамоянд.
Инак, ба сарзамини кишварамон боз Баҳор омад. Баҳоре, ки бартарафкунандаи сардиҳою эҳёгари табиат аст, омаданашро тамоми мавҷудоти олам чашм интизори мекунад. Нахли умеду орзуҳо бо шарофати рангу ҷилои тоза ва нафаси гарму ҷонбахши Баҳор дар қалби ҳар яки мо бедор мегардад. Наврӯзи дилафрӯз ҳосили Баҳор асту аз бедории табиат, аз оғози фасли гулбасар ва оғози кишту кор мужда медиҳад. Наврӯзе, ки ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат, чун оғози тоза ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ, ҳамчун мероси гаронбаҳои аҷдодии мардуми Шарқ алалхусус тоҷикони ҷаҳон ҳазорсолаҳост, ки арзи ҳастӣ дораду акнун дар саросари олам татана мекунад.
Шукронаи беинтиҳо, ки Истиқлолияти давлатии кишвар Наврӯзро ҳамчун мероси милливу аҷдодӣ шукӯҳу нусрат бахшид. Бо моҳияти бузурги тарбиявиаш Наврӯз ҳазорсолаҳо фаромуш нагардид, балки дар карни 21-ум мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки дар қабули қарор доир ба ҷашни байналмиллалӣ эълон гардидани Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда дорад.
Тоҷикон бо мероси пурарзиш ва гаронбаҳои худ – ҷашни Наврӯзи – дилафрӯз, ки саросар аз ойинҳои неки зиндагиомӯз иборат аст, дар миёни халқҳои олам эътибору шуҳрати зиёдеро сазовор гардиданд. Барои оламиён барои дигар собит гардид, ки мероси пурғановату фарҳангии миллати точик, ки ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи онҳост, дар тарбияи ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, дар таҳкими ваҳдати халқияту миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун дар оянда хизматҳои арзишманд хоҳад намуд. Аҳмият ва мақому мартабаи баланд доштани Наврӯзро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рушду нумӯи он хизмати арзишманд намудааст, тавсиф намуда, кайд кардаанд: “Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кӯшоиши кор ато менамояд”.
Ҳамеша ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан омода будан аз фалсафа ва ҳикмати бузурги Наврӯз маҳсуб ёфта, ҳамчунин, ин ҷашни бузург анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқро дар худ таҷассум намудааст. Дар оғози сол дар аёми фарорасии Баҳор ва рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ки рамзи покизагии ҳаёт аст, дар дил парваридани орзуву ниятҳои нек ҳамеша касро ба муроду мақсадҳои наҷиб мерасонад, гуфта таъкид медоштанд гузаштагонамон. Ёдовар шудан ин нуқта аз он хотир зарур аст, ки имруз дар саросари кишварамон фазои ором ва амнияти воқеӣ ҳукмрон аст. Барои фаъолияти бисёртаҷриба ва рушду равнақи кишварамон ин гуна шароит мусоидати комил менамояд.
Ҳамеша баҳри ҳифзи оромӣ ва афзун гардонидани дигар дастовардҳои халқу кишварамон, ки боиси рузғори пурсаодатамон гардидаанд, бояд ҷидду ҷаҳди қавӣ намоем. Дар паҳлӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи татбиқи сиёсати хирадмандонаи ин марди воқеан халқпарвар, созандаву бунёдкор кӯшиш ба харҷ диҳем. Бояд ба воқеаҳои сиёсии ҷаҳон баҳои ҳаққонӣ дода, душворӣ ва мушкилоти ду даҳсола пештари ҳаёти халқу кишварамонро пеши назар оварда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дубора такрор нашудани ҳодисаву воқеаҳои барои халқу миллат нангин роҳ надиҳем.
Яке аз талаботи оинҳои Наврӯзи ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагист. Аз ҳамин хотир аст, ки мардум қабл аз Наврӯз хонаву дар кӯчаву деҳу диёри худро тозаву озода менамуданд. Ин анъанаро пас аз Наврӯз ҳам идома медоданду бо ин васила ба ободкориҳои зиёд комёб мешудаанд. Аз тарафи Роҳбарияти кишварамон дар арафаи ин ҷашни бузургу фархунда эълон гардидани ҳашарҳои ободонӣ аз он ҷумла татбирҳои муассир ҷиҳати ба корҳои ободонӣ сафарбар намудани кулли шаҳрвандон ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд , ки барои ба яке аз кишварҳои беҳтарину дидании ҷаҳон табдил ёфтани кишвари азизамон, ки орзуи ҳар яке аз сокинони мамлакатамон аст- Заҳмати зиёд кашиданамон зарур аст. Барои ба ҳамин мақсад ноил гардидан, пеш аз ҳама, ҳар яки мо бояд дар ободӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва кору таҳсили худ, кӯшиш намоем. Ин вазифаи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи мо ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 боз ҳам обод гардидани саросари кишварамон ва таъмини зиндагии арзандаи халқамон ба шумор меравад. Албатта, барои ба ин ҳадафҳо расидан имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки аз он оқилонаву самаранок истифода бурдан зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки дар нақшаи бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки ҳамаи мо хуб мушоҳида намудем.
Мо тамоми сокинони кишвар, бо ҷонибдорӣ аз ин зуҳуроти ғамхорӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба хотири рушди минбаъдаи давлату – миллатамон дар амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи Сардори давлатамон бо ҳисси баланди масъулият ҳиссагузорӣ намоем.
МИРЗО АШӮРОВ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.