Бо иқдомҳои наҷиб ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО доир ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардида, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷашни ҷаҳонӣ шуд.
Мардуми тамаддунофари тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои онро то имрӯз расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану ҳифз намудани табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Тазаккур бояд дод, ки расму ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳангии онҳо табдил ёфтаанд. Хосатан имрӯз ҷашни Наврӯз дар бештари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта шуда, арзишҳои он таҷассумгари фарорасии баҳор, поквиҷдонӣ, майлу рағбат ба пешрафт ва ваҳдати кишварҳо пазируфта мешавад.
Яке аз суннатҳои наврӯзӣ аёдати пирону барҷомондагон, дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон, роҳ надодан ба хурофоту бегонапарастӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Дар воқеъ, ҷашни Наврӯз пайвасти ногусастании меҳнату заҳмати бунёдкоронаи одамонро бо давраҳои тағйири фаслҳои сол инъикос намуда, муносибати оқилонаро нисбат ба зуҳуроти олами фарогири инсон таҷассум менамояд, ки нахуст кишоварзону деҳқонон бо умедворию орзуҳои фаровонӣ ба замин кишти маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ мемонанд.
Дар радифи гуфтаҳои боло мебояд қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз рамзи кишту кор буда, соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна қариб чоряки ММД-ро таъмин менамояд. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар дониста шуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, ҳифзи захираҳои табиӣ барои такрористеҳсолкунӣ замина мусоид мегузорад.
Зеро, масоили амнияти озуқаворӣ яке аз се самти асосии сиёсати кишварамон ба ҳисоб меравад, ки пиёда намудани он дар ояндаи наздик муҳимтарин ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва ин масъала дар Паёми Пешвои миллат хеле хуб арзёбӣ гардида, худ тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар баробари мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар ин самт нишондиҳандаҳои содиротии кишвар назаррас мебошанд.
Аз ҷумла тайи панҷ соли охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб бештар гардида, ҳиссаи он низ дар ММД зиёд гардидааст, ки дар диаграммаи 1 оварда шудааст.
Тоҷикистон – 2024 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-декабри соли 2024
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диаграммаи №1 метавон гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд гардида, дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои миллии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат таъсиргузор мебошад. Масалан, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 50225,7 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2024 ба 73976,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки қиёс нисбат ба соли 2020 ба андозаи 23750,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 35597,5 млн. сомониро ташкил медод, ин рақам дар соли 2024 ба 50984,8 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 ба андозаи 15387,3 млн. сомонӣ бештар мебошад. Ҳамзамон, дар соҳаи чорвопарварӣ бошад дар соли 2020 ба андозаи 14628,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, соли 2024 ин шумора ба 22991,8 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 ба андозаи 8363,6 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумотҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 14-уми марти соли 2025 дар категорияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 59371 гектар кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давораи соли 2024 ба андозаи 14593 гектар ё 32,5 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра ғалладонагиҳо 20622 гектар, гандум 13522 гектар ва ҷав 6793 гектар мебошад, картошка 7701,3 гектар, сабзавот 18547 гектар аз он пиёз 12553 гектар, сабзӣ 2351 гектар, карам 1083 гектар ва дигар сабзавотҳо дар майдони 2159 гектар ва зироати хӯроки чорво 4787 гектар кишт карда шуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки бо шарофати ҷашни Наврӯз мардум бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ҳаҷми содироти маҳсулот зиёд гардида, бо якқатор кишварҳои ҷаҳон табодули молу маҳсулот ба роҳ монда мешавад, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишварҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, Наврӯз пас аз мақоми байналмилалӣ касб намуданаш, яъне аз соли 2010 инҷониб рушди тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ ба назар мерасад. ки дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст.
Тоҷикистон – 2024 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-декабри соли 2024
Аз нишондиҳандаҳои мазкур метавон хулоса намуд, ки воқеан ҳам Навруз бо пайку нусрати худ кишварҳоро ба ҳам оварда, дар густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъсиргузор мебошад. Масалан, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистону Русия дар соли 2024 нисбат ба соли 2010 ба андозаи 1023,5 млн. доллари ИМА ё 2,6 баробар, Чин 1270,6 млн. доллар ё 2,8 баробар, Ҷумҳурии Қазоқистон 980,6 млн. доллар ё 4,1 баробар ва дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст. Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои баронамоҳои давлатӣ ва бо истифода аз имконияту зарфиятҳои молиявию иқтисодӣ нишондиҳандаҳо мунтазам афзоиш дода мешаванд.
Дар ин радиф дар диаграммаи 2 ҳиссаи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба таври возеҳ нишон дода шудааст.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диаграммаи №2 мушоҳида карда мешавад, ки дар гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи бештарро танҳо якчанд кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия бо 22,1 дарсад, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 21,8 дарсад ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо 14,4 дарсад, дошта, тавсеаи мубодилаи тиҷоратӣ заминаи рушди иқтисоди кишварҳо фароҳам оварда, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, даромади буҷа ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардумро таъмин менамояд.
Бояд зикр дошт, ки анъанаҳои наврӯзро мо имрӯз зери шиори “иқтисодиёти сабз” ва “шаҳри сабз” баръало мушоҳида мекунем. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир қадамҳои устувор гузошта, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва тибқи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 2 миллиард бех ниҳоли дарахти гуногун шинонида мешавад. Ҳамзамон, Тоҷикистон бо бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ, рушди нақлиёти барқӣ, шинондани дарахтон ва гулу буттаҳо ва сабзу хуррамгардонии кишвар дар рушди иқтисоди сабз ва дар ин замина коҳиш додани хатарҳои иқлимӣ нақши созгор мегузорад.
Ҳамин тавр, Наврӯз сар то сар шукуфоӣ буда, таҷассумгари ояндаи нек аст. Ҷашнгирии тамоми ҷашнҳо аз Наврӯз сарчашма гирифта, бо муттаҳидӣ завқи мардумро баланд бардошта, онҳоро ба зебоипарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарғиб менамояд. Зеро ҷашни Наврӯз мардумро бо табиат тавъам оварда, бори дигар собит месозад, ки табиат аз инсон ҷудо нест.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон