Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон!

Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ, ки таҷлили он аз нахустин рӯзи моҳи солшумории шамсӣ – Фарвардинмоҳ (Ҳамал), ҳамчун Соли Нав ва иди баҳору киштукор қайд карда мешавад. Дар бораи тарихи пайдоиш, таҷлил ва русумоти наврӯзӣ сарчашмаҳои тарихӣ, фолклорӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз қабили рисолаи паҳлавии “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” таълифи Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, “Китоб-ул-маросимӣ вал-одот”, “Зайн-ул-ахбор”-и Маҳмуди Гардезӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Таърихи Бухоро”-и Муҳаммади Наршахӣ, “Китоб-ут-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳон Берунӣ, рисолаи “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари Хайём ва монанди инҳо маълумоти амиқу фаровон дода, ба таври эътимодбахш шаҳодат медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз ва анъаноти он тарихи хеле қадим доранд.

Нахустин маълумоти дақиқро доир ба Наврӯз китоби “Бундаҳишн” бо обу ранги маросимоти динӣ меоварад. Бино ба маълумоти Кисравӣ; “Нахуст касе, ки Наврӯзро оин гузошт, подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатдориро барқарор ва зару сим ва дигар маъданҳоро ба даст овард, аз оҳан силоҳ сохт, аспону дигар маркабон ром кард, садафу мушку анбар ва дигар накҳатҳо пайдо кард, қасру кушкҳо рост кард, корез ва ободонӣ кард – Ҷамшеди Каёнӣ писари Вивангаҳон (нигаҳдорандаи Олам буд ва Наврӯзро асос гузошт бад-он сабаб, ки ӯ дар ин рӯз Оламро ба даст овард ва Эронстахрро, яъне Замини Бобилро барқарор кард. Наврӯз оғози бунёди мамлакати ӯ буд ва дертар шакли мувофиқ гирифта, расму одат шудааст”. Абурайҳон Берунӣ низ ҷашнгирии Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Ҳаким Умари Хайём ишораи болоро дар “Наврӯзнома” тасдиқ мекунад: “Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки

ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонрӯз ба ҳамин дақиқаи Ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан … ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд…” Дар бораи муддати ҷашнгирии Наврӯз ва анъанаҳои наврӯзӣ маълумот гуногун аст. Бино ба маълумоти Абурайҳон Берунӣ “… чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд ва ин идҳоро шаш бахш намуданд: панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, панҷи дуюмро ба ашроф ва панҷи сеюмро ба ходимону коркунони подшоҳон ва чорумро барои надимону

дарбориён ва панҷи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷи шашумро барои барзгарон”. Нақл аст, ки пуршукӯҳтарин ва ҷолибтарин Наврӯзи барзгарон ороставу пироста мегардид. Ва боз гӯянд, ки дар аҳди Сосон тавассути Роҳи Абрешим ин ҷашн ба атрофу акноф низ мақбул ва интишор шуд. Сосониён ба анъанаҳои наврӯзӣ зебуфаре зам намуда, онро бошукӯҳтар таҷлил мекарданд. Ва боз аз маълумоти Берунӣ бармеояд, ки дар аҳди Сомониён Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Ақидаи он ки Ислом монеи куллии ҷашнгирии Наврӯз гардид, ба ҳақиқати таърихӣ рост намеояд. Масалан, дар китоби “Тамаддуни исломӣ” омадааст, ки “…бани Умия (661-750) ҳадяе дар иди Наврӯз бар мардуми Эрон таҳмил мекарданд, ки дар замони Муовия миқдори он ба 5 то 10 миллион дирҳам болиғ мешуд”. Ва боз нақл аст, ки “Дар натиҷаи зуҳури Абумуслими Хуросонӣ (747- 755) ва рӯйи кор омадани хулафои Аббосӣ (750-1250) ва ташкили силсилаҳои Тоҳириён (821-873), Саффориён (872-903) ва Сомониён (875-999) ҷашнҳои эрониён аз нав равнақ ёфтанд, гӯяндагон дар бораи онҳо қасоид пардохтанд ва нависандагон онҳоро мудавван (сабт) сохтанд монанди Ҳамза бинни Ҳасан китоби “Ашъор-ус- соиратун фӣ ан-Нируз вал-Миҳрҷон”-ро… Аз манбаъҳои дардастбуда маълум аст, ки исломи маъмулӣ дар ҳеҷ давру замон монеи таҷлили Наврӯз нагашта ва агар чанде маҳалли боздошт қарор гирифтааст, кори муште хурофотпарастон аст.

Оинҳои Наврӯзӣ. Яке аз русуми наврӯзие, ки то ҳол идома дорад, сабзонидани ғалладона мебошад. Мардум яке аз навъҳои ғалладонаро гирифта, як моҳ пеш дар ҷои махсусе (гоҳо ташт ё зарфи ҳамвор) кошта месабзонанд ва аз рӯйи сабзиши ғалладона оид ба корҳои деҳқонии худ пешбинӣ мекарданд. Ин анъана аз даврони Сосониён ба мо ба мерос мондааст. Яъне дар аҳди Сосониён бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар саҳни қаср дувоздаҳ сутун аз хишти хом рост мекарданд ва бар саҳни ҳар яке навъе аз ғалладона, аз қабили гандуму ҷав, биринҷу мош, кунҷиду наск, нахуду боқило ва ғ. мекиштанд ва аз рӯйи муоянаи сабзиш кадоме борвартар бувад, онро бештар кишт мекарданд ва таваҷҷуҳи шоҳони Сосонӣ ба сабзаи ҷав бештар будааст. Бори ом додан низ аз ин рӯзгор ба ёдгор мондааст, ки дар замони ҳозир ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ ба анъана даромадааст. Анъанаи Бобо Наврӯзу (дар ғарби Эронзамин) Бобо Деҳқон (дар шарқ), ҳамчунин Фирӯз аз замони давлатдории Фотимиёни Миср (909-1171) ба мерос мондааст. Дар он аҳд Амир-ан-Наврӯз дар маркаб савор шуда аз сарватмандон “хироҷ меситонид” ва ба дарвешон эҳдо мекард…

Расми пеш аз Наврӯз тозаву ороста кардани маҳаллу манзилҳо ба анъанаҳои зардуштӣ рафта мерасад. Бино ба маълумоти Ас- Саолабӣ: “Зардушт гуфт, ки равони мурдагон дар айёми фарвардигон ба хонаҳои эшон бозмегарданд ва амр кард, ки дар он айём хонаҳоро пок кунанд ва фаршҳоро пок густаранд ва он ҷо хӯрокиҳои хушмазаву иштиҳовар биниҳанд ва бихӯранд, то равони мурдагон ба бӯву неруи он қувват бигирад”. Дар рӯзгори мо низ ин анъана идома дорад. Мардумон гурӯҳ-гурӯҳ дар арафаи Наврӯз ва идайни исломӣ ба хонаҳои азодорон мераванду бо ояҳои қуръонӣ равони даргузаштагонро шод мегардонанд. Ва боз нақл аст, ки суғдиён дар даҳ рӯзи охири сол барои равони гузаштагон азо медоштанд, баҳри онҳо хонҳои пур аз ғизоҳои пурлаззат меоростанд, гиряҳо мекарданду рӯйҳо мехарошиданд, то бо дили қарор Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ истиқбол кунанд.

Дар як қисм маҳалҳои кӯҳистони тоҷик бегоҳиҳои рӯзи чоршанбеи охири сол дар кӯчаву майдонҳо гулхан афрӯхта, гирди он чархида аз болои он меҷаҳанду мегӯянд (одатан се бор): “Дарди ман ба ту, сурхии ту ба ман!” дар баъзе мавридҳо: “Зардии ман ба ту, сурхии ту ба ман!”. Ин анъана аз суғдиён ба мерос мондааст. Бинобар маълумоти Ас-Саолабӣ, дар рӯзгори Оли Сосон ва аз он ҳам пештар ин рӯзро дар охирин чоршанбеи соли шамсӣ бо номи “Чоршанбеи сурӣ” расм мегирифтанд. Дар ин рӯз буттаҳои хорҳоро гирд оварда оташ мезаданду аз болояш парида мегуфтанд: “Сурхии ту аз ман! Зардии ман аз ту!” ва мардумон ин амалро расми арафаи Наврӯз гирифтанд. Одатан, аксари бемориҳо дар фасли замистон пеш меояд ва аз ин рӯ рӯзи чаҳоршанбеи охари моҳи Исфанд ин маросим ба ҷой оварда мешуд, то ки ҳама дарду ранҷу озурданиҳо бо соли кӯҳан биравад. Ва боз қаҳриҳое, ки ғурури мардиашон роҳ намедод бо ҳамдигар оштӣ шаванд, пинҳонӣ рӯз мешумориданд, то ҳарчи тезтар Наврӯз фаро расаду бо ҳам оштӣ бишаванд.

Аҷдоди гузаштаи мо Наврӯзро хеле хушнудона истиқбол мекарданд. Рӯзҳои наврӯзӣ ҳамаи мардону занон ва кӯдакону ҷавонон либосҳои идона ба бар карда, ба саҳро мебаромаданд, сайругашт мекарданд ва сурудҳо мехонданд. Занҳо як ҷо гирд омада, ба рӯйи ҳамдигар гул мепошиданд ва ҳамдигарро ба ин иди фархунда табрик мегуфтанд. Ҷавонписарону духтарон хурсандиҳо намуда, ба ҳамдигар обпошӣ мекарданд. Баъд аз сайругашт мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар ягон ҷойи мувофиқи саҳро, ки онро Наврӯзгоҳ мегуфтанд, ё дар меҳмонхонае гирд меомаданд ва хони Наврӯзӣ меоростанд ва он хонро “ҳафт шин” мегуфтанд, ки ҳар як нозу неъмати дар рӯйи хон буда бо ҳарфи “шин сар мешуд: шир, ширинӣ, шакар, шароб, шоҳ (номи як навъ рустании кӯҳӣ), шамъ ва шарбат. Ҳар як нозу неъмати хони Наврӯзӣ рамзи орзуву омоли халқ дар Соли Нав мебошад. Дар аҳди Сосон ва замони суғдиён низ Наврӯз ба таври дастҷамъӣ таҷлил мешуд. Дар ин рӯз ҳатто шоҳ дар атрофи хони барзгар нишаста, бо раияташ якҷоя хушиву хуррамӣ мекард. Самоъгарону овозхонон барои мардум хизмат мекарданд. Борбади бузург барои ҳар рӯзи сол иборат аз сесаду шаст оҳанг офарида буд, хуштар аз ҳамдигар, хоса аз барои рӯзҳои моҳи Фарвардин, яъне Ҳамал, ки дилработарин оҳангҳо буд. Бояд таъкид кард, ки гузаштагони мо мардумони маърифатнок ва пешқадами замони худ буданд. Ба ин нозу неъмати хони Наврӯзии онон шаҳодат медиҳад. Ширу шакар ва шириниву шарбати онҳо рамзи хушии ҳаёт мебошад. Баъд аз футуҳоти ислом аксар расму русуми ниёгонамон аз байн нарафта, балки либоси исломӣ ба бар кард. Бисёр анъанаҳои пешқадами мо маҳдуд, бархе ба ислом мусоид ва қисме аз байн рафт ё мубаддал ба дигар анъана шуд. Наврӯзи дилафрӯз побарҷой бимонд ва танҳо дар расму оинҳои наврӯзӣ тағйирот рух дод. Аз ҷумла хони Наврӯзӣ на бо “ҳафт шин”, балки бо “ҳафт син” ороста мешуд: сабза(-и наврустаи ҷав ё гандум), сирпиёз, сирко, санҷид, себ, суманак ва самак (моҳӣ). Дар аҳди ислом баъзан хони Наврӯзиро ҳам бо “ҳафт син” ва ҳам бо “ҳафт шин” меоростанд.

Дар ҳар маҳалле Наврӯзро вобаста ба шароит ва анъанаҳои хоси хеш ҷашн мегирифтанд.

Дар Суғду Самарқанду Бухорою Хатлону Ҳисор пеш аз рӯзи Наврӯз духтаронро “бахткушоён” мекарданд. Ҳоло номи ин маросим тағйир карда. Дар Бухоро “мӯлҷардароён”, дар Самарқанд “мунисакпӯшон” ва дар Қаратоғи Ҳисор “калтачапӯшонӣ” меноманд. Ҳамаи ин номҳо як рамз дорад, яъне хушбахтии фарзанд, ба ӯ бахти сафеду толеи баланду неку орзу намудан. Духтар, ки болиғ шуд, ӯро ба гармоба мебурданд. Сипас ба вай либоси наву тоза ороставу зару зевар пироста мекарданд. Баъд дар мобайни хонаи калоне духтарро шинонда, дугонаҳояш мӯйҳояшро майдабофӣ мекунанд. Ин ҷараён бо мусиқӣ (аксар бо доира) ва суруду таронахонӣ анҷом мепазирад. Баъд ходима духтарро пироҳани “Бахт”, ки рангаш сапед аст, мепӯшонад. Дар ин асно волидайн ба сари духтар тангаву қандалот ва хушкмева мепошанд ва ҳар яке бо талош онҳоро чида, волидайнро табрик мегӯянд.

Дар минтақаҳои номбаршуда ҷашни Наврӯз як ҳафта кашол меёфт. Рӯзона ҳар гуна бозиҳо ташкил мекарданд, шабона занҳо суманаку ҳадиса мепухтанду ҷавонон тарфбозӣ (оташбозӣ) ва мушакпарронӣ карда базмҳои шабона меоростанд. Пеш аз Наврӯз аҳли фазлу фарҳанг “Идӣ” (як саҳифаи сабзранг, ки дар он чаҳор мисраъ шеър ё як рубоӣ хушнависӣ шуда) менавиштанду тавассути кӯдакон онҳоро ба мардум паҳн мекарданд…

Мутаассифона, ки баъд аз Инқилоби Октябр дар баробари таъқибу таҳдиди анъанаҳо ва фароизи исломӣ Наврӯзи бегуноҳ низ дучори таъқиботи чарминапӯшҳо (НКВД) ва ҳизби яккаҳоким қарор гирифт. Хосса солҳои сӣ, чиҳил, ки давраи таъқибу таҳдиди намояндагони маърифату дин буд, курсинишинони бефарҳанг ба ҷойи гули наврӯзӣ чидан аҳли фарҳангро “гулчин” карданд ва аз ҷониби аҳли мансаби ба ном “миллӣ” як қатор русуми

миллиро хоси дин дониста, ҷашн гирифтани идҳои миллиро манъ мекарданд. Наврӯзи мо – тоҷикон низ ба таъқиби ин ашхос гирифтор шуд. Агар матбуоти ин солҳо ва солҳои баъдро варақгардон кунем ва ба сафаҳоти моҳимартӣ чашмандоз шавем, ҳатто баъзан номи Наврӯзро дучор намешавем. Вале шарқшиносону эроншиносон комёб шуданд, ки исбот намоянд, ки Наврӯз ҷашни миллии мардуми эронинажод ва умуман Шарқи Наздику Миёна буда, ба дини ислом ҳеч алоқамандие надорад. Агар ба ислом марбут мебуд, онро тамоми мардуми мусалмон ҷашн мегирифт… Маҳз натиҷаи саъйу кӯшиши онҳо буд, ки соли 1946 идораи руҳонии Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар фатвои махсус ба оинҳои ислом алоқа надоштани Наврӯзро таъкид карда буд. Ва танҳо баъди 34 сол бо истодагарии равшанзамирон моҳи марти соли 1980 Наврӯз ба таври расмӣ бори нахуст дар шаҳри Қӯрғонтеппа (алҳол шаҳри Бохтар) таҷлил гардид. Соли 1981 бо қарори котиби генералии СММ 21 март рӯзи Замин эълон гардид. Дар ин рӯз “Зангулаи сулҳ” дар тоқи бинои СММ се бор садо медиҳад, ки он садои рамзии Замин мебошад. Вале барои роҳбарияти онзамонаи мо ин қарор низ бегона буда, садои “Зангулаи сулҳ”-ро низ ношунида мегирифтанд. Ёд дорам, бори нахуст соли 1982 Наврӯзро дар пойтахти тоҷикон – Душанбе бо иштироки шахсони муайян, хосса аҳли мансаб қайд карда буданд.

Дар тули таърих замонаҳо ва зимомдорони он тағйир ёфтаанд, давлатҳои абарқудрат ва тоҷу тахти шоҳони ҷаҳонхоҳ вожгун гардид, вале Наврӯзи оламафрӯз дар сайёраи Замин то ба ин замон боқӣ монд, зеро ба мазҳабе ва ба миллате вобастагӣ надорад, баръакс, парварандаи некиҳои зиндагӣ, ризқу рӯзии мардум, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагии инсон аст. Аз ҳамин ҷост, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рузи ҷаҳонии Навруз” ба тавсиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Наврӯз таҷлил гардад. Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Навруз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Навруз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 28 ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавалатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид. Дар ин кори хайру наҷиб саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Пешвои муаззами миллат дар ин мавриди мақоми байналмиллалӣ гирифтани ҷашни Навруз барҳақ чунин изҳори андеша намудааст;

 “Аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд. Мо бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромию ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд”

Ҳамчунин, Президенти муаззами кишвар барҳақ фармудаанд; “Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рузи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак!” табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст”.

Хуш аст, ки имрӯзҳо Наврӯзи фархундаву хуҷастапайро дар мақоми давлатию байналмиллалӣ ва ба тарзи умум ҷашн мегирему мегӯем: Наврӯзатон пирӯз бод! Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед