Тавре қаблан бо истинод ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додем, имрӯз 20 март, соати 08:50 дақиқаи субҳ Наврӯз фаро мерасад. Дар бораи ин ҷашни бостонии миллати тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия Масрур АБДУЛЛОЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:
Фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз даврони бостонӣ то кунун бо табиату коинот ва муҳити атрофи сарзаминаш пайвандии ногусастанӣ дорад. Бавежа бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ хислати мавсимӣ дошта, аслан таҷлили тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд. Агар Меҳргон аз омадани тирамоҳи зарринсор мужда диҳад, Сада-гардиш ба сўи фасли баҳор бошад, пас Наврўз – фаро расидани баҳори дилафрўз аст. Ба ибораи дигар, ин ва дигар ҷашнҳои ориёӣ ҳеҷ гуна асосу пояи диниву мазҳабӣ надоранд ва сирф ҷашнҳои милливу табиӣ мебошанд.
Дар робита бо ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, ки «далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад».
Ҷашнҳои сегонаи миллии мо тоҷикон – Наврўз, Меҳргон ва Сада аз замонҳои бостонӣ дар меҳани азалии худ бо ҳамон ҷанбаи табиии хеш таҷлил карда мешаванд ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми расмӣ касб намуданд
Аҷдоди ориёии мо соҳиби идҳои зиёди мавсимӣ буданд, ки ҳар якеро бо шукўҳу манзалати хос таҷлил менамуданд, аммо дар миёни онҳо Наврўзи дилафрўз, чун ҷашни Соли нав мавқеи махсус дошту дорад. Соли навро ниёгони мо дар рўзи эътидоли баҳорӣ, ки шабу рўз баробар мешавад ва нуру рўшноӣ ба торикӣ пирўз мегардад, истиқбол мекарданд. Онҳо метавонистанд рўзи эътидоли тирамоҳӣ ва ё айёми инқилобҳои тобистониву зимистониро, ки дар коиноту табиат тағйирот ба амал меояд, ба ҳайси мабдаи сол интихоб намоянд, зеро оғозу анҷоми ҳар яки онҳо аз 365 ё 366 рўз, яъне аз як соли пурра иборат аст.
Вале ниёгони мо маҳз эътидоли баҳориро интихоб намуда, онро мабдаи Соли нав қарор доданд ва Наврӯз ном ниҳоданд. Онҳо бо ин амали хеш нисбат ба мавсимҳои дигар, ба фасли фораму фараҳангези баҳор ва аз хоби тӯлонӣ бедор шудани табиат, авлавият бахшиданд. Ба қавли Носири Хусрави Қубодиёнӣ:
Наврўз беҳ аз Меҳргон, агарчи,
Ҳар ду рўзонанд эътидолӣ!
Ба ин хотир, фаро расидани ҷашни Наврўзи дилафрўз ва омадани фасли баҳори хуррам тавъам ва мутародифи якдигар гардида, яке аз дигаре ҷудо набуда, бо ҳамин мазмун дар эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик, ки соҳиби аслии ҷашнҳои деҳқониву мавсимӣ мебошад, васф шудааст:
Фасли Наврўз гашт саҳро лолазор,
Занги дилро мебарад бўи баҳор.
Булбулон андар хурўшанд дар чаман,
Кўдакон андар тамошо беқарор.
Ва бо ҳамин мазмун дар эҷодиёти кулли шоирони классику муосири тоҷик мавриди тавсиф қарор гирифтааст, ки ин ҷо танҳо мисоле меорем аз устод Садриддин Айнӣ, чун пайвандгари шеъру адаби гузаштаву имрўза:
Зимистон гузашта, шуда навбаҳор,
Фалак беғубору замин сабзазор.
Ҳаво буд форам, на сарду на гарм,
Насимаш чу анфоси маҳбуба гарм.
Дарахтони сесабзаи мевадор,
Шукуфта зи мастӣ чу рўи нигор.
Зи бас ҷашни фирўзи Наврўз буд,
Ҳама чиз гўё, ки фирўз буд.
Рамзу суннатҳои наврўзӣ – суманакпазӣ, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, ҳафтсину ҳафтшин, сайру саёҳат дар оғўши табиати эҳёшуда, баргузор намудани бозиву мусобиқаҳо дар ҳавои форами дашту талу саҳроҳо – ҳамагон, бо фасли баҳору оғози корҳои деҳқонӣ алоқаманд мебошанд.
Аз ин миён оини суманакпазӣ ва сабзаи суманак рамзи асосии Наврўзу баҳор ба ҳисоб рафта, дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маъмул мебошад ва ба ҳайси рамзу оини асосии наврўзӣ шинохта мешавад. Бо назардошти ин анъанаи куҳани мардумӣ рамзи Иди байналмилалии Наврўз ва Соли нави миллӣ аз ҳафт табақи суманаки арчамонанд иборат аст.
Рамзи мазкур аз ҷониби сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо хушнудӣ пазируфта шуда, дар кўчаву хиёбонҳо — аз ҷумла бузургтарини онҳо дар майдони марказии пойтахти кишвар — чун пайки неки ҷашни Наврўзу фасли баҳор насб гардидааст. Ин рамз дар қалбу зеҳнҳои хурду бузурги кишвар эҳсоси омад-омади ҷашни Наврўз, фасли баҳор ва Соли нави миллиро такон медиҳад ва амиқтар менамояд.
Инак, ба диёри биҳиштосои мо боз фасли фараҳангези баҳор, ҷашни оламафрўзи Наврўз ва Соли нави миллӣ фаро расида, як соли пурбаракат сипарӣ гардид. Бигзор Соли нав ба кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффарияту комёбиҳои нав ба нав орад.
Ба қавли Фирдавсии бузург:
Ҳамасола бахти ту пирўз бод,
Ҳама рўзгори ту Наврўз бод!
Бознашр: АМИТ “Ховар”