Чу тораш рӯшанаш омад ба Наврӯз,
Ба торикӣ сироҷи сеҳр афрӯз.
Самову коинотро меҳрофар,
Раво дидаш бишудаш бар лабу фӯз.
.
Чу Ҷамшедаш нишинад рӯзи Наврӯз,
Суманакро биёранд пешаш он рӯз,
Чӣ бахшояндаам поянда гардад,
Кунун нест куфтаам танҳо ба як рӯз.
.
Шабу рӯз бо ҳам ояд сони Наврӯз,
Фаровонӣ биёрад кони Наврӯз,
Ба хонаш шаш унсураш паёпай,
Бамазза хурданӣ аз нузл андӯз.
.
Аҷаб дорад сеҳр шугуни Наврӯз,
Ба сӯри чоршанбе оташафрӯз,
Чу оби пок чошид бар сарурӯш,
Зи сурхиаш сафедбахташ барандӯз.
.
Зи хок чечак ба пайғомаш ба Наврӯз,
Баробарлаҳзае дидам шабурӯз.
Мулоим гашт сангаш сӯзанаш кӯфт,
Табиат бо чакан шуд оламафрӯз.
.
Чӣ хандон аст тоҷик рӯзи Наврӯз,
Раҳоям ман зи сардию бадин ҷуз.
Худоям оташ афкандаш ба меҳраш,
Масал аст баъд аз он чил кундаро сӯз.
Назриева О.Ш.
номзади илмҳои фалсафа