Ин матлаб дар доираи “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо усули муқоисавӣ, озмоишӣ, таърихӣ ва таҳлилӣ омода шуда, ҳадаф аз он бо диди экологӣ ошкор намудани муаммо, мушкилот ва дурнамои самтҳои саноатикунонии  кишвар  дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Имрӯз раванди саноатикунонӣ барои аксар кишварҳои дунё паёмадҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст. Аксар кишварҳои дунё кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ин замина давлати худро аз мамлакати рӯ ба тараққӣ ба мамлакатҳои инкишофёбанда табдил диҳанд. Тақвият бар ин андеша он аст, ки ҳоло ҷаҳон аз лиҳози иқтисодӣ меҳвари хешро батадриҷ тағйир дода истодааст. Моро баҳри таҳким бахшидани истиқлолият лозим меояд, ки дар асоси арзишҳои илмии инноватсионӣ самтҳои гузариши Тоҷикистонро аз мамлакати агросаноатӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ арзёбӣ  намоем, зеро  соҳаи кишоварзӣ  баҳри рушди соҳаҳои мухталифи саноат заминаи боэътимод мегузорад. Возеҳтар гӯем, гузариш ба ин низом  моро водор менамояд, ки арзишҳои соҳаҳои гуногуни илмро аз лиҳози географӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геологӣ, технологӣ ва табиӣ таҳлилу таҳқиқ намуда, самтҳои саноатикунонии кишварамонро аз лиҳози  кишоварзӣ  баён намоем. Арзёбии ин мавзӯъ на танҳо қимати назариявӣ, инчунин аҳамияти амалӣ низ дорад.

Тоҷикистон кишвари камзамин мебошад, биноан беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ ва ба ин васила таъмини амниятии озуқаворӣ яке  аз масъалаҳои мубрам  ба шумор рафта, бахши аграрӣ дар ҳалли ин масъала ҳамчун раванди стратегӣ хисобида мешавад. Ҳадафи  мо дар ин матлаб ба таври ҳаддалимкон дар асоси далелҳои муътамади илмӣ ошкор намудани самтҳои навсозии (модернизатсияи) соҳаи кишоварзӣ ва ба ин восита муайян намудани дурнамои саноатикунонии  кишварамон аз лиҳози ҳифзи генофонд мебошад. Азбаски соҳаи паррандапарварӣ дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти серсафедаю парҳезӣ нақши муҳим мебозад, биноан мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки аз лиҳози соҳаи парандапарварӣ самтҳои асосии  саноатикунонии кишварамонро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Оид ба ҳалли ин масъала аввалан “Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015” баъдан Ҳукумати ҷумҳурӣ қонун “Дар бораи паррандапарварӣ” (аз 21.07.2010с., №633) қабул намуда, дар ин замина бахши паррандапарварӣ дар барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022 ҳамчун ҷузъи алоҳида ҷудо карда шудааст.  ар иртибот ба онҳо чандин санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардид. Хушбахтона, ба туфайли чунин коргузориҳо ҳамасола таъмини аҳолӣ ба тухму гӯшти истеҳсоли ватанӣ беҳтар шуда, ҳаҷми воридоти ин намуди маҳсулот кам шуд. Тақвият бар ин андеша он аст, ки агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ миқдори корхонаҳои паррандапарварӣ 21 ва истеҳсоли тухм 454,3 миллион донаро ташкил медод, ин нишондиҳанда тибқи нишондодҳои оморӣ,  соли 2020 ба 170 адад ва истеҳсоли тухм ба 930 миллион дона расид. Ҳоло истеҳсоли тухм дар кишварамон ба як миллиард дона ва гӯшти парранда зиёда аз сӣ ҳазор тонна расидааст. Аз нигоҳи коршиносон, барои таъмини аҳолӣ ба ин намуди маҳсулот бояд истеҳсоли тухм ба як миллиарду 700 миллион дона ва гӯшти парранда ба 60 ҳазор тонна расонда шавад. Далелҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки тӯли қариб сӣ соли истиқлолият дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Азбаски рушди минбаъдаи ин соҳа дар шароити ҳозира ба сатҳу сифати истеҳсоли ғаладонагиҳои кишварамон вобастагӣ дорад, биноан, мо  инҷо тасмим гирифтем, ки сари он далелу андешаҳое баҳс намоем, ки тавонем рушди ин соҳаро дар оянда натанҳо таъмин, балки густариш диҳем. Талаботи аҳолӣ ба ғалладонагиҳо рушди ин соҳаро минбаъд ғайриимкон мегардонад. Оид ба ин масъала дар илм нуқтаю назарҳо гуногунанд. Бархе аз олимону коршиносон бар он назаранд, ки бояд дар соҳаи мурғпарварӣ самти асосии кори селексиониро мунтазам дарёфти мутобиқати хелҳо, сермаҳсулии дурагаҳо ва корҳо оид ба такмили маҳсулнокӣ ва ҳосили зотҳо ташкил диҳад. Возеҳтар гӯем, танҳо ба туфайли сермаҳсул гардонидани зоту дурагаҳои маҳаллӣ мо метавонем ба ин ҳадаф ноил гардем. Дар баробари ин андеша, гурӯҳи дигари олимону коршиносон иброз менамоянд, ки танҳо ба туфайли ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ мо метавонем дар оянда рушди ин соҳаро таъмин намоем. Аз ин бармеояд, ки барои вусъат бахшидани ин соҳа вақти он расидааст, ки ҳамбастагии илму истеҳсолотро ҷорӣ намоем. Чунин амал натанҳо барои рушди ин соҳа ва талаботҳои иқтисодиёти бозоргонӣ мувофиқат мекунад, балки ба афзоиши истеҳсоли маводи тухму гӯшт мусоидат менамояд.

Голландия дар соҳаи мурғпарварӣ таърихи сесадсолаи зотпарварӣ дорад. Ҳатто мамлакатҳои абарқудрати дунё рушди соҳаи паррандапарварии худро дар асосии зотҳои ин кишвар ба роҳ мондаанд. Олимони тоҷик алҳол имкон надоранд, ки дар як муддати кӯтоҳ аз мурғҳои маҳаллӣ чунин зотҳоро офаранд. Гарчанде зотҳои маҳаллӣ каммаҳсул бошанд ҳам, аз зотҳои голландӣ бо баъзе хусусиятҳои хуби ирсиашон фарқ мекунанд. Боиси тазаккур аст, ки чандин солҳост, ки олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамроҳ бо мутахассисони соҳа дар асоси омӯзишҳои муқоисавӣ оид ба муайян намудани зотҳои сермаҳсули паррандагони кишоварзӣ пажуҳиш карда истодаанд. Шояд дар оянда онҳо оид ба такмили минбаъдаи сифати зоти мурғҳои маҳаллӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар шароити ҳозира барои Тоҷикистон масъалаи дигари мубрам рушди соҳаи чорводорӣ ва ба ин васила таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ширию гӯштӣ мебошад. Олимони шӯравӣ муайян намуда буданд, ки арзиши аслии гӯшти қутос назар ба гӯшти гову гӯсфанд 3-4 маротиба арзон мебошад. Шояд таъсири ҳамин нуқтаи назар бошад, ки чандин солҳост, ки дар кишварамон ба рушди ин соҳа таваҷҷӯҳи хосса дода мешавад. Далел бар ин андеша он аст, ки ҳанӯз 16 марти соли 1999 таҳти №98 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои барқарор ва тараққӣ додани қутоспарварӣ дар мамлакат” қабул гардид. Аз ин бармеояд, ки қутоспарварӣ дар оянда ба яке аз соҳаҳои муҳимми чороводорӣ мубаддал мегардад. Минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон барои рушди ин соҳа тамоми имкониятҳоро доранд. Тақвият бар ин андеша он аст, ки мувофиқи арзишҳои илмӣ 1,2 млн га замин дар Помир барои парвариши ин чорво мувофикат мекунад. Ин далел як паҳлӯи масъала буда, дигар паҳлӯи он аз он иборат аст, ки рушди ин соҳа дар ВМКБ ҳамасола манбаи даромади фоиданок ба ҳисоб меравад. Олимони тоҷик зимни баргузории озмоишҳои мухталиф ошкор намуданд, ки шароитҳои агроэкологии ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи кӯҳӣ, Мӯъминободу Ховалинг ва Панҷакент ба тараққӣ додани соҳаи қутоспарварӣ мувофиқат мекунад. Аз муҳтавои тадқиқотҳои илмии олимони тоҷик бармеояд, ки раванди мутобиқгардонии ин намуди чорво ба шароити нисбатан пасти кӯҳҳои Зарафшон  натиҷаи хуб дод. Соли 2020 экотипи сермаҳсули зарафшонии қутоси помирӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки ин дастоварди назаррас мебошад. Дар ҳошия ба чунин мулоҳизарониҳо агар арзишҳои илмиро аз дидгоҳҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки хусусияти хоси биологии қутосҳо аз он иборат аст, ки онҳо дар шароити сахти экологӣ–ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунанд. Биноан, онҳоро “ҳайкали табиат” ном мебаранд. Кӯшишҳои чандинкаратаи олимони дунё дар самти ба водиҳо фаровардан ва омӯхтани қобилияти мутобиқшавии он ба шароити нави экологӣ самара надод. Баръакс, аз натиҷагириҳои арзишҳои илмӣ дар ин хусус бармеояд, ки чунин раванди мутобиқгардонӣ ба ин намуди чорво номувофиқ буда, онро каммаҳсул мегардонад. Гарчанде солиёни охир ин раванди озмоишӣ дар кишвари мо хусусияти рӯзмарра касб намуда бошад ҳам, аммо то ҳол паҳлӯҳои баҳсноки он аз нигоҳи экологӣ дар асоси нигоришҳои матбуотии кишварамон натиҷагирӣ нашудааст. Ин паҳлӯи озмоиш  минбаъд таҳлилу таҳқиқи  хоссаи илмиро мушобеҳ ба комплекси агросаноатии Ховалинг ва раванди мутобиқгардонии гавазни бухороӣ дар шароити кӯҳсорро тақозо менамояд. Аз ин ҷиҳат, вақти он расидааст, ки саршумори ин намуди чорворо дар муҳити маскуниашон зиёд намоем, зеро чарогоҳҳое, ки барои парвариши ин намуди чорво истифода бурда мешавад, барои чаронидани дигар намуди ҳайвонот мувофиқат намекунад. Хулоса, раванди саноатикунонии кишвар дар баробари модернизатсияи хоҷагии кишлоқ, инчунин зарурати нигоҳ доштани генофонди маҳаллиро ба миён мегузорад.

 

Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед