Чунонки маълум аст, рӯзи 1 марти соли 2020 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид ва рӯзи 2 март Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои қаблии онро эълон намуд. Ин натиҷаҳои пешакӣ ва раванди маъракаҳои интихоботӣ ва баргузории онро таҳлил намуда, ба чунин хулоса расидан имкон дорад:
Аввалан, интихобот дар вазъияти ором, ба таври шаффоф ва пурра тибқи талаботи қонугузорӣ доир гардид.
Сониян, ҳамаи ҳизбҳое, ки барнома ва маъракаҳои таблиғу ташвиқотии худро на ба танқиди беасос ва ваъдаҳои иҷронашаванда бунёд карда буданд, балки ба оромӣ ва таҳаммул такя намуданд, ба натиҷаи мусбат ноил гаштанд (омор замима мегардад).
Сеюм, дар ҳавзаҳои якмандатӣ шахсиятҳои шинохта, соҳибтахассус ва ботаҳаммул пирӯз гардиданд (рӯйхат замима мегардад).
Чорум, интихобкунандагон фаъол буданд ва оромона дар раванди интихобот ширкат варзиданд (86,4% аз шумораи умумии интихобкунандагон иштирок доштанд).
Панҷум, аз ҷониби нозирони миллию байналмилалӣ ягон қонуншикание, ки боиси бекор кардани натиҷаҳои интихоб гардад, ба мушоҳида нарасид.
Шашум, ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ фаъолиятро дар сатҳи зарурӣ ташкил намуданд, вале норасоиҳои ҷузъии хусусияти техникӣ дошта ба назар расиданд, ки бояд дар интихоботҳои минбаъда ба эътибор гирифта шуда, бартараф карда шаванд.
Ҳафтум, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ роҳ ёфтанд, ки ин имкони рақобати афкори созандаро боло бурда, ҳатман боиси таъмин сифати қонуну қарорҳои қабулшавандаи вакилон хоҳад шуд.
Ҳаштум, интихоботи вакилони халқ як омодагие барои интихоботи дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, умед мебахшад, ки ин маъракаи муҳимми сиёсӣ низ дар сатҳи зарурӣ ташкил ва бо иштироки васеи интихобкунандагон доир мешавад.
Дар маҷмӯъ, интихоботи баргузоргардида нишон дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оромию суботи комили сиёсию иҷтимоӣ барқарор гардида, мардум, ҳизбҳои сиёсӣ ва давлат пурра ба фаъолияти созандагӣ машғуланд.
Таҳлили муфассали натиҷаҳои интихобот баъд аз маълум гаштани натиҷаҳои ниҳоӣ пешниҳод хоҳад шуд.
Замимаи 1. Омор оид ба натиҷаҳои интихобот миёни ҳизбҳо
- Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, мандати вакилӣ 4 нафар.
- Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, мандати вакилӣ 1 нафар.
- Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, мандати вакилӣ 4 нафар
- Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11% – мандати вакилӣ – 0.
- Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, мандати вакилӣ 1 нафар.
- Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32%, мандати вакилӣ – 0.
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40%, мандати вакилӣ 12 нафар.
- Ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%.
Замимаи 2. Рӯйхати вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшуда:
- Фирдавсӣ №1– Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин
- Исмоили Сомонӣ №2– Меликова Парвина Иноятуллоевна
- Шоҳмансур №3 – Обидов Фозил
- Сино №4 – Шоҳмурод Рустам
- Турсунзода №5 – Холмаҳмадзода Солеҳа
- Шаҳринав №6 – Баротзода Файзулло
- Ҳисор №7 – Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна
- Сомонӣ №8–Юсуфӣ Муҳаммадраҳим
- Рӯдакӣ №9– Усмонзода Хайриддин Усмон
- Ваҳдат №10– Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ
- Файзобод №11– Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович
- Рашт №12 – Зокирзода Муҳаммадтоҳир Зоир
- Хуҷанд №13 – Назирӣ Гулбаҳор Назир
- Бобоҷон Ғафуров №14 – Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ.
- Урунхоҷаев №15 – Ахмедов Мирзоанвар
- Ҷаббор Расулов №16– Акрамзода Баҳодур Исмоил.
- Ашт №17 – Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин
- Мастчоҳ №18 – Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад
- Конибодом №19– Раҷабзода Равшан Муҳиддин
- Исфара №20– Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин
- Панҷакент №21 — Шодизода Парвиз Шодибой
- Айнӣ №22 –Шарифзода Ғиёсиддин
- Истаравшан № 23– Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович
- Деваштич №24 – Исмоилзода Зуфар Муртазохон
- Спитамен №25 – Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло
- Бохтар №26 – Маҷидова Сарвиноз Комиловна
- Кушониён №27 – Шодиён Муҳаммад Султонзода
- Абдураҳмони Ҷомӣ №28 – Ашӯрзода Гулбаҳор Сангило
- Ёвон №29– Азимзода Толибхон Ситомурод
- Ҷалолиддини Балхӣ №30 – Тоҳирзода Ҳаким Ҳикматулло
- Қубодиён №31 – Файзуллозода Зафар Хайрулло
- Вахш №32 – Сафарзода Бахтовар Амиралӣ
- Ҷайҳун №33– Шарофзода Гавҳар
- Фархор №34 – Раҳмонзода Зоҳир Файзалӣ
- Ҳамадонӣ №35 – Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович
- Данғара № 36– Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ
- Кӯлоб №37– Ҳакимзода Шариф Саидович
- Мӯъминобод №38– Абдуллоев Мироҷ Саломович
- Восеъ №39–Латифзода Рустам Барот
- Ванҷ №40 – Қодири Қосим
- Хоруғ № 41– Гиёзода Азиз Қодир.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон