ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад»,-гуфт роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман дирӯз зимни мулоқот бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд,  8 июн вохӯрии  директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман баргузор гардид.

Хайриддин Усмонзода пиромуни ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва экология, аз ҷумла доир ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон,  махсусан Президенти  мамлакат  дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилот ва муаммоҳои ҷаҳони муосир пайваста кӯшиш менамоянд. Айни ҳол ташаббуси чоруми Тоҷикистон –Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» татбиқ гардида истодааст.  Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе, ки дар доираи ташаббуси мазкур баргузор шуд, заминаи мусоидро  барои омодагӣ ба Конфронси байналмилалие, ки СММ соли 2023 дар ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерландия дар шаҳри Ню-Йорк доир менамояд, фароҳам меорад. Инчунин Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе барои пешгирии тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба обу экология  тадбирҳои муҳим андешида,  қарорҳои самарнок қабул менамояд.

,

,

,

,

,

,

,

Хайриддин Усмонзода доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар дода, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар вохӯрӣ масъалаи тақвияти ҳамкории илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию омӯзишӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Наталия Герман барои  пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад.

Наталия Герман оид ба шукӯҳ ва шаҳомати Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об ибрози андеша намуда, гуфт, ки «воқеан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти обу экология дар ҷаҳон тарафдорони зиёди пайдо намудааст, ки бақайдгирии шумораи рекордии иштирокчиён дар конфронси мазкур тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Мо дар раванди Конфронс бори дигар шоҳиди ҳамрайъӣ ва алоқамандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ташаббусҳо гардидем».

khovar.tj

Чоп кунед