Воқеияти бебаҳс ва ҳақиқати инкорнашаванда аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои системаи сиёсии демократии муносиб ба арзишҳои миллии худ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Ин ҳолатро ҳам арзишҳову меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳам воқеияти ҳаёти сиёсии кишвар собит менамояд. Мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти босамари воситаҳои ахбори омма ва мавҷудияти теъдоди зиёди иттиҳодияҳову ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон далели рушд ва таҳкими ҷомеаи демократӣ аст. Ҳизбҳои сиёсӣ, ки яке аз ҷузъҳои муҳими таркиби системаи идораи демократӣ дар ин ё он давлат арзёбӣ мегарданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди онҳо шароити муносиби фаъолият мавҷуд аст. Конститутсияи кишвар, қонунҳои соҳавӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандро фароҳам намудаанд, ки дар баробари пешбурди фаъолияти оинномавии худ ҳамзамон, дар идоракунии давлат, таъмини пешрафти давлат иштироки фаъолона дошта бошанд. Масалан, имрӯз дар парламенти кишвар – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҳизби сиёсӣ соҳиби курсӣ мебошанд, ки ин нишонаи возеҳи таҳкими давлати демократӣ ва ҷомеаи қонунмеҳвар дар Тоҷикистон аст. Илова бар ин, дар заминаи сиёсатгузориҳои илмбунёду хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни мақомотҳои давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиву ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳои судманду самаранок роҳандозӣ гардидааст.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳимми зеҳнии кишвар дар пешбурди фаъолияти худ пайваста бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар меҳвари фаъолияташон қарор дорад, ҳамкориҳои созандаро ба роҳ мондааст.
Яке аз ҳизбҳои сиёсие, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ бо он ҳамкории илмӣ ва таҳлилиро ба роҳ мондааст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мебошад. Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият менамояд ва дар пешбурди фаъолияти муштараки Марказ ва ҲХДТ нақши калидӣ дорад. Баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ-таҳлилӣ, роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ ва доир намудани семинарҳои омӯзишӣ аломати мушаххаси ҳамкории судманди Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ҲХДТ аст.
Маркази тадқиқоти стратегӣ бо ҳизбҳои сиёсии дигар низ равобити созандаро роҳандозӣ намудааст. Рӯзи 4 майи соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронси илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самтҳои асосии амалигардонии Стратегияи Миллии Рушд барои давраи солҳои то 2030” доир гардид, ки дар конфронс масъалаҳои муҳим мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи нишондиҳандаҳои амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то давраи то соли 2030, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар барои давраи то соли 2030, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун омили асосии амалигардонии Стратегияи мазкур ва баррасии Стратегияи болозикр дар қаринаи ташаккули сектори устувори молиявӣ мавриди таҳлил қарор гирифт, ки коршиносон ва таҳлилгарон дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузор гардидани чорабиниҳои муштараки Маркази тадқиқоти стратегӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон намунаи олии ҳамкории ин ниҳоди муҳими давлатӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ аст.
Албатта, ҳамкориҳои мазкур агар аз як тараф далели рушд ва таҳкими низоми декмократӣ дар кишвар бошад, аз тарафи дигар чунин робитаҳои созанда имкон медиҳанд, ки дидгоҳҳои муҳим барои рушди минбаъдаи давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешниҳод гарданд. Бояд қайд намуд, ки дар шароити пуртазод ва буҳронии ҷаҳони муосир манфиатҳои миллӣ аз муҳимтарин унсури бунёдие мебошанд, ки бақо ва рушди давлат ба ҳимояи онҳо алоқамандии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ натанҳо вазифаи мақомотҳои давлатӣ балки, вазифаи ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман вазифаи ҳар як фард мебошад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳизбҳои сиёсии сабтиномгардида дар доираи барномаҳои оиномавии худ фаъолияти озодро роҳандозӣ намудаанд. Давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушд ва фаъолияти бемамонияти онҳо тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам сохтааст.
Ҳамин тавр, ҳамкориҳои судманди ниҳодҳои давлатӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нишонаи рушди давлати демократӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аст. Тавре дар боло таъкид гардид, барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити муносиби фаъолият мавҷуд аст. Дар ин раванд ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки ҳангоми пешбурди фаъолият ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи суботи сиёсиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳанд. Ҳамзамон, дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиби худро гузоранд.
АЛИНАЗАР Ашуров, сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон