Соли равон аз таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) 30 сол (26-уми марти соли 1993) пур шуда, муассисонаш ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 кишварҳои минтақа ба сиёсати худтаъминкунӣ гузаштанд. Аммо бояд гуфт, ки захираҳои об дар минтақа бо дарназардошти хусусияти фаромарзӣ доштанашон на танҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, балки дар рушди ҳамкории минтақавӣ низ нақши муҳим мебозанд. Бинобар ҳамин моҳи феврали соли 1992 Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаи Алмааторо ба имзо расониданд, ки дар асоси он Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об таъсис дода шуд, ки танзими тақсимоти обро байни кишварҳои минтақа амалӣ менамуд. Минбаъд сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади коҳиш додани буҳрони баҳри Арал ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақа дар ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4 январи соли 1993 тасмим гирифтанд, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал ташкил шавад. Ҳамин тариқ, ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об ва экология заминаи мустаҳкам гузошта шуд.
Тавре огоҳӣ дорем, кишварҳои минтақаро ду дарёи бузург – Амударё ва Сирдарё муттаҳид менамоянд. Ин ду дарё аз қадимулайём мардум, заминҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои минтақаро бо оби ҳаётбахш таъмин менамуданд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои ҳавзаҳои ягонаи обӣ буда, қисми зиёди захираҳои он дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 60 дарсад ташаккул меёбанд, ки аз ин Тоҷикистон ҳамагӣ зиёда аз 5 дарсади онро истифода мебараду халос, боқӣ обро ҳамсоякишварҳои поёноб истифода мебаранд. Захираҳои оби Тоҷикистон барои тамоми кишварҳои минтақа аҳаммияти хос дошта, асоси рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии онҳоро ташкил менамояд. Тавре маълум аст, Осиёи Марказӣ асосан минтақаи аграрӣ маҳсуб ёфта, соҳаи кишоварзӣ ва обу замин барои аҳолии минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои обӣ ва тақсими дурусти он миёни кишварҳои минтақа дар шароити соҳибихтиёрӣ ба яке аз масъалаҳои асосии матраҳшаванда дар доираи байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи захираҳои об ба рушди бештари соҳаи гидроэнергетика эҳтиёҷ дошта, бидуни истифодаи он таъмини пешрафту тараққиётӣ давлат ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ ғайриимкон мебошад. Аммо кишварҳои дигари минтақа бо истифода аз захираҳои обе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, рушди иқтисодии худро нигоҳ доштан мехоҳанд. Захираҳои об барои кишварҳои дигари минтақа аҳаммияти баланди аграрӣ дошта, заминаи асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисодӣ бо ашёи хом мебошад.
То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сею ним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад. Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд.
Дар гузаштаи наздик, солҳои 60-уми асри ХХ баҳри Арал яке аз калонтарин обанборҳои эндорикӣ буда, ба қатори кӯлҳои бузурги ҷаҳон мансуб буд. То соли 2020 дар ҳавзаи баҳри Арал, ки 60% ҳудуди Осиёи Марказиро дар бар мегирад, 60 миллион нафар- тақрибан 80,7% аҳолии минтақа умр ба сар мебаранд.
Дар аввал баҳри Аралро одамон фаъолона истифода мебурданд. Дар он киштиҳо шино менамуданд, саноати сайёҳӣ рушд мекард ва моҳигирон ба андозаи бузург моҳӣ медоштанд. Расмҳо ва суратҳои бозмонда аз гуногунии олами ҳайвонот ва набототи баҳри Арал ва ҳавзаи он шаҳодат медиҳанд. Дар ҳавзаи баҳри Арал нисфи тамоми намудҳои биологии дар сарҳади собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мавҷуда зиндагӣ менамуданд.
Шуруъ аз солҳои 30-юми асри гузашта дар Осиёи Миёна сохтмони наҳрҳо (каналҳо)-и калони обёрикунанда оғоз гардид. Бо сабаби аз дарёҳои асосии таъминкунанда — Амударё ва Сирдарё барои обёрӣ истифода гардидани қисмати зиёди об аз солҳои 60-ум сатҳи баҳри Арал (ва ҳаҷми об дар он) босуръат паст шудан гирифт. Аз соли 1960 то соли 1990 дар Осиёи Миёна майдони заминҳои обёришаванда аз 4,5 миллион ба 7 миллион гектар расид, ки яке аз сабабҳои асосии камшавии об дар баҳри Арал ба шумор меравад. Соли 1989 баҳр ба ду обанбор ҷудо шуд:- баҳри Шимолӣ (хурд) ва Ҷанубии (калон) Арал.
Тағйир ёфтани мувозинаи оби дарёҳо, инчунин зиёд шудани минерализатсияи об дар баҳри Арал боиси аз байн рафтани биосенозҳои нодир ва якчанд намудҳои эндемикии ҳайвонот гардид. Ҳамчунин кам шудани маҷрои об дар баҳри Арал боиси тағйири бебозгашти режими гидрологӣ ва гидрохимиявии баҳр ва экосистемаҳои он гардид. Тағйир ёфтани мувозинаи намак шӯрии баҳрро се маротиба зиёд намуда, онро ба биёбони биологӣ табдил дод ва дар натиҷа талафи биологӣ ва тағйир ёфтани таркиби намаки баҳри Арал боиси таназзули саноати моҳидорӣ ва коркарди он гардид.
Хушк шудани баҳри Арал ба вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии тамоми минтақа таъсири ниҳоят назаррас гузоштааст. Онро метавон «Офати экологии баҳри Арал» гуфт, ки ба шароит ва сифати зиндагии беш аз 50 миллион нафар сокинони минтақа таъсири манфӣ расонидааст. Хушкшавии баҳр боиси коҳиш ёфтани даромад, афзоиши муҳоҷират, сатҳи пасти давомнокии умр, паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, суръат ёфтани фавти кӯдакон, афзоиши бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ гардидааст.
Дар баробари ин хушк шудани баҳри Арал омили муҳими тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар ноҳияҳои кӯҳистонии минтақа гардида, ба ташаккули захираҳои об ва ғизо низ таъсири манфӣ расонида истодааст. Бархе аз олимону тадқиқотчиён бар он назар мебошанд, ки яке аз сабабҳои асосии зуд обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ифлосшавии ҳаво аз ғуборе аст, ки дар натиҷаи тӯфонҳои чангу ғуборолуда аз Эрон, Афғонистон, Чин ва дигар манотиқи биёбонӣ ва солҳои охир аз қаламрави хушкшудаи қаъри баҳри Арал бармеояд. Бинобар сабаби хушк шудани баҳр қисмати зиёди аҳолии дар наздикии он зиндагикунанда, ки пурра ба моҳидорӣ машғул буданд, бекор монданд, ин албатта, ба вазъ ва сифати зиндагии онҳо таъсири манфӣ гузошт.
Дар алоқамандӣ ба ин метавон гуфт, ки Фонди байналмилали наҷоти Арал дар доираи ваколатҳои васеи худ ва тӯли 30 соли фаъолият бо воҳидҳои сохтории худ тавонист платформаи минтақавиро барои муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақа вобаста ба об ва муҳити зист таъмин намояд. Фонди байналмилалии наҷоти Арал тавонистааст ба рушди сифатан нави муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа тавассути таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳалли бе низои масъалаҳои мураккаби марбут ба идоракунии об ва муҳити зист мусоидат намояд.
Яке аз тадбирҳои амалие, ки дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои коҳиш додани оқибатҳои буҳрони баҳри Арал ва рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии он андешида шудааст, ин қабули якчанд барномаи амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Ин барномаҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии 60 миллион аҳолии ҳавзаи баҳри Арал равона гардидаанд.
Барномаи амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал аз силсилаи барномаҳое мебошад, ки барои кумаки амалӣ расонидан ба иқоматкунандагони ҳавзаи баҳри Арал пешбинӣ гардидаанд. Дар чаҳорчӯби ин барномаҳо чандин лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ амалӣ шуданд, ки ба беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани таъминоти оби ошомиданӣ, санитария ва тандурустӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии обёрӣ, таҳкими хадамоти обуҳавошиносӣ ва умуман баланд бардоштани устувории экологӣ нигаронида шудаанд.
Дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо қарори Раёсати Фонд 29 июни соли 2021 Барномаи амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал-4 (БҲБА-4) дар шаҳри Душанбе тасдиқ шуда, дар айни замон мавриди амал қарор дорад.
БҲБА-4 аз чаҳор самт иборат буда, 34 лоиҳаи миллӣ ва минтақавиро дар бар мегирад, ки ба беҳбуди шароити зиндагӣ ва некӯаҳволии мардуми ҳавзаи баҳри Арал равона гардидааст.
Бо дастгирии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар доираи татбиқи БҲБА-4 ва ташаббуси Осиёи Марказии Сабз «Стратегияи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» барои давраи солҳои 2020-2024 бо буҷаи 8 миллион Евро ва лоиҳаи «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ» барои давраи солҳои 2022-2026 бо буҷаи умумии 10 миллион Евро таҳия ва амалӣ мешавад.
Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилаии наҷоти Арал дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бисёр лоиҳаҳои дигареро амалӣ менамояд, ки бо ҳадафҳо ва афзалияти БҲБА-4 зич алоқаманданд ва ба мутобиқшавӣ ва коҳиш додани тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд. Дар тамоми самтҳои фаъолият дар доираи БҲБА-4 лоиҳаҳои минтақавӣ, ки аз ҷониби шарикони байналмиллалии рушд амалӣ мешаванд, бо буҷаи умумии 47,4 миллион доллари ИМА дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Лоиҳаҳои миллӣ дар қаламрави давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо буҷети умумии 543,9 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодаанд. Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби БҲБА-4 25 лоиҳаи бузург ба маблағи умумии 591,3 миллион доллар дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.
Ҷаласаи ҷашнии Шурои сарварони давлатҳои муассиси ФБНА таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид доираи васеи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи экологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, обӣ ва энергетикӣ дар ҳавзаи баҳри Аралро дар фазои анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дӯстӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Бешак, нишасти Душанбе барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд, саҳми муносиб хоҳад гузошт. Воқеан, захираҳои об барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд ва ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об ҷузъи муҳими ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар минтақа мебошад.
Дар ҳамин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчӯбаи ин ниҳод натиҷаҳои назаррасе ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд. Ба таъкиди Сарвари давлати мо, ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонанд, аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намоянд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштарак таҳия ва татбиқ намояд.
Бояд гуфт, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд аз 22 то 24-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, ҳамоиши таърихие унвон шуд, ки амалҳои муштарак ва ҳамоҳангии кишварҳои сайёраро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим тақвият мебахшад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар ба дурустии сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон ва мавқеъгирии хайрхоҳонаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар амри расидан ба қаламрави саодату ҳамбастагии мардуми олам муҳри тасдиқ зад.
Дар ин чорабинӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти баҳри Аралро мавриди муҳокима қарор доданд ва изҳороти муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд. Аз ҷумла, Саида Мирзиёева, узви ҳайати Ӯзбекистон, дар бораи оқибатҳои офати Арал ва тадбирҳои густурдаи коҳиши он суханронӣ карда, чунин афзуда буд: “Муйноқ дар наздикии Арал як бандари ободи дорои иншооти бузурги истеҳсолӣ буд, вале пас аз вайрон шудани мувозинат дар соҳили баҳр дар ҷойҳои хушкшуда қабристони киштиҳо пайдо шуд. Буҳрони баҳри Арал як ёдоварии даҳшатнок дар бораи оқибатҳои беэътиноии инсон ба муҳити зист аст. Аммо ба шарофати заҳмати мардуми ғамхор он боз ба рамзи умеду навсозӣ табдил меёбад”.
Изҳори итминон менамоем, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои обу энергетикӣ, ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо, беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолии ҳавзаи баҳри Арал, инчунин, мусоидат ба рушди иқтисодии давлатҳои минтақа нақши арзанда мегузорад.
Шуруъ аз моҳи январи соли 2024 ба муддати се сол Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад.
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал якчанд қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Аз ҷумла, Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси нозир пазируфта шуд, ки ин бозгӯи мақоми баланд доштани фонд аст.
Мехоҳам матлабамро бо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷамъбасти Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ин ҳамоиш иброз дошт ҷамбаст намоям: “–Дар ҳақиқат, ин Конфронс ҷаҳонро муттаҳид сохт. Биёед, мо дар атрофи об муттаҳид бошем! Биёед, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем!”
Бале, мо аз об вобастаем ва бояд онро эҳтиёт намоем! Чунки об имрӯз иқтисодиёт аст, фарҳанг аст, иҷтимоиёту сиёсат аст ва аз ҳама асосияш “Об манбаи асосии ҳаёт аст”.
Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон