“Мо, ҳамчунин, ба нақши Зан – Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароит ва ба танзим даровардани фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, ҳамчунин, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул гардидаанд, ки барои рушди соҳибкории занон низ мусоидат намуд.

Ҳамчунин, барои васеъ кардани имкониятҳои иқтисодии занон, рушди фаъолияти соҳибкорӣ байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ барои машварати ҳуқуқӣ, гузаронидани омӯзишҳои касбию техникӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои соҳибкор нақши Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазиву қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардонштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.

Масалан, тибқи маълумоти “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръати афзоиши шумораи занҳои соҳибкори бақайдгирифташуда ба ҳолати 1 октябри соли 2022 нисбат ба соли 2015 зиёда аз 67%-ро ташкил дод. Ҳамчунин, ҳиссаи занҳои соҳибкор дар шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор сол то сол афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда ба ҳолати 1 октябри соли 2022 ба 23,5% расид, ки нисбат ба соли 2015– 6,27 банди фоизӣ зиёд мебошад, ки ин далели ин гуфтаҳост (ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Ҳисса ва суръати афзоиши шумораи соҳибкорзанон

Шумораи бақайдгирифташудаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.10.2022 ба 79899 адад расид. Ҳиссаи вилояти Суғд дар шумораи умумии бақайдгирифташудаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда 42,7 % (34154 адад), ҳиссаи вилояти Хатлон 27,3% (21822 адад), ҳиссаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15,8% (12631 адад), ҳиссаи шаҳри Душанбе 12,2% (9739 адад) ва ҳиссаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1,9% (1553 адад)–ро ташкил доданд.

Ба сохтори минтақавии соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда назар андозем маълум мегардад, ки ҳиссаи зиёдро ш. Душанбе 30,6%, вилояти Суғд 30,1%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17,6%, вилояти Хатлон 16,9% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,8% ташкил медиҳанд. Дар сохтори минтақавии соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бошад, ки ҳиссаи зиёдро вилояти Суғд 36,7%, вилояти Хатлон 24,4%, шаҳри Душанбе 22,1,%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,9% ташкил медиҳанд.

Дар сохтори минтақавии соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳиссаи зиёдро вилояти Суғд 50,7%, вилояти Хатлон 31,9%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17,1%, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,3% ва шаҳри Душанбе 0,003% -ро ташкил медиҳанд. Дар сохтори минтақавии шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда ҳиссаи зиёдро вилояти Суғд 32,9%, шаҳри Душанбе 24,9%, вилояти Хатлон 23%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13,5% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,7%-ро ташкил медиҳанд.

Дар шумораи умумии бақайдгирифташудаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда ҳиссаи зиёдашро соҳибкорзанони инфироди хоҷагиҳои деҳқонӣ 48,7%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 38,2%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 8,6% ва боқимонда 4,5% шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда ташкил медиҳанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сохтори ин нишондиҳанда ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 57,4%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 20,9%, шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда 13,3% зиёд буда, ҳиссаи соҳибкорзанони инфироди хоҷагиҳои деҳқонӣ 8,4% ро ташкил медиҳад.

Дар вилоятии Хатлон дар сохтори ин нишондиҳанда ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 56,8%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 34,1%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 5,3%, шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда 3,8%-ро ташкил медиҳад.

Дар вилоятии Суғд ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 57,7%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 32,8%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 6% ва шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда 3,5% мебошанд.

Дар шаҳри Душанбе дар сохтори ин нишондиҳанда ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 69,3%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 21,5%, шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда 9,2% зиёд мебошад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳибкорзанони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 52,8%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 33,8%, соҳибкорзанони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 9,5% ва шахсони ҳуқуқии таҳти роҳбарии занҳо фаъолияткунанда 3,9%-ро ташкил дод.

Ҳамин тавр, дар мамлакат барои рушди устувори иқтисодӣ дастгирии фаъолияти соҳибкорзанон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст. Иштироки занон дар ҳаёти иқтисодии кишвар ба пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стартегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукурова Л.М.,
мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стартегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед