…. Вазъи буҳронии ҷаҳони имрӯза ва дигар мушкилоте, ки ҳоло инсоният бо онҳо рӯбарӯ омадааст, моро водор месозанд, ки тамоми захираву имкониятҳо ва тавону неруи худро ба хотири расидан ба ҳадафу нақшаҳои дар наздамон қарордошта – таъмини рушди минбаъдаи давлат, ободии Ватан ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оилаи мамлакат сафарбар созем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вилояти Суғд аз ҷиҳати масоҳат дар Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз 8 шаҳр, 14 ноҳия ва 23 шаҳрак иборат аст. Вилояти мазкур минтақаи аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта буда, истихроҷ ва ғанигардонии маъданҳои металлҳои ранга ва нодир, истихроҷи тилло, ангишт, нафт, газ, мармар, гарнит, гаҷ, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, тиҷорат ва кишоварзӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 24 млрд. 186 млн. сомониро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 15 млрд. 618 млн. сомонӣ расид. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят 73000 гектар боғ ва 13467 гектар токзор бунёд гардидаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2023 ҳиссаи вилояти Суғд дар таносуби шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда 27,1% ва дар таносуби соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 36,5%-ро ташкил дод.

Санаи 29 марти соли ҷорӣ бо мақсади омӯзиши рушди минбаъдаи вилоят ва ифтитоҳи якчанд иншооти хусусияти иқтисодиву иҷтимоидошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар намуданд.

Дар вилоят ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои старатегӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин давра мавриди ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, аз ҷумла:

  • дар шаҳри Гулистон:

– бо технологияи муосир ба фаъолият оғоз намудани фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”;

– дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардидани корхонаи ҶДММ “Мурғи бебаҳо” ва азнавсозии сардхона ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидани он;

– ба кор даромадани коргоҳи истеҳсоли қолинҳои рӯйифаршии тафтингии нақшзадашуда аз ҷониби ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”.

  • дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов:

– ба истифода додани боғи нави кооперативӣ дар масоҳати 11 га аз ҷониби боғдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Т. Қӯшатов;

– Бунёди токзори хавозавӣ аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии ба номи Б. Боймирзоев дар масоҳати 15 га;

– ба истифода дода шудани хатти оби полезӣ дар мавзеи Сомғор;

– бунёди токзори хавозавӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”;

ба фаъолият оғоз намудани корхонаи ҶДММ “Озода Косметикс” дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафуров;

– мавриди истифода қарор додани коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коргоҳи коркарди мева дар маркази деҳоти Овчиқалъача;

– ба истифода додани хатти оби полезӣ дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён ва ноҳияи Ҷаббор Расулов;

– мавриди истифода қарор додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко – Инвест”.

– ба истифода додани марҳалаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳии ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик”.

  • дар шаҳри Истиқлол:

– дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин гузоштани санги асоси бунёди марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис;

– ба истифода додани хатти оби полезӣ барои бунёди боғи хуч дар масоҳати 150 га;

– ба истифода додани коргоҳи нонпазӣ ва қаннодии “Файзи Истиқлол”;

  • кушодашавии коргоҳи дӯзандагию колинбофӣ.
  • дар ноҳияи Зафаробод:

– мавриди истифода қарор додани хатти оби полезӣ дар мавзеи Заррези ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҷомӣ;

– ба фаъолият оғоз намудани хоҷагии моҳипарварӣ;

– ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии дастӣ аз абрешим «Шарифамоҳ» дар деҳаи Зарафшони деҳоти А. Ҷомӣ;

– мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани рустанӣ дар ҶДММ “Кони ганҷ”.

  • дар шаҳри Хучанд:

– ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Азияполитекс» дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд;

– мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ.

Вазъи номуътадили ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки дар ин раванд фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусиро барои ободониву созандагии давлат, бунёди иншоотҳои моҳияти иҷтимоию иқтисодидошта ва болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона намоем. Аз ҷониби роҳбари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва умуман баланд бардоштани некуаҳволии мардум бо дарназардошти имкониятҳои мусоиди табииву ҷуғрофӣ ва истеҳсолию истеъмолӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардиданд:

  • андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати амамлигардонидани стратегияву барномаҳои милливу минтақавӣ, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат доир ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ;
  • муносибат ва фаъолияти ҷиддӣ зоҳир намудан ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил намудани захираи кофии маҳсулот, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷудбуда;
  • диққати додан ба истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил дар заминҳои обӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва захира кардани маҳсулот барои фасли замистон;
  • бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ;
  • бунёд намудани гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо тарзу усул ва истифодаи технологияҳои пешқадам;
  • зери назорати доимӣ қарор додани амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, хусусан, бунёди сифатноки иншооти пешбинишуда, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизот ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта;
  • вусъат бахшадани фаъолияти худ дар ташкил намудани корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати иқтисодиёт;
  • андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои азкормонда ва рушди содироти маҳсулот;
  • андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати омӯзиши сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе навъҳои маҳсулоти соҳаҳо ва пешгирӣ намудани ин раванд;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии ҳарчи бештари онҳо дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани сокинони маҳаллӣ, инчунин, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ ва бо шуғл таъмин намудани сокинони вилоят, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон.

Аз ин рӯ, бояд барои рушди ҳаматарафаи иқтисодиёт ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ корҳоро дар ин самтҳои зикргардида дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тақвият бахшем.

Содиқова А.Ф.,

муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед