Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи идора намудани афкори ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Афкори ҷамъиятӣ фикру андешаҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро дар робита ба масъалаҳои мухталиф фарогир буда, имкон фароҳам меорад, ки моҳияти воқеиятҳо аз нигоҳи аҳолӣ баррасӣ карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ нақши афкори ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта афзалияти бештар дорад. Бо назардошти вазъи муосир дар равандҳои иҷтимоӣ афкори солим ва носолимро аз ҳамдигар фарқ намудан ба манфиати кор мебошад. Зеро риояи принсипҳои иҷтимоӣ ва афзалият додан ба афкори солим, имкон фароҳам меорад, ки зимни баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ тамоми ҷанбаҳо мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шаванд.
Аз равандҳои сиёсӣ бармеояд, ки афкори ҷамъиятӣ бо иқтидори мудофиавии кишвар робитаи ногусастанӣ дошта, маҳз афкори солим мудофиаи мамлакатро ҷонибдорӣ мекунад, муносибатро ба масъалаҳои ҳарбӣ ташаккул медиҳад ва ба майлу хоҳиши аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок дар мудофиаи мамлакат таъсир мерасонад. Аз нигоҳи илмҳои равоншиносӣ то шахс руҳан омода набошад, ҷисман кореро аз уҳдааш намебарояд. Таърих борҳо собит сохтааст, ки сарлашкарон маҳз бо руҳи шикастнопазир ғалаба ба даст меоранд. Ба андешаи мутафаккири Чини Қадим Сун Тзи “дар ҷанг бо қувва метавон истодагарӣ намуд, аммо ғалабаро бо иродаи қавӣ метавон ба даст овард”. Аз ин бармеояд, ки афкори ҷамъиятӣ дар қабули қарорҳои муҳимми мудофиа, сафарбаркунии захираҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба сафи Артиш заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ вобаста ба ин масъала қайд намудааст, ки якдилии лашкар боиси муваффақияти он мегардад:
Касеро зафар бар зафар ҳосил аст,
Ки дар пурдилӣ лашкараш якдил аст.
Бо дарназардошти он, ки афкори ҷамъиятӣ ба дарки таҳдидҳои беруна ва қарорҳои дохилӣ доир ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъсир мерасонад, устувории иқтидори мудофиавии кишвар ба сатҳи ризояти шаҳрвандӣ, дастгирии маънавии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин, омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда вобастагии зич доранд. Ба ин хотир, ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз вазъи ҳарбию сиёсӣ ҷузъҳои муҳимми таъмини амнияти миллиро ташкил медиҳанд. Афкори ҷамъиятиро метавон тавассути омилҳои гуногун, аз қабили ёдоварӣ аз рӯйдодҳои таърихӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсӣ, шароити иқтисодӣ ва фаъолияти ВАО ташаккул дод.
Тавре зикр гардид, дар ташаккулёбии афкори ҷамъиятӣ ва сатҳи таъсиррасонии он ба масъалаҳои мудофиавии кишвар як қатор омилҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла ВАО ҳамчун ниҳоди паҳнкунандаи иттилоот дар ин раванд нақши муассир дорад.
Таҳқиқоти илмӣ ва маълумоти таҷрибавӣ исбот намудаанд, ки воситаҳои ахбори омма дар самти ташаккули ғоявии ҷамъият, эҳтироми арзишҳо, риояи меъёрҳо ва ба сафи Артиш даъват намудани ҷавонон, инчунин ҳавасмандӣ ва рафтори ҷавонон саҳми созанда мегузоранд.
Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки пайваста пешниҳоди намунаҳои мусбати хизмати ҳарбӣ тавассути ВАО ба ҷавонон таъсири назаррас мерасонад. Масалан, барномаҳо дар бораи корнамоиҳои шоистаи сарбозон ҷавононро руҳбаланд сохта, онҳоро водор месозад, ки Артишро як роҳи худшиносӣ ва хидмат ба ҷомеа қабул намоянд. Ҳамин тавр, ВАО метавонад симои Артишро ҳамчун як сохтори масъулиятнок, ки кишвар ва ҷомеаро аз таҳдидҳо муҳофизат мекунад ва дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон мусоидат мекунад, эҷод намояд.
Таҳқиқоти таҷрибавӣ низ баёнгари он аст, ки маъракаҳои иттилоотӣ дар бораи манфиатҳои хидмати ҳарбӣ, имкониятҳои рушди шахсӣ, такмили ихтисос ва таҳсилот таваҷҷуҳи ҷавононро ба масъалаҳои ҳарбӣ ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Гузашта аз ин, механизмҳои иртиботи оммавӣ имкон медиҳанд, ки симои хизмати ҳарбӣ ҳамчун ҷузъи идеалҳо ва арзишҳои аз ҷониби ҷомеа пазируфташуда ташаккул ёфта, ҷавононро ба қабули масъулиятҳои ватандӯстиву шаҳрвандӣ, аз ҷумла ба хизмати ҳарбӣ ташвиқ намоянд.
Аммо мутаассифона, ҳастанд баъзе расонаҳои хабарие, ки тавассути пахш намудани гузоришҳои якҷониба ё хабарҳои манфӣ дар зеҳни мардум иттилооти ғалатро нисбат ба Артиш ҷой медиҳанд. Дар натиҷа, фикру андеашҳои носолим роҷеъ ба Артиши миллӣ миёни мардум паҳн гардида, бо руҳияи башардӯстӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ халал ворид месозад.
Дар ин замина, набояд фаромӯш сохт, ки моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як фарди ҷомеаро барои ҳимояи ватан масъул гардонидааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Ҳамчунин, дар моддаи 35-и Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шаванд, оварда шудааст. Тибқи ин қонун даъватшаванда уҳдадор аст, ки бо даъвати Комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, комиссияи даъватӣ ё барои фиристодан ба қисми ҳарбӣ бо мақсади адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳозир шавад ва дар Комиссариати ҳарбӣ то сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ қарор гирад. Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз рўйи даъват, бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда тибқи талаботи моддаи 683-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “аз рўйи даъват ҳозир нашудан ба Комиссариати ҳарбӣ”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Тибқи моддаи 343-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин, саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда (аз 32000 то 64000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Инчунин, мутобиқи моддаи 344, дар ҳолати саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Аммо ба таври зарурӣ ва саривақтӣ огоҳ намудани ҷомеа аз меъёрҳои қонунгузорӣ ба ҷомеа имкон медиҳад, ки сатҳи тафаккури худро нисбат ба масъалаҳои ҳарбӣ беҳтар намуда, дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар мусоидат намоянд.
Ҳамин тавр, таҳқиқот ва далелҳои илмӣ собит месозанд, ки агар ВАО рисолати аслии худро беғараз ва дар доираи манфиатҳои миллӣ иҷро намояд, дар ташаккули мафкуравии ҷомеа таъсири мусбат расонида, ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ба таври самаранок ҳавасманд карда метавонад.
Вақте афкори ҷомеа ба таври солим ва орӣ аз тамоми воҳимаю асотири беасос ташаккул ёбад, дар самти таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар ҷавонон камари ҳиммат баста, барои ҳимояи марзу буми давлат мубориза мебаранд. Халқи тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ маҳз бо афкори созанда дар саҳифаҳои таърих номи худро бо ҳарфҳои заррин сабт карданд.
Моҳира Таварова,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон