Ҳадаф аз ташкил ёфтани Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар таҳкими муносибатҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, хусусан дар замони буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муҳим буда, дар рушди муносибатҳо дар самтҳои мухталифи дохилӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъсиси бозори минтақавии энергетикӣ, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад, баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, рушди сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, татбиқи як қатор барномаҳои муҳимми инфрасохторӣ, ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангӣ ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ ҳамчун унсурҳои калидии ҳамкорҳо миёни каишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мебошанд, ки барои ҳар як кишвар саривақтӣ ва зарурӣ баҳисоб меравад.
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ соли 1985 пас аз бастани Паймони Измир аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Туркия таъсис ёфта, 28-уми ноябри соли 1992 ҳафт кишвари дигар аз ҷумла, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, расман ба ин созмон аъзо гардиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки то соли 1992 ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои Созмони мазкур ба таври дуҷониба сурат мегирифт. Пас аз шомил гардидани ҳафт кишвари дар боло овардашуда муносибатҳои онҳо тадриҷан фарохтар гардид.
Бояд гуфт, ки соли 1995 дар ҷаласаи 50-умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо ин Созмон қабул гардид, ки Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мақоми нозирро дар СММ касб намуд. Ҳамчунин, кишварҳое, ки дар ин Созмон узв ҳастанд бо ҳамдигар имконияти густурда дар рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро сазовор буда, тайи солҳои охир мамлакатҳои узв тавонистанд дар тақвиятёбии муносибатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои беназир дошта бошанд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, кишварҳои узв лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла энергетика, тиҷорат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, энергияи сабз ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир мавриди амал қарор медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки 14-уми декабри соли 2002 дар шаҳри Истанбули Туркия мулоқоти ҳафтуми сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ багузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Дар нишасти мазкур Стратегияи минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узв дар раванди муносибатҳои бисёрҷанбаи иқтисодӣ инъикос гардида, баргузории мулоқоти ояндаи Созмон дар моҳи сентябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе қарор қабул гардид. Сипас 14 сентябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳаштуми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар ин мулоқот аз ҷониби кишварҳои узв масъалаҳои дурнамои фаъолияти ташкилоти бонуфузи иқтисодӣ, зарурати ҳамдастӣ дар истифодаи захираҳои обӣ, рушди тиҷорат, инкишофи шабакаҳои нафту газ, афзоиши маҳсулнокии истеҳсолот, таҳияи стратегияи дарозмӯҳлати саноатӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя тавассути муассисаҳои байналмилалии молиявӣ мушаххасан мавриди барасӣ қарор гирифт.
Бояд қайд кард, ки дар шаш моҳи соли 2023 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 54,2 млрд сомониро ташкил дода, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 3 миллиарду 415 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба шаш моҳаи соли 2022 98,1 миллион доллар камтар мебошад. Аз ин нишондиҳанда 678,6 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот содир гардида, харҷи воридоти молҳо бошад ба 2 миллиарду 736,4 миллион доллар баробар гардид. Бояд гуфт, ки нишондиҳандаи дигари заминаи рушди иқтисоди миллӣ байни кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ин гардиши тиҷорати хориҷӣ, мебошад, ки ин нишондиҳанда тамоюли болоравӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар таҳкиму рушди иқтисоди миллӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ натиҷаҳои мусбатро ба даст овард. Масалан, агар соли 1994-ум гардиши тиҷорат бо Ҷумҳурии Қазоқистон 42,9 млн долларро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022-юм ба 1441,2 млрд доллар (беш аз 33 маротиба) баробар гардид. Ҳамчунин, соли 1994-ум агар гардиши тиҷорат бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 105,9 млн долларро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2022-юм ба 554,4 млн доллар (беш аз 5 маротиба) расидааст.
Хотирнишон бояд сохт, ки ҳаминтавр 11-уми марти соли 2009 дар Ҷумҳурии исломии Эрон, 23-юми декабри соли 2010 дар Туркия, 16-уми октябри соли 2012 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, 1-уми марти соли 2017 дар Ҷумҳурии исломии Покистон, 4-уми марти соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми ноябри соли 2021 дар Туркманистон баргузор гардида буд. Саммити 16-уми Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ санаи 9-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии пурмуҳтаво Пешвои миллат ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро дар соҳаи тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар бар гирифта, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шуморида шуд.
Мусаллам аст, ки ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону шарикони рушд пайваста дар ҳошияи иштироку суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба соҳаҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва рушди муносибатҳои бисёрҷанба таконбахш мебошад.
Бояд гуфт, ки рушди муносибатҳои судманд дар раванди иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳои узв барои дилхоҳ давлат яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, афзалиятҳо ва самтҳои калидии мамлакат ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор пурра дар «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст.
Ҳамин тавр, аз муносибати мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ барои рушди иқтисоди кишварҳои узв ба азму иродаи қавӣ ва ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти олии кишвар эътимоди зиёд дошта, дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон