Асоси рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар як давлат ва ҷомеа аз ҷалби сармоя вобастагӣ дорад. Маҳз истифода ва ҷалби сармоягузорон боиси бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои саноатию энергетикӣ, роҳҳою нақбҳо буда, метавонад дар муҳайё намудани шароити арзандаю созгор барои аҳолии кишвар мусоидат намояд.
Аз ин ҷост, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.04.2014 сол таъкид намуданд, ки: “Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин, пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи стандартҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ, механизмҳои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем”.
Маҳз таъкидҳо ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, инчунин дастгирии сармоягузорон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумату давлат дар сиёсати калидии худ ба ин самт ҳамчун самти пешбурди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ эътимоди комил доранд.
Асоси пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, бахусус соҳаҳои саноат, нақлиёт, алоқа, сохтмон, энергетика, маорифу тандурустӣ, ба амнияти сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ вобастагӣ дошта, дар сиёсати давлат мавқеи хоссаро касб намудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ ҷалби сармояи хориҷӣ, дар маҷмӯъ ,644,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, аз ин 326,8 млн. долл. ИМА – ро сармояи мустақим ва 317,7 млн. долл. ИМА –ро дигар навъи сармояҳо ташкил медиҳад (ниг: Ҷадвали 1).
Ҷадвали 1.
Ҳаҷми сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (млн. дол. . ИМА)
2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | Ҳамагӣ дар 5 соли охир | |
Сармояи мустақим | 377,4 | 470,9 | 434,2 | 354,5 | 326,8 | 1963,8 |
Дигар намуди сармояҳо | 530,4 | 506,9 | 408,4 | 245,9 | 317,7 | 2009,3 |
Сармояҳои портфелӣ | 1,4 | 0 | 0,1 | 500 | 0 | 501,5 |
Ҳамагӣ | 909,2 | 977,8 | 842,7 | 1100,4 | 644,5 | 4474,6 |
*Омори сармоягузории хориҷӣ дар соли 2018, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: https://investcom.tj/tj/sarmoya/faolijati-sarmojaguzor/27-omori
Аз ҷадвали 1 мушоҳида мегардад, ки дар панҷ соли охир ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 4 474,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, ҷалби сармояҳои портфелӣ бениҳоят кам мебошад, аз рӯйи ин нишондиҳанда хулоса кардан мумкин аст, ки бозори қоғазҳои қиматнок бо маҳдудиятҳо фаъолият мекунад ва ҷалби сармояи портфелӣ тавассути хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ғайри имкон мебошад.
Новобаста ба фаъолияти бозори қоғазҳои қиматнок ба истиснои сармояи портфелӣ, ҷалби сармояи мустақим ва дигар навъи сармояи хориҷӣ сол то сол афзоиш ёфта, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии кишвар равона мегардад (ниг: Расми 1).
Расми 1. Ҳиссаи сармояҳои хориҷӣ дар бахшҳо дар соли 2018 , %
*Маводи МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар расми 1 дида мешавад, ки танҳо дар соли 2018 сармояи хориҷӣ ба соҳаи саноат 367,6 млн. дол. ИМА, хизматрасонии молиявӣ 112,6 млн. дол. ИМА, нақлиёт ва алоқа 82,2 млн. дол. ИМА, кишоварзӣ 17,9 млн. дол. ИМА, маориф 0,3 млн. дол. ИМА, сохтмон 28,9 млн. дол. ИМА ва дигар соҳаҳо 11,5 млн. дол. ИМА равона карда шудааст. Маълум мегардад, ки соҳаи саноат ва хизматрасонии молиявӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолибтар мебошанд.
Таҳлили вазъи рушди сармояи асосӣ дар минтақаҳои кишвар барои солҳои 2014-2018 нишон медиҳад, ки барои ҷалби сармоя аз ҳама бештар шаҳри Душанбе афзалият дорад, чунки даромаднокии аҳолии шаҳри Душанбе назар ба дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтар буда, ҳамзамон нисбат ба дигар минтақаҳо инфрасохтори инкишофёфта ва иқлими барои сармоягузорӣ мусоидро доро мебошад (ниг: Ҷадвали 2).
Ҷадвали 2
Вазъи рушди сармояи асосӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(млн. сомонӣ)
Солҳо | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 |
Сармоягузориҳо дар ҷумҳурӣ | 7 492,7 | 9 749,9 | 11 179,7 | 11 208,5 | 13 051,4 |
Сатҳи рушди сармоягузориҳо | 100,0 | 130,1 | 114,7 | 100,3 | 116,4 |
ВМКБ (млн. сомонӣ) | 88,6 | 243,8 | 353,1 | 395,7 | 505,6 |
Сатҳи рушд | 100,0 | 275,2 | 144,8 | 112,1 | 127,8 |
Ҳиссаи вилоят дар сармоягузориҳо | 1,2 | 2,5 | 3,2 | 3,5 | 3,9 |
Вилояти Суғд | 1 380,9 | 1 658,9 | 1 929,1 | 2 052,3 | 1 482,6 |
Сатҳи рушд ва | 100,0 | 120,1 | 116,3 | 106,4 | 72,2 |
Ҳиссаи вилоят дар сармоягузориҳо | 18,4 | 17,0 | 17,3 | 18,3 | 11,4 |
Вилояти Хатлон | 1 391,3 | 1 503,8 | 2 376,1 | 2 160,7 | 2 663,1 |
Сатҳи рушд | 100,0 | 108,1 | 158,0 | 90,9 | 123,3 |
Ҳиссаи вилоят дар сармоягузориҳо | 18,6 | 15,4 | 21,3 | 19,3 | 20,4 |
ш. Душанбе | 2 746,6 | 3 363,4 | 3 023,7 | 2 797,7 | 2 743,0 |
Сатҳи рушд | 100,0 | 122,5 | 89,9 | 92,5 | 98,0 |
Ҳиссаи шаҳр дар сармоягузориҳо | 36,7 | 34,5 | 27,0 | 25,0 | 21,0 |
НТҶ | 1 732,1 | 2 968,0 | 3 502,0 | 3 802,1 | 5 657,1 |
Сатҳи рушд | 100,0 | 171,4 | 118,0 | 108,6 | 148,8 |
Ҳиссаи НТҶ дар сармоягузориҳо | 23,1 | 30,4 | 31,3 | 33,9 | 43,3 |
*Маводи МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маблағгузорӣ дар ҳамаи минтақаҳо хусусияти динамикӣ дошта, дар умум, сатҳи инкишофёбиро соҳибанд. Вобаста ба ин, сатҳи рушди сармоягузориҳои асосӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 чунин натиҷагирӣ шудааст: ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) – 5 657,1 млн сомонӣ, ба шаҳри Душанбе – 2 743, 0 млн. сомонӣ, ба вилояти Хатлон – 2 663,1 млн сомонӣ, ба вилояти Суғд – 1 482, 6 млн сомонӣ ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) – 505,6 млн сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. Имкониятҳои истифодагардида дар минтақаҳои кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ба се гурӯҳи минтақаҳо ҷудо гардидаанд:
– минтақаҳои рушди сармоя;
– минтақаҳои рӯ ба рушди сармоя;
– минтақаҳои дар ҳоли рушди сармоя.
Бо назардошти ҷалби сармояҳои асосии дар соли 2018 нишондодашудаи болозикр маълум мегардад, ки:
– ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби 5 657,1 млн. сомонӣ ва шаҳри Душанбе – 2743,0 млн. сомонӣ сармоя ҳамчун минтақаҳои рушди сармоя;
– вилояти Хатлон бо ҷалби 2663,1 млн. сомонӣ ва вилояти Суғд бо ҷалби 1482, 6 млн сомонӣ сармоя ҳамчун минтақаҳои рӯ ба рушди сармоя;
– вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) – 505,6 млн сомонӣ сармоя ҳамчун минтақаи дар ҳоли рушд маҳсуб меёбанд.
Тибқи таҳлилҳо аз ҳаҷми умумии сармоя ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас дорад. Дар солҳои 2007 то 2018 сармояи хориҷӣ аз кишварҳое, ки дар доираи созишномаҳо ҳамчун шарикони ҳамкори Тоҷикистон ба шумор мераванд, 9 258,6 млн. долл. ИМА ҷалб гардид, ки аз онҳо сармояи мустақим 43,2%, дигар навъи сармоя 51,4% ва сармояи портфелӣ 5,4% ташкил додааст (Расми 3).
Расми 3. Ҷалби сармояи хориҷӣ дар солҳои 2007-2018 (%)
*Омори сармоягузории хориҷӣ дар соли 2018, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: https://investcom.tj/tj/sarmoya/faolijati-sarmojaguzor/27-omori
Тибқи таҳлилҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар солҳои 2007– 2018 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи хориҷӣ бештар аз ҷониби Ҷумҳурии Мардуми Чин – 330,5 млн. долл. ИМА (27,9%), ин маблағҳо ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омӯзиши геологӣ ва истихроҷ, саноати сохтмон, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва газӣ, кишоварзӣ ва таҷдиду таъмири роҳҳо равона гардидаанд. Аз ҷониби Федератсияи Русия – 21,5 млн. долл. ИМА (17,2%) ба соҳаи хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, истихроҷи нафти хом ва гази табии. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 8,7 млн. долл. ИМА (7,3%) ба соҳаҳои маориф, молиявӣ, Британияи Кабир – 61,4 млн. долл. ИМА (7,0%) ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, саноат, омӯзиши геологӣ ва истихроҷи конҳо равона шудаанд. Яке аз самтҳои муҳимтарини зиёд намудани ҳаҷми сармоя тавассути ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили корхонаҳои муштарак ба шумор меравад. Зарурати ташкили корхонаҳои муштарак бо истифода аз сармояи хориҷӣ дар он асос меёбад, ки соҳибкории муштарак барои муайян намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда, дар ташаккули зерсохтори иқтисодӣ ва мустаҳкамии мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти тайёр нақши муҳим мебозад. Барои бунёди корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи хориҷӣ воридоти технологияҳои муосири пешрафта, истеҳсоли маҳсулотҳои ба рақобат тобовар, дарёфти бозори фурӯши маҳсулот дар дохил ва хориҷи кишвар, бозгардонии маблағ ва сатҳи музди меҳнат, ки ба мақсадҳои ниҳоии сармоягузор равона гардидааст, зарур мебошад.
Дар ҷараёни ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои муҳими сармоягузории мустақими хориҷиро дар муқоиса бо дигар навҳои кумаки иқтисодӣ қайд намудан зарур аст. Сармоягузории мустақими хориҷӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун сарчашмаи маблағгузорӣ барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасониҳо, инчунин, технологияҳо, ташкили усулҳои пешқадами идоракунӣ ва маркетинг хизмат менамояд. Сармоягузории мустақим бо шарофати муттаҳидшавии истеҳсолӣ ва илмӣ-техникӣ самаранокии бештари ҳамгироии иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъмин мегардад.
Наздик будан ба сарчашмаҳои ашёи хом ва таъмин будан бо қувваи кории маҳаллии арзон истеҳсолоти муштаракро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб менамояд. Ин фоидаи мустақим ба шарикон ва самаранокии баланди маблағи сармоягузоришуда ба шумор меравад.
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чунин мушкилот мавҷуд аст :
- маҳдуд будани бозори дохилӣ ва ҳамгироии заифи байналмилалии тиҷоратию иқтисодӣ, ки бо дурдаст аз бозорҳои калони ҷаҳонии истеъмолӣ ва роҳҳои асосии тиҷоратию нақлиётӣ алоқаманд аст;
- вусъатдиҳии нокифояи инфрасохтори сармоягузорӣ (инфрасохтори бонкӣ, иттиллотию таҳлилӣ, машваратӣ ва дигар) ва камбудиҳо дар механизмҳои таъмини ҳуқуқҳои молу мулкӣ, инкишофи заифи муносибатҳои шартномавӣ;
- нокифоя будани алоқамандии лоиҳаҳои кӯмакҳои беруна бо афзалиятҳои чорабиниҳои миллӣ, стратегияҳои соҳавии барномаҳои рушди минтақавӣ.
Инчунин, масъалаи дигаре, ки ба ҷалби сармоя ва амнияти сармоягузорӣ сабаб шуда метавонад, ин дастгирии иқдомҳои сармоягузорон дар мавриди рушди сармояи инсонӣ, тарбияи мутахассисон, аз қабили технологҳо, техникҳо ва муҳандисони кордон дар маҳал ва фарогирии онҳо ба истеҳсолот, ки имконияти кам кардани сатҳи камбизоатиро ба ҳар сари аҳолӣ ба вуҷуд оварда, таҳкими саноатикунониро дар асоси инноватсия фароҳам меорад, вусъат мебахшад.
Дар шароити имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии ҷараёни сармоягузорӣ бо истифода аз усулҳои нави баҳодиҳии он, ки ба мақсаду маромҳои дар стратегияю барномаҳо пешбинигардида мувофиқат мекунад, саривақтӣ буда, натиҷаҳои самараноки иқтисодии кишвар ба ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини амнияти сармоягузорӣ марбут аст.
Камила Юсуфбекова,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон