Равандҳои ҷаҳони муосир пурпечутоб ва хатарнок буда, то рафт афзоиш ёфтани танишҳо миёни давлатҳо, қавӣ гардидани терроризми байналмилалӣ ва ҳамчун аслиҳаи дасти абардқудратҳо гардидани он, рушди бемайлони қочоқи маводи мухадир, ҷинояткории фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо таҳдиду хатарро барои кишварҳои минтақа эҷод намуда, давлатҳои рӯ ба рушдро водор месозад барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният ва ҳифзи субот ба иттиҳод майл кунанд.

Дар шароити мураккаби  минтақа ва ҷаҳон миёни дигар созмонҳо СААД нақши ҳалкунандаи худро бозида истодааст. Аз таъсис ёфтани СААД 20 – сол пур шуда бошад ҳам, дар ин муддати кутоҳ комилан аён аст, ки таъсиси созмон иқдоми дуруст ва саривақтӣ будааст. Имрӯз наметавон вазъи ҷаҳониро пешгӯи кард, зеро ҳар лаҳза тағйиротҳое ба миён омада истодаанд, ки ғайриинтизор, пурпечутоб ҳастанду барои кишварҳо таҳдид эҷод менамоянд.

Айни ҳол вазъият нисбат ба 20-сол пеш вазнину мураккаб буда, ба вуҷуд овардани фазои ягонаи амниятӣ боиси ҳифзи суботи пойдор дар минтақа гардидааст.

СААД оид ба таҳдиду хатарҳо ҳам дар минтақа ва ҳам берун аз он пайваста диду мавқеи худро воқеитар намуда, барои пешгирии амалҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ меандешад.  Зеро вазифа ва ҳадафҳои созмон аз “таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв” иборат мебошад.

Минтақаи СААД ҳамеша таваҷҷуҳи абарқудратҳоро аз ҷиҳати геополитикӣ ва геоиқтисодӣ ба худ ҷалб карда, муборизаҳоро миёни кишварҳои нерӯманд афзоиш медиҳад. Дар натиҷаи талоши ҳимояи манфиатҳои худ, манфиатҳои давлатҳои минтақа аз авлавият берун шуда, кишварҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Бинобар ин, мавҷудияти созмон боис мегардад, ки фазои ягонаи амниятӣ ва муқобилият дар баробари чолишҳои муосир осону мустаҳкам гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммият ва зарурати СААД – ро комилан дарк намуда, аз рӯзҳои аввали таъсиси он барои мустаҳкам, пурқувват ва тақвият ёфтани созмони мазкур ҷаҳду талоши худро равона карда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2003, 2007, 2015 ва 2021 раёсати созмонро ба уҳда дошт. Дар тӯли ин муддат чор маротибае, ки раёсати СААД бар души Тоҷикистон буд, роҳбарияти кишвар тамоми кӯшиши худро ба он равона кард, ки чорабиниҳо дар сатҳи олӣ гузаранд ва қарорҳои муҳим ба имзо расанд.

Тоҷикистон ҷонибдори рушду ҳамкории мутақобиланд судмандро дар чаҳорчӯби созмон хостор буда, фаъолияти СААД – ро ба нафъи манфиатҳои миллии кишвар ва сиёсати хориҷии худ медонад.

Тӯли солҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД декларатсияҳои ҳаётан муҳим қабул гардида, барои рушду нумӯи созмон ва суботи минтақа муҳим мебошанд. Пас аз 20 – сол терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва сепаратизм бештар хатарнок шуда, дар марзҳо таҳдидҳоро ба миён меоранд. Нақш, аҳамият ва нуфузи созмон дар меҳвар қарор гирифта, рӯз то рӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътибори хосса касб менамояд.

Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳо ва иштирок саҳми фаъол дошта, дар машқҳои ҳарбии муштарак: “Взаимодействие – 2021”, “Поиск – 2021” ва “Эшелон – 2021” ширкат кардааст. Баргузории чунин чорабиниҳо ҳолати омодабошии ҳарбиёнро баланд бардошта, тактикаҳои навро аз худ карда, чи гуна дар муқобили таҳдидҳои навзуҳур истодагарӣ намуданро меомӯзонад.

Хулоса, СААД як блоки дифоии ҳарбӣ буда, дар ин муҳлати кутоҳ созмони мазкур натиҷаи мусбати фаъолияти худро нишон дод. Аз ҷумла, дар ҳаводиси Қазоқистон барои барқарории субот ва таҳкими амният созмон нақши ҳалкунанда бозид.

ҶАҲОНГИР МАҲМАДЗОИР,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед