Таърих гувоҳ аст, ки бо дарки баланди ҳуввияти миллӣ дар рӯзҳои даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ барқарор намудани сулҳу суботи сиёсӣ кори саҳлу осон набуд, вале муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ на ҳамчун як сиёсатмадор, балки бо тинати пок ва андешаи наҷоти кишвар дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Инак, ибтидо аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад, ки дар ин росто хурду бузурги кишвар марди олиму оқилу фозилу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофарин медонанд.

Бо дарназардошти ин, масъалаи рушди иқтисоди миллӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, мунтазам  тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад. Бо ибтикору хизматҳои шабонарузии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ басо назаррас гардидаанд.

Мусаллам аст, ки дар асоси гуфтаҳои боло ва хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, то имрӯз муносибатҳои хуби дипломатии 183 кишвари ҷаҳон боиси таъсиси 39 адад намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон таъйин гардидани сафирони ғайримуқим гардидааст. Ҳамзамон, имрӯз 24 адад сафорати кишвари хориҷӣ ва 57 адад намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ дар пойтахти мамлакат фаъолият менамоянд. Илова ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои судмандро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат ҳисобида, ҳамчун кишвари ташаббускор узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва иштирокчии беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ дониста шуда, ба роҳ мондани сиёсати иқтисоди хориҷии кишвар ба дастоварҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардид.

Воқеан ҳам, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва бархӯрди давлатҳои абарқудрат таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар як кишвар ба осонӣ ба даст наомада, ҳифзи  фазои сулҳу субот ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҳамеша масъалаи муҳимму ҳалталаб боқи мемонад. Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд, ки дар натиҷа новобаста ба муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ва таъсири он ба муҳити микро- ва макроиқтисодӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар соли 2022 ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсади солона таъмин гардид.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ 27-июни соли 1997 дар иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад. Пас аз солҳои 2000-ум бошад, дар низоми молия ва иқтисоди миллӣ тағйиротҳои назаррас ва қувваҳои пешбаранда ба вуҷуд омаданд, ки роҳбарияти олии кишвар барои сохтани корхонаҳои саноатии азим саҳми калон гузошт.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намуда, аз 2 марти соли 2013-ум барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзо ва рушди саноати кишвар 159-умин давлати узви комилҳуқуқи созмони бонуфузӣ – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид. Дар натиҷа, ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи мамлакат бо шарикони рушд замина гузошт.

Дар ин хусус саъю кўшиши Њукумати кишвар барои расидан ба ҳар як мақсади гузошташуда беназир аст. Масалан, дар соли 2022-юм ММД ба 115 млрд. сомонӣ расид, ки дар баробари ин даромади пулии аҳолӣ ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин росто барои ноил гардидани ҳадафҳои рушди ҳазорсола ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад, ки дар асоси амалӣ гардидани стратегияи мазкур то соли 2030 бояд ҳамасола афзоиши ММД 7-8 дарсадро ташкил намояд. Дар давраи пешбинишуда ҳаҷми ММД се маротиба ва аз ин зиёд афзоиш меёбад ва ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ 2,5 маротиба меафзояд. Ҳамзамон, то соли 2030 дар доираи 7 дарсад сатҳи таваррумро нигоҳ дошта, сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш меёбад.

Махсусан, тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда, имкон фароҳам овард, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 дарсад расонида шавад. Бинобар муҳиммияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар зимни ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар доираи солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки имрӯз яке аз омилҳои рушди иқтисоди кишвар маҳз рушди соҳаи саноати мамлакат дониста мешавад. Дар натиҷа, давра ба давра бо вусъат ёфтани фазои сармоягузорӣ ва аз байн бурдани монеаҳо байни илм ва истеҳсолот технологияҳои пешқадами хориҷӣ ворид гардида, барномаҳои дарозмуддати Ҳукумат беш аз пеш амалӣ гашта истодаанд. Ҳиссаи соҳаи саноат низ дар ММД сол ба сол зиёд гардида, тибқи пешбиниҳо то амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 22-23 дарсад хоҳад расид.

Имрӯз халқи сарбаланди азизамон шоҳиди он аст, ки дар ҳамаи самтҳои иқтисоди миллии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба чашм расида, тибқи омори расмии кишвар, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсад то 31 дарсад дар соли 2015, аз 27,4 дарсади соли 2018 то 22,5 дарсад дар соли 2022 қариб 3 маротиба коҳиш дода шуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳоло дар мамлакат қонун волоият дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз давлатҳои амнтарини сайёра ба шумор рафта, маҳз фазои сармоягузорӣ бо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беҳтар гашта истодааст. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мақому нуфузи худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол боз ҳам боло бурда истодааст.

 

Ораз Муртазоев,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Душанбе (Нашри махсус)  №63-64 (2843-2844) 16 ноябри соли 2023

Чоп кунед