Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз санадҳои муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар бар мегирад. Дар муҳтавои он таҳлили натиҷаи соли сипаригардида, Барномаи мукаммали кории тамоми сохтору ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи имрӯза ба сӯйи рушди устувор бунёди давлатдории навин, ояндаи дурахшони мардуми тоҷик равона мегарданд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои созанда пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи насли наврас як нуқтаи муҳимро таъкид менамоянд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масраф намудани маблағҳои гарон ба тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ талош меварзанд. Аз ҷумла, хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо низ барои ноорому гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, қишри ҷавонон, бор кардани фарҳангу мазҳаби бегона аз тамоми воситаҳои мубориза аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ васеъ истифода бурда истодаанд.
Хатари терроризм ва экстримизми динию мазҳабӣ аксари мамлакатҳои дунёро нигарон карда, мардуми зиёди осоиштаро сарсону саргардон карда, ба як масъалаи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ва сайёра табдил ёфтааст. Вазъи амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити имрӯза пайваста тағйир меёбад, эҳтимолияти халалдор гардидани амнияту субот дар баъзе кишварҳо гардад. Бояд қайд намуд, ки решаҳои ин вабои аср хеле амиқ буда, фаъолияту муборизаи онҳо характери сиёсӣ дошта, бо шаклҳои гуногун идомаю амали мегарданд, ки боиси харобию куштор ва фирорӣ гардидани мардуми зиёди сайёра гардидааст. Заминаи ин созмонҳои хусусияти террористидошта таърихи садсола ва решаҳои заҳролуде доранд, ки аз амалҳои содир кардаи онҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Афғонистон мисолҳои зиёде оварда метавонем, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Аз таҳдиду хатари терроризм ҳеҷ як давлати дунё эмин буда наметавонад. Бинобар ин, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро зарурат пеш меояд, ки дар мубориза бар зиддӣ созмонҳои террористӣ ва ташкилкунандагони низоъҳои динию мазҳаби дастаҷамъона мубориза баранд.
Дар масири таърих нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат мебошад, ки баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстримистиву террористӣ таъмини амнияту суботи Тоҷикистони тоза истиқлол меҳнати ҷовидонаеро ба сомон расонидааст. Хатарнокии ин падидаи номатлубро дар ҳаёти мардуми худ паси сар карда буд. Бинобарин, ҳамеша дар суханрониҳо аз минбарҳои баланд ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатар огаҳ менамуданд, ки дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб бетафовут набошанд. Мақсаду талошҳо ба он равона мегардид, ки рӯзе фаро мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибати ин падидаро дар ҳаёти мардуми худ эҳсос менамоянд. Зарурате пеш меояд, ки дар ин самт тадбирҳои мушахассро барои ояндаи халқҳояшон андешанд.
Тариқи васоити ахбори омма аз гӯшаҳои гуногуни олам, хабару маълумоти зиёде оид ба рух додани ҳодисаҳои террористӣ пахш мегардад, ки харобию шумораи зиёди қурбониёнро дар пай доранд. Истифода шудани амалҳои террористию ифротгароӣ ва хатарнокии онро мо дар мисоли ҳодисаҳои давлати Сурия, Ироқ, Либия, Фаластин ва Афғонистон мебинем, ки сабабгори нооромӣ ва таназзули миллатҳо ва аз байн рафтани истиқлолият, фарҳангу забон ва арзишҳои сиёсии ин давлатҳо гардидааст. Ёдовар мешавем, ки ташкилу маблағгузории ҳамаи ин ҳизбу созмонҳои террористӣ бо дастуру дахолати доираи кишварҳои манфиатдори хориҷӣ амалӣ мегарданд, ки аз таъриху амалҳои анҷом додаашон мисолҳои зиёде овардан мумкин аст.
Солҳо сипарӣ мегарданд, аммо набояд аз таърихи сиёсии солҳои 90–уми асри гузаштаи кишварамон бехабар монем. Маҳз ҳамон солҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба амалҳои террористӣ, ифротгароӣ, бахусус, бунёдгароӣ бо ном исломиро дар атрофи ғояҳои дуруғини ТТЭ ҲНИ аз сар гузарониданд. Барои шарҳи пурраи мавзӯъ далелҳои зиёди тасдиқкунандае мавҷуд мебошанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо дастгирию саҳмгузории ҳамин созмонҳои террористӣ ба амал омада буд. Ин ташкилоти террористию экстримистии Ҳизби Наҳзати Исломи тафаккури ақидатии шаҳрвандони Тоҷикистонро заҳролуд намуда, ба қонуншиканию содир намудани ҷиноятҳои хусусияти гуногун дошта сафарбар намуд. Бо таблиғи тафриқаандозӣ, маҳалгароию бадбинӣ, кишвари тозаистиқлолу ороми Тоҷикистонро ба майдони рақобати минтақавӣ кашида, мусибатҳои гарони ҷонию молиро ба бор оварданд, ки аз ёдҳо фаромӯш намегардад.
Дар он рӯзҳои бесарусомонӣ ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд, даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандону ҳамсарони хеш маҳрум гардида, кӯдакони зиёде ятим монданд. Сатҳи бекорӣ баланд гардида, даҳо ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон тарки маҳалли зист карда, мушкилоти муҳоҷирату доғи ғарибиро чашиданд. Ҳазорон нафар ҳамватанони ғарибафтодаи мо дар мулки давлатҳои бегона аз хорию зулмат бо ёди Ватан ҷон додаанд. Ёд аз ин рӯзҳои мудҳиш аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои абарқудрати манфиатдор дар ҳама ҳолат метавонанд омилҳои хатарноки фаромиллиеро дар ин ё он кишвар ба вуҷуд оваранд, бо маблағгузорӣ қишри заифи ҷавононро ҳамчун қувваи бузург бо доми худ кашида, онҳоро ҳамчун қувваҳои харобиовару бадхоҳ бар зидди мардуми худашон истифода намоянд.
Солҳои охир амалҳои экстремистию террористӣ бештар хусусияти сиёсию иҷтимоӣ гирифта, фаъолияти онҳо бо шиорҳои дини ислом ҳамчун гурӯҳҳои сиёсии пинҳонкор, дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Афғонистон хеле фаъол гардидаанд. Ин раванд барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарзо буда, андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди терроризм ва экстремизм аз он иборат мебошад, ки дар Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои ӯ барои ҷустуҷӯйи роҳу усули самараноки мубориза баҳри пешгирӣ ва рафъи фаъолияти ҳизбу созмонҳои ифротгаро як қатор қонунҳо қабул ва амалӣ гардиданд. Масалан: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” барои солҳои 2016–2020 қабул гардидааст. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҳамчун дастурамал ва роҳнамои ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мавриди истифода қарор дода шудааст ба санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷавобгӯй мебошанд. Таҷрибаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти мубориза ва муқовимат бо ин падидаҳои номатлуб дар сатҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бесобиқа мебошад.
Дигар дастоварди меҳварии Сарвари давлат тайи даврони истиқлол якчанд маротиба китоби Қуръони маҷид, «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи ал–Бухорӣ»,“Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ” ва ғайра бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони тоҷикӣ нашр гардиданд. Мақсад аз он иборат буд, ки таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо омӯзиш ва дарки моҳияти амиқи дини ислом бештар гардад ва тафриқаи хурофоти динию мазҳабӣ аз байни аҳолӣ бардошта шавад.
Инчунин, бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1310–солагии бузургдошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам соли 2009 бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз 49 давлати дунё муҳаққиқон ширкату суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра дар ҳудуди кишварамон бо дассисаҳои ТТЭ ҲНИ равияҳои гуногуни хурофотии бунёдгароёна пайдо гардида, кинаву адовати динӣ ва низоъи миллиро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда истода буданд. Ҳадафи асосии ташкилу баргузории ин чорабиниҳои оқилонаю дурандешона аз байн бурдани ихтилофи динию мазҳабӣ мубориза бо хурофотпарастию шахсиятсозӣ дар кишвар буд.
Иқдоми дигар қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2010 оид ба масъалаи ба ватан баргардонидани 3 ҳазору 694 нафар донишҷӯёне мебошад, ки дар хориҷӣ кишвар таҳсил мекарданд. Қайд бояд намуд, ки ин теъдоди шаҳрвандон бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии кишварҳои Миср, Покистон, Яман, Либия, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Афғонистон таҳсил мекарданд. Аз соли 1997 сар карда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони мо бо умеди додани маълумоти хуби динӣ ба фарзандони худ дар мадрасаҳои хориҷӣ ва дигар марказҳои таълимии исломӣ шакли анъанаро гирифта буд. Мутаасифона, ин раванд баракс шакли хатароварро касб кард, аксар фиристодагон–наврасон бепарастор монда, онҳоро дар рӯҳияи хурофотӣ роҳи терроризм ва экстримизми динӣ таълим гирифтанд, ва огоҳона ё ноогоҳона шомили равияҳои гуногуни ифротӣ шуданд. Ҳукумати мамлакат аз мақсади ниҳонии онҳо сари вақт воқиф гардида, паёмади минбаъдаи онро дарк намуд. Қарори қабулкарда бисёр оқилона амалӣ гардид, беш аз 3 ҳазор донишҷӯ аз донишкадаҳои динии кишварҳои болозикр ба Ватан баргардонида оварда, дар донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Амали ба Ватану миллат хиёнат содиркардаи қисме аз ин хатмкардагони донишкадаҳои динии хориҷиро мо дар муҳорибаҳои боқимондаи дастаҳои террористӣ соли 2010–2012 дар ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар минтақаҳо дидем.
Яке аз корҳои таърихию одилонаи Пешвои муаззами миллат баргардонидану афв намудани беш аз 500 нафар шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористию ифротгаро пайваста буданд, инчунин, 84 кӯдаку навраси тоҷикистоние, ки дар минтақаи кишварҳои ҷангзада бепарастор монда буданд ба ҳисоб меравад. Яъне Ҳукумати мамлакат бо гузашти одилона имкониятеро барои нафарони роҳгумзада фурӯхташуда фароҳам овард, ки аз карда сидқан пушаймон шуда, аз узвияти чунин созмонҳои террористӣ ва тундгаро даст кашида, минбаъд дунболи ҳадафҳои ифротӣ нараванд. Ин иқдом солҳо идома ёфт ва тамоми мардуми Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ доданд, то дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ расидем. Яъне роҳҳои шомилшавӣ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро баста шуд.
Андешидани чораҳои судманд бо ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ баҳри пешгирии фаъолияти ҳизбу созмонҳои террористию экстримистӣ фазои сиёсӣ ва амнияту суботро дар кишвар пурра таъмин намуд. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15–уми августи соли 2019 ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ–экстримистӣ эътироф гардид. Инчунин, фаъолияти 18 ҳизбу созмон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетие, ки ба онҳо хизмат карда, фазои динии кишварро ба буҳрон мекашиданд, фаъолияташон манъ карда шуд. Пешгирӣ намудани таҳдиду хатари чунин ҳизбу ҳаракатҳо яке аз роҳҳои таъмини амнияту субот дар ҷомеа буд, зеро фаъолияти чунин ҳизбҳои ифротгаро метавонад мувозинати ақидатию идеологиро халалдор карда, заминаро барои ихтилофҳои оянда дар кишвар фароҳам созанд.
Барои баҳогузории самараноки кору фаъолияти кормандони мақомоти қудратии кишвар дар ин самт хулосаи таҳқиқоти яке аз марказҳои илмии таҳлилии ҷаҳонӣ мавриди ёдоварист. Маркази илмиву таҳлилии амрикоии “Callup” дар соли 2019 оид ба таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакатҳои дунё аз таҳдиди экстремизм ва терроризм пажӯҳиш гузаронид. Дар таҳқиқоти сотсиологӣ фикру андешаи 142 шаҳрванди давлатҳои сайёраро нисбати таъмини амният, гаштугузори шабонаю рӯзона дар ҳолати осоиштагӣ қарор доштани аҳоли баҳогузорӣ кардааст. Аз рӯйи маълумот натиҷаи таҳқиқот чунин аст, ҷойи аввал ба кишвари Сингапур, зинаи дуюм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба Аморати Муттаҳидаи Араб дода шудааст. Аз маълумот бармеояд, ки мақомоти ҳизфи ҳуқуқ баҳри таъмини амнияту суботи сартосари дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро амалӣ карда тавонистаанд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бори дигар аз паст нагардидани таҳдиди равияҳои экстримистӣ радикалӣ ва хурофотпарастиро таъкид карда, чунин вазифагузорӣ намудаанд. Фаъол гардидани нуфузи чунин ҳизбу созмонҳо дар ҳамсоякишвар Афғонистон, яке аз омили асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор рафта, аз мо андешидани чораҳои муштараки дастаҷаъмонаро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, вазорату кумитаҳои дахлдор сохторҳои қудратиро зарур мебошад, ки баҳри мубориза ва пешгирии экстремизм ва терроризм дар кишвар ба нуқтаҳои мазкури дар Паём ироа гардида таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд:
Якум, таҳлилҳои муқоисави нишон медиҳанд, ки айни замон фаъолияти ташкилотҳои террористӣ–экстримистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, фаъол гардида, барои амали гардонии ҳадафи худ аз технологияи навини иттилоотии пешрафта истифода намуда, бо роҳи тафсири дуруғини сарчашмаҳои динӣ дар тафаккури баъзе шаҳрвандони сустирода, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ андешаҳои тундгароиро ҷой намуда, онҳоро ба қатлу куштор, тезутунд гардонидани вазъи сиёсӣ, суботу ороми дар мамлакатҳои гуногуни дунё аз ҷумла, бар зидди Тоҷикистон ташвиқу таҳриқ намуда истодаанд. Таблиғоти ғаразноки ин созмону ҳаракатҳо ҳоло бештар ба қишри таҳсилкардаи ҷомеа зиёиён, табақаи имомхатибони дурӯя, омӯзгорону донишҷӯён равона гардида, ба онҳо такя мекунанд. Мушкилот дар он мебошад, ки пайравону таблиғгарони ин созмонҳо ягон аломати зоҳирии фарқкунандаю муайянкунанда надоранд, ки дар рафти суҳбату ибодат ё намозгузорӣ шинохта шаванд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти мутассадии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри мубориза бо ин падидаҳои ифротгаро фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, барои расидан ба натиҷаҳои босамар корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро байни мардум ва қишри ҷавонон дар рӯҳияи ҳушёриву зиракӣ, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ равона намоянд. Чунин, иқдому ҳидоятҳо тамоми мардум, аз ҷумла, аҳли зиёи кишварро рӯҳбаланд менамояд. Ҳукумати кишвар дар асоси нақша чорабиниҳои мушаххас ба вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю ташкилотҳоро вазифадор менамояд, ки дар марҳалаи мураккаби ҷаҳонӣ ба шинохти тамоюлот ва таъсири омилҳои иттилоотии ифротгарою террористӣ ба тафаккури аҳли ҷомеа аҳаммияти зарурӣ диҳанд ва таблиғи корҳои идеологӣ тарбиявии шаҳрвандонро дар маҳали зист пурзур намоянд.
Дуюм, бо мақсади идомаи корҳои самаранок дар ин самт Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025”–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ҳамзамон, Прократураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ, ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкории судмандро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт ҷонок намоянд.
Сеюм,Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа баҳри таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлати бо Афғонистон диққати аввалиндараҷа диҳад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъутомҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд. Барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Чорум, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти модию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳарвақта дида аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Вазифаи аз ҳама муҳим–ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст. Раванди ҷомеаи пайваста тағирёбанда хушдор медиҳад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро навсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаю лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем. Дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад.
Панҷум, Вазорати мудофиа вазифадор карда шудааст, ки барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиавии кишварро таҳия намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Дар ин самт тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатии ҳарбӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу аслиҳа лавозимоти муосири ҷангӣ равона карда шудааст. Таъқид гардидааст, ки ба захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ аҳамияти зарурӣ дода, омӯзондани онҳоро аз рӯйи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ, гузаронидани машқҳои ҳарбӣ, таълими саҳроии низомиро бо усулҳои муосир ба роҳ монанд.
Шашум, лозим ба назар мерасад, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар самти муқовимату мубориза бо экстремизм ва терроризм ҳамаҷониба омӯхта шуда, ба ниҳодҳои илмӣ, инчунин, олимону коршиносон, зиёиён шароити мусоид фароҳам оварда шавад, ки китобу мақола ва дигар навиштаҳои худро бо забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра таҳия кунанд ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ таҷрибаи кишварро муаррифӣ намоянд.
Ҳафтум, барои гузаронидани таҳқиқот дар ин масъала бо ҷалби имконоти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат карда шавад, зеро осебшиносии ин падидаҳои номатлуб ба вуҷуд омода, бастаи тавсияҳои амалӣ нисбат ба ҳар минтақа ва шаҳру ноҳияи мамлакат дар алоҳидагӣ таҳия мегардад, ки бешубҳа, барои коҳиши раванди омилҳои иттилоотии экстремистию террористӣ мусоидат менамояд.
Ҳаштум, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ (оиномаҳои сафороӣ, кодекси одоби хизматчиёни давлатӣ), низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъутомҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ (пайваста тағйирёбанда) доими такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти Минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон