Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ диққати махсус зоҳир менамуданд. Маҳз бо туфайли кӯшишу заҳмати ин шахсияти нотакрор имрӯз дар самти мазкур дар Тоҷикистон ва умуман дар минтақаи Осиёи Марказӣ сулҳу субот ҳукмфармост.
Бо дарки амиқи пайомадҳои манфии мушкилоти ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ба таъмини амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ таъсиргузор мебошанд, Пешвои миллат масоили таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати хеш медонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бар зидди ин зуҳуроти нангини аср муборизаи беамон мебарад. Дарёфти роҳу воситаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, пешгирӣ намудан аз таҳдиду хатарҳои муосир яке аз ҷанбаҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Дар суханронии хеш дар иҷлосияи IX-уми мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 13 ноябри соли 2000 дар Қатар баргузор гардид, Пешвои миллат чунин иброз доштанд: “Имрӯз, пас аз давраи ба охир расидан “ҷанги сард”, миқёси хавфу хатарҳое, ки метавонад амнияти байналмилалиро халалдор карда, ҷаҳонро ба бесарусомонӣ ва бесуботӣ орад ҳоло ҳам назаррас мебошад. Дар ин росто, бахусус барои кишварҳои мо ва умуман барои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият гирифтани тамоюлҳои ифрогароӣ, ки ба андозаи қобили мулоҳиза минтақаи Созмони ҳамкории исломиро фаро мегиранд, доираи васеи хавфу хатарро ташкил медиҳад. Ин омилҳои хатарнок барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи фавқулоддаи калон дорад. Онҳо на танҳо ба амният ва суботи минтақа таҳдид менамояд, балки ба манфиатҳои миллӣ ва суботи сиёсии кишвари мо низ зарари ҷиддӣ мерасонад”.
Мавриди тазаккур аст, ки дар шароити нави ҷаҳонишавӣ ҳеҷ як кишвар наметавонад ба танҳоӣ барои рафъи хатару таҳдидҳои муосир мубориза барад. Зеро аксарияти таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ хислати фаромиллӣ доранд. Аз ин лиҳоз, танҳо кӯшишҳои муштараки байни давлатҳо метавонад дар чунин раванд таъсиргузор бошад. Дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, САҲА ва ғайра ба роҳ монда, ҷонибдори таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад.
Яке аз хатарҳое, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди бевосита дорад – ин вазъи бесуботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳсуб меёбад. Баҳри рафъи вазъи мавҷуда ва таъмини амният дар кишвари мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш аз минбарҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли қазияи Афғонистон даъват намуда, тақозо менамояд, ки ҳарчи зудтар сулҳ дар ин кишвар пойдор гардад.
Чунонки Пешвои миллат дар Паёми худ аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд: “Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама ба вазъияти Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад”.
Пешвои миллат борҳо қайд намуданд, ки Тоҷикистон наметавонад ба масъалаи Афғонистон бетараф бошад. Дар баробари ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар атрофи Афғонистон “камарбанди бехатарӣ” ташкил карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷиистон назар ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дошта, аз хатару таҳдидҳои муосир ба монанди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар ҷиноятҳои муташаккил эмин нест. Маҳз бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат аввалин кишваре маҳсуб меёбад, ки чунин хатрҳои афзояндаро ба инобат гирифта, баҳри таъмини амниятии миллӣ ва минтақавӣ Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва экстремизмро барои солҳои 2016-2020 қабул кард. Соли 2021 бошад Стратегияи нави ҳаммонанд барои солҳои 2021-2025 тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор дода шуд.
Дар баробари ин, Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Консепсияи миллии муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи терроризм” , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экстремизм” ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқиро қабул намудааст, ки ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоқикистонро дар соҳаи муқовимат бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузории он муайян менамоянд.
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадор ва лидери сатҳи ҷаҳонӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, бо мақсади аз байн бурдан ва кам кардани таъсири манфии зуҳуроти нангини аср ҳамкориро дар доираи онҳо тақвият бахшида, ҷонибдори таъмни амният дар саросари ҷаҳон мебошад. Маҳз чунин сиёсати сулҳпарварона буд, ки Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷоизаи байналмилалии сулҳ қадрдонӣ намуд.
МАҲМАДСАИДЗОДА Абубакр
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон