Ба мардуми бонангу номуси кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти вилояти Суғд, муроҷиат менамоям, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам неруманду пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ободии Ватани аҷдодӣ ва зина ба зина беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон равона намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз омилҳои калидии рушди иҷтимоӣ – иқтисодии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи минтақа дониста мешавад. Аҳолии кишвар сафарҳои Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ мекашанд ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ истиқбол мегиранд. Махсусан, сафари навбатии Президенти кишвар ба вилояти Суғд нишон дод, ки мардум ташнаи дидори мубораки Пешвои миллат ҳастанд. Зиёда аз ин медонанд, ки бо қадами мубораки Пешво гӯшае обод, иморате бунёд мегардад, ба сари ятиме дасти меҳру сахо гузошта мешавад.
Ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Суғд рангу тобиши дигар дошт, зеро Сарвари давлат чанде қабл аз қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, аз он сӯйи уқёнус, яъне шаҳри Ню-Йорки ИМА баргаштанд. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст сарвари давлати мо ҷаласаҳои ин созмони бонуфузи сайёра – Конфронси оби СММ-ро раисӣ карданд ва мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ норасоии оби ошомиданӣ, ки ташаббускори ба миён гузоштанаш Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баррасӣ намуданд. Ин лаҳзаҳоро аз тариқи оинаи нилгун медидаму қалбам аз ифтихор аз Сарвару аз миллати тоҷик лабрез мешуд. Бовар дорам, ки ин эҳсос дар дили ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҷӯш мезад. Воқеан, ташаббусҳои Сарвари кишвари мо, ки пайваста дар Созмони Миллали Муттаҳид баррасӣ ва мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд, боиси рушди устувори иқтисодиёти кишварҳои олам хоҳанд гардид.
Рамзист, ки бо иқдоми Пешвои миллати мо дар доираи Конфронси оби СММ– 2023 чорабинии «Об ва Наврӯз—ду сарчашмаи ҳаёти башар» 21 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид. Бо ташкили чунин чорабиниҳо дар СММ мо ба кулли сокинони сайёра нишон додем, ки миллати тоҷик дорои гузаштаи ғанист ва дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши босазо дорад.
Бояд тазаккур дод, ки сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд самараи бузургӣ иқтисодӣ – иқтисодӣ дошт.Дар ин боздиди наврӯзӣ Пешвои миллат на танҳо иншооти зиёдеро дар шаҳру навоҳии вилоят ифтитоҳ намуда дар тантанаҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ин миллат, ба анъанаҳои нек, гузаштаи пурифтихор ва мардуми шарифи мамлакат меҳрнисор карданд, балки дар машварат бо фаъолони вилоят таваҷҷуҳи онҳоро ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб намуданд.
Нишондиҳандаҳои омории вилоят гувоҳӣ медиҳанд, ки иқтисодиёти рушди уствор дорад ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии он дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Метавон қайд намуд, ки соли 2022 барои вилояти Суғд соли бобарор буд. Дар ин давра, яъне соли 2022 ММД–и вилоят ба 31,9 миллиард сомонӣ баробар гардид ва суръати афзоиши нишондиҳандаҳои умумиқтисодӣ ба 108,1 дарсадро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят бошад, маҷмуан, 27,6 дарсади нишондиҳандаи рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ баробар аст. Вобаста ба ин, ҷиҳати таъмини суботи иқтисодӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Зеро бидуни омӯзиши вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, мо наметавонем иқтисоди миллиро пеш барем.
Пешвои миллат, ҳачун чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, аз хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба иқтисоди мамлакат, сатҳи некуаҳволии мардум таъсиргузор мебошанд, хуб огоҳӣ доранд. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар пайваста доир ба истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила таъкид менамоянд. Барҳақ, дар кишвари мо, ки 93 дарсадт кӯҳсор аст, истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин зарурати ҳаётӣ дорад. Бо дарки амиқи масъала кишоварзони вилояти Суғд фаъолияти кории худро ба роҳ монда, мекӯшанд, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам оранд. Аз ин ҷост, ки соли 2022 дар вилоят истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2021-ум10,66% афзудааст. Илова ба ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ҳоло ба сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ, норасоии об ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ то ҳанӯз дар вилоят 2100 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки бартарафсозии он ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Чунин ҳолат, яъне аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам шояд дар дигар минтақаҳои мамлакат низ ҷой дорад, ки ин ба татбиқи ҳадафҳои струтегии кишвар монеъ мешавад ва рушди босуботи иқтисоди миллиро боз медорад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат доир ба истифодаи самараноки заминҳои корам пайваста мақомоти дахлдорро муваззаф менамоянд.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ масъулини шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ба масъалаи истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил дар заминҳои обӣ ва захира кардани маҳсулот барои фасли замистон диққати аввалин дараҷа диҳанд. Инчунин, қайд карда шуд, ки таҷрибаи ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бояд ба як амали ҳатмӣ ва маъмулӣ табдил ёбад.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки соли 2022 дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуда, 24 млрд.185 млн. сомониро ташкил дод ва 151 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 820 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намудаанд. Тавре Пешвои миллат дар ҷаласа бо фаъолони вилоят таъкид доштанд, ҳоло дар ҳудуди вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то имрӯз 2,3 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст. Дар ин замина, таҳкими иқтисоди миллӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ роҳандозӣ гардид, ки ба вазъи иқтисоди минтақа таъсири мусбат мерасонад.
Бояд қайд кард, ки ҳанӯз имкониятҳои вилоят дар ин самт зиёд аст ва истифодаи оқилонаи он ба мақасад мувофиқ мебошад. Маҳз дар ҳамин замина Сарвари давлат дастур доданд, ки сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе навъҳои маҳсулоти соҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.
Дар робита ба буҳронҳои сиёсӣ, ки аксари кишварҳои ҷаҳонро фарогир аст, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, таъкид шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғд бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои стратегияву барномаҳои милливу минтақавӣ, аз ҷумла Нақшачорабиниҳои Ҳукумати мамлакат доир ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар маҷмуъ, дар ин ҷаласа Пешвои муаззами миллат ҳалли умдатарин масъалаҳоро дар ҳама соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти вилоят ба миён гузоштанд ва ҷиҳати ҳалли онҳо супориш доданд.
Фарзона Ғуломносирова,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалоҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон