Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳалҳои онҳо мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон (мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ

24.03.2023 09:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)

Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ, Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дар рӯзҳои 20-24 мaрти соли рaвон бо мaқсaди иштирок дaр Конфронси СММ оид бa шaрҳи фaрогири миёнaмуҳлaти ҳaдaфҳои Дaҳсолaи бaйнaлмилaлии aмaл “Об бaрои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дaр як қaтор вохӯриҳои сaтҳи бaлaнд доир ба ҳaлли мaсъaлaҳои мaрбут бa обу иқлим дaр шaҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Aмрико иштирок намуданд.

Қобили кайд аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Конфронси сатҳи байналмиллалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки Конфронси оби Созмони Миллали Мутаҳид-2023 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шоҳигарии Нидерланд дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, ки мизбони ин Конфронсро ҳар ду кишвар бар уҳда доштанд.

Зимни ҳамоиш Пешвои миллат, таъкид намуданд, ки: «чуноне медонед, имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “неруи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад».

Бояд тазаккур дод, ки об барои рушди устувор, инчунин, инкишофи соҳаҳои алоҳидаи иҷтимоию иқтисодӣ, истеҳсол кардани маводҳои хӯрокворӣ ва дар умум, барои давом додани зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурдан, муҳим мебошад. Об инчунин, маркази мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим буда, пайвандгари муҳимми байни ҷомеа ва муҳити зист мебошад.

Дар ин замина қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи гузоришҳои солонаи Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (WEF) норасоии оби тоза яке аз таҳдид ва мушкилоти  умдаест, ки эҳтимолияти дар ояндаи наздик дучор шудани инсоният  аз мақсад дур нест. Норасоии оби тоза дар он зоҳир намегардад, ки шахс барои ошомидани оби тоза аз мағоза харидорӣ мекунад ё барои арзиши он маблағ пардохт мекунад, балки оқибатҳои харобиовару ҳалокатбори он барои тамоми инсоният хатар ба вуҷуд меоварад. Дар ин росто низоъҳои мусаллаҳона, муҳоҷирати аҳолӣ ба ҷойҳои нисбатан обод, муҳоҷирати ҳайвоноту парандагон, ки оқибат ба талаф ёфтани онҳо оварда мерасонад, тағйирёбии иқлим ва ба фано рафтани табиат яке аз омилҳои оқибатҳои фалокатбор ба шумор мераванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити кунунӣ масъалаи норасоии об ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Тибқи маъламотҳо дар қарни 20 шумораи аҳолии сайёра се маротиба афзоиш ёфта, истифодаи об бошад, ба  ҳафт маротиба баробар гардид. Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид (СММ), айни ҳол беш аз 1,2 миллиард нафар дар шароити норасоии доимии об қарор доранд ва тақрибан 2 миллиард нафар мунтазам аз об танқисӣ мекашанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ), бо сабаби нарасидани оби тозаи ошомиданӣ вазъи саломатии беш аз ду миллиард нафарро арзёбӣ мекунанд.  Тибқи пешгуйии Созмони Озуқа ва Кишоварзӣ (FAO) то соли 2035 шумораи одамоне, ки мунтазам аз норасоии об ба мушкилӣ дучор гардидаанд, ба 4 миллиард нафар хоҳад расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҳолати ногувори вазъи ҷаҳонро доир ба обу иқлим мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар бисёре аз суханрониҳояшон дар Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ фикру андешаҳояшонро иброз медоранд ва пешниҳодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони тамоми сайёра ҷонибдорӣ намуда, мавриди татбиқ қарор медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  норасоии об ва тағйирёбии иқлим пайваста дар минбарҳои бонуфузи созмонҳои ҷаҳонӣ аз таҳдиду хатарҳо ба иқтисодиёти тамоми кишварҳо, ки дар ояндаҳои наздик метавонад ба вуҷуд ояд, пайваста ҳушдор медиҳанд.

Ба матлаби бисёре аз коршиносон, буҳрони об то солҳои 2040-2050, яъне ҳамагӣ дар тӯли тақрибан 20-30 сол воқеан ҷаҳонӣ хоҳад шуд, ки ҳатман боиси тағйироти сохторӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла иқтисоди ҷаҳонӣ мегардад. Дар ҳоли ҳозир норасоии об тақрибан ба 4 миллиард нафар боис гашта, тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон азият мекашанд.

Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, ки ба соли  2017 рост меояд ҳамарӯза беш аз 800 кӯдаки синни панҷсола аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд ва ин нишондиҳанда то соли 2040 тақрибан ба 600 миллион кӯдак мерасад

Бояд қайд кард, ки мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро на танҳо Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, балки аҳолии Осиёи Марказӣ, Корея, Ҳиндустон, Австралия, Руминия, Молдова, Маҷористон ва ҳатто минтақаҳои шимолии ИМА, инчунин, кишварҳое, ки ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, мушкили ифлосшавии он бо далели истифодаи бесамари он ва  дар оқибатҳои офатҳои табиӣ ифлос гаштани обҳои ошомиданӣ ба назар мерасад.

Тазаккур бояд дод, ки назару андешаҳои болозикр мубрамияти дипломатияи обро таҷассум намуда, дар барои ҳалли ин мушкилот иқдоми саривақтӣ ва таъсирбахш мебошад. Дар ин росто боиси зикр аст, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 1999 аз минбари сатҳи олии Маҷмаи умумии СММ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, Пешвои миллат аввалин шуда, барои ҳалли масъалаи глобалии об ва иқлим, инчунин, ҳамкориҳои байналмиллалии дар ин самт ҳамоҳангсоз мебошанд. Маҳз ҳамин кушишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кишвари моро дар арсаи байналмиллал ҳамчун кишвари ташаббускор  ва пешсаф дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба обу иқлим мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед