“Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”. (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019, ш. Душанбе).
Имрӯз тамоми занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омоли худ расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар мебаранд ва соҳиби Ватани худ бо тамоми урфу анъанаҳои миллии аҷдодӣ ҳастанд.
Қобили зикр аст, ки истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошта, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ метавонанд рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.
Дар ҷараёни мулоқотҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пайваста аз ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, қайд менамоянд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст ва занону духтарони замони соҳибистиқлолӣ бо соҳибмаърифатӣ, фидокориву ҷасорат, ақлу заковат, донишҳои мукаммалу ихтисосҳои талаботи замони муосир дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми беназир доранд.
Саҳми занон бахусус дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустиро занони соҳибмаълумоту бофарҳанг ташкил медиҳанд.
Таҳлили фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад.
Маълум аст, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали истиқлол масъалаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт.
Мавқеи занон дар ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шаклҳои мухталифи сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии занон ва фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳо талош меварзад.
Бояд қайд кард, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ корҳои зиёдеро дар ин самт ба сомон расонид.
Дар соли 1999 яке иқдомҳои наҷиб баҳри занони тоҷик ин ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ҳамчун санади тақдирсоз дар таърихи навини соҳибистиқлоли миллати тоҷик сабт гашт. Илова бар ин, то имрӯз барои дастгирии занону духтарони тоҷик зиёда аз 20 санади муҳимми дигар ба тасвиб расид, ки аз ҷумлаи онҳо метавон чунин қонун ва ва қарору барномаҳоро зикр намуд:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз 2 августи соли 2011;
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори хукуқӣ дар ҷумҳурӣ (аз 22.08.1997 таҳти №383);
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танзими оила ва ҳукуқ» (аз 2.12.1999, таҳти №483);
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 8.08.2001 таҳти №391);
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иловаи боби алоҳида ба Барномаи мазкур «Дастрасии занони деҳот ба замин» (30.04.2004 таҳти №196),
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002–2005» (аз 4.02.2002 таҳти № 29);
– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015» ва «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014»;
– Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016»;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 269 аз 29 майи соли 2010 ва ѓ.
Маврид ба зикр аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» заминаи ҳуқуқиро баҳри қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар фароҳам овард.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020 тасдиқ гардид.
Дар соли 2015 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли оила, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти № 801 таҳия гашта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар ин масир даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ–иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ – Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ба тасвиб расонд.
Пешвои миллат ҳамеша занҳоро неруи созандаи ҷомеа дониста, қариб дар ҳамаи суханронии хеш ҳатман эътимоду бовариро нисбат ба онҳо баён мекунад ва барои ҳалли масъалаҳои мухталиф ҷиҳати болобарии мақоми зан дар ҷомеа талош меварзад. Аз ҷумла, санаи 7 марти соли 2017 дар вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи модар қайд намудаанд: «Баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад».
Воқеан дуруст аст, давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳато муайянкунанда мебошад.
Ин аст, ки ҳанӯз дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат ғамхориҳои зиёде барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ба мактабҳои миёна ва олии касбии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Маҳз барои аз куҳистони дурдасти кишварамон ба муаасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб намудани духтарон дар соли 1997 бо дастгирии Роҳбарияти давлат квотаи президентӣ таъсис ёфт, ки ин ҳам як амали ояндасоз ҷиҳати болобарии мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Ба шарофати ин ғамхориҳо нисбат ба занону духтарони тоҷик сафи занони фаъолу бофарҳанг дар кишвари мо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст, онҳо низ дар баробари мардон барои рушди Ватани азизамон заҳмат мекашанд.
Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки масъалаҳои марбут ба занон ва ҳаллу фасли онҳо ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад ва ин иқдомҳои ӯ собит месозанд, ки ӯ зан–модарро ҳамчун мавҷудаи муқаддас дӯст медораду ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо меорад. Дар ҳақиқат зан-модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад.
Аммо бояд онро дарк кунем, ки нисбат ба мардон дида ба зани тоҷик барои ба пеш ҳаракат намудан мушкилтар аст, чунки ӯ ҳамеша оиларо дар ҷойи аввал мегузорад. Занон ҳамеша ба масъалаҳои интихоби оила ё фаъолияти хизматӣ, интихоби фарзандон ва ҳамсар, фаъолият ё ҳамсар рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро, дар тамаддуни миллати тоҷик зан бояд порсо ва баимону итоаткор, саробони аҳли байту сомондиҳандаи рӯзгор ва зинати мард бошаду ҳам комгор. Рисолати азалии зан нигаҳдории меҳру вафо дар оила, тарбияи фарзандон ва модари меҳрубону содиқ будан аст. Тамоми баду неки рӯзгор, низому сомони хонадорӣ, лутфу меҳрубонӣ, назокату латофат, сабру таҳаммул ва ботадбирӣ дар канори марди хонадон аз ақлу заковат ва хулқу атвори хуши зан вобастагӣ дорад. Бинобар ин, барои дар ҷомеа ба муваффақият ноил шудан зан ҳамеша бояд дар ҳаёти худ чун мард дар мубориза бошаду боз ҳам зан бимонад, агарчи ин барои ӯ кори осоне нест.
Дар ҳақиқат, занон на танҳо офаридгори ҳаёту идомабахши наслҳои оянда, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, тарбиятгари насли наврас, табобатгари дардҳои инсонӣ, таҳқиқгару кошифи илмҳои табиӣ ва башарӣ, инчунин машъалафрӯзи роҳи ояндаи инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон ва умуман пешбарандаи ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт ҳастанд. Занон-модарон бо тамоми ҳастии худ мекӯшанд ҳаётро шукуҳу азамати хоса бубахшанд.
Имрӯз, ҳар як зани тоҷик хушбахт аз он аст, ки маҳз бо шарофати дасгириҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир дар рушди кишвар, ба зиндагии осуда, сарҷамъии мардум, давлати пирии калонсолон, хушбахтии ҷавонон ва хандаи кӯдакон расидаанд. Дар ҳақиқат, ҳамаи ин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллати мо аст. Пешвои муаззами миллат тавонист миллати тоҷик ва Тоҷикистонро бо таърихи бою ғании хеш, анъанаи меҳмондӯстӣ ва талоши сулҳпарвариаш аз он роҳи пурпечутобу пурмонеаи солҳои 90–уми қарни гузашта барорад, то ки дар роҳи рости рушд сӯйи созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурахшонӣ устуворона қадам гузоранд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ин комёбиҳо, ҳоло ҳам баъзе норасоиҳо дар самти болобарии нақши занон дар ҷомеаи мо ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, дар таърихи дипломатияи тоҷик таҷрибаи ҳамчун сафир ё консули генералӣ таъйин шудан аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд то ҳол ҳам дида намешавад. Умед дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои кутоҳтарин ин масъаларо ҳаллу фасл менамояд, зеро сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти болобарии мақоми зан дар ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизи мо барои ҷалби занон ба амалисозии чи сиёсати дохилӣ ва чи сиёсати байналмилалӣ тамоми заминаҳои меъёрии хуқуқӣ ва моддию маънавиро фароҳам сохтааст.
Ф.И. Худойдодова
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
МТС-и назди Президенти ҶТ