Масъалаи беҳбуд бахшидан ба вазъи занону бонувон, таъмини зиндагии шоиста барои онҳо дар партави сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ташабусҳои созандаи Пешвои Муаззами Миллат дар самти занон ҳамарӯза эҳсос мегардад, ки ин ба онҳо руҳу илҳоми тоза ато менамояд. Иштироки занон дар пешрафти соҳаи иқтисоди мамлакат, бештар кардани ҳаҷми грантҳои президентӣ, ҳамчунин дар ин ҳошия зиёд кардани қарзҳои имтиёзнок барои занон ва бонувони мамлакат намунаи беҳтарини ин дастгириҳост. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як қатор барнома ва стратегияҳои махсус оид ба занон ва бонувон қабул гардидааст:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»;

– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);

– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010»;

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030)

– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз ин намунаҳост.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба нақши занон дар ҷомеа андешаронӣ намуда, нақши бевоситаи онҳоро дар рушди ҷомеа ва давлат муҳим арзёбӣ менамоянд.

Аз ҷумла Роҳбари Давлат масъалаи интихоби занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, ба кор таъмин кардани занону бонувон ва муҳайё кардани шароити мусоиди корӣ, соҳибкасб кардани занону духтарон ва соҳибмаърифат гардонидани онҳо, нақши занон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз қабили тандурустӣ ва маориф, мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ва ғайраро пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022 дарҷ гардид: “Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.”

Дар радифи тамоми дастгириҳо, ки Ҳукумати кишвар барои занон фароҳам сохт, яке аз онҳо имтиёз барои духтарон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти кишвар квотаи президентӣ ба шумор меравад. Иқдоми шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 эълон доштанд таъсиси квотаи президентӣ буда, ҳамасола аз ин ҳисоб духтарони минтақаҳои дурдаст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз ин дастгириҳо хатмкунандагони муассисаҳо бо руҳияи созандагӣ ва ифтихор аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат сарфароз гардида, ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда, онро бо сари баланд хатм менамоянд ва дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.

Маҳз ҳамин дастгириҳои пайваста барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарон таъсири мусбати худро гузошта истодааст. Дар қатори ин дастгириҳо барои духтарони гирандаи квотаи президентӣ идрорпулӣ ва дигар дастгириҳои муҳим низ муҳайё гардидааст.

Вобаста ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли 2021 чунин дарҷ гардида буд: “Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.

Дар мамлакат солҳои 2019–2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон гардида буд, ки агар ин солҳо аз як ҷиҳат соҳаи сайёҳиро рушд дода бошанд, аз ҷиҳати дигар бонувон ва занони зиёде касбҳои гуногуни миллиро аз худ намуда, даромади зиёди пулӣ ба даст оварда, сатҳу сифати зиндагии худро беҳтар намуда, ҳунарҳои мардумиро зинда гардониданд.

Ҳамин тариқ, имрӯз нақши занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳо эҳсос гардида, дастгирии доимии занон дар ҳама самтҳо ба назар мерасад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аз занон даъват ба амал оварда мешавад, ки беш аз пеш дар рушди кишвар саҳм гузошта, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши фаъоли амалӣ гузоранд. Инчунин дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми муносиби худро гузоранд.

Таварова Моҳира Шарифхоновна,
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед