ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ниҳоди президентӣ, ки имсол ба таъсиси он дар заминаи Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад, марҳилаи нави рушди давлатдории навини миллӣ ба шумор меравад. Нуфузу эътибори ниҳоди президентӣ дар байни ҳама қишрҳои аҳолӣ маҳз бо фаъолияти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Истиқболи самимии мардуми Тоҷикистон аз Президенти Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо намунаи беҳтарини чунин эътирофи ҷамъиятӣ буда, таҷассуми қадрдонии заҳматҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сулҳу суботи ҷумҳурӣ ба харҷ додаанд, мебошад. Яъне дар тасаввури аҳли ҷомеа сарчашма ва замонати устувории раванди давлатсозии миллӣ ба фаъолияти созандаи ҷомеасозии Президенти Тоҷикистон рабт дода мешавад. Аз ин хотир мардуми мо Рӯзи Президенти Тоҷикистонро бо самимияти хос ҳамчун санаи сарнавиштсози таърихи навини тоҷикон таҷлил менамоянд. Чунин омадааст дар мақолаи Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода.

— Чунин эҳтироми Президенти Тоҷикистон ва санаҳои таърихии аз фаъолияти давлатдориашон маншаъгиранда асосҳои воқеии иҷтимоӣ доранд.

Дар мадди аввал асоси иҷтимоии маҳбубият ва нуфузу эътибори Пешвои миллат байни мардум аз он бармеояд, ки маҳз талошҳои он кас тавонист хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона тақсим шудани онро аз байн барад. Тамоюли инкишофи ин хатарҳоро на танҳо фаъолияти рӯзафзуни тарафдорони берунии ин раванд, балки фаъолияти бисёре аз неруҳои иҷтимоию сиёсии дохилӣ низ суръат мебахшиданд ва пайваста кӯшиши мураккаб сохтани фазои мамлакатро ба хотири бесалоҳият нишон додани давлату мақомоти роҳбарии сиёсии он ба харҷ медоданд. Бо истифода аз чунин вазъият баъзе аз воҳидҳои маъмурии Тоҷикистон сайъ менамуданд мухторияти ҳарчи бештар ба даст оранд ва онро дар рӯ ба рӯи мушкилоти ба амаломада танҳо бигузоранд. Минбаъд аксарияти гурӯҳҳои муқобил ба хубӣ дарк намуданд, ки идомаи ҷанг танҳо харобӣ ба бор меорад ва дар ин гуна низоъ касе наметавонад пурра ғолиб шавад. Бинобар ин, роҳи ягонаи аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфтан танҳо паси мизи музокирот нишастан аст. Вале барои татбиқи ин ҳадаф ва ҳамчунин барои дар шуури аъзои гурӯҳҳои мубталои ин муноқиша ба вуҷуд овардани боварӣ ба дурустии интихоби роҳи сулҳ таҳаммул ва сайъу кӯшиши ҳамешагӣ зарур буд.

Ҳамин тавр бо дарки зарурати ҳалли ин мушкилот акнун проблемаи сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеаро Сарвари давлат ба яке аз масъалаҳои муҳими таъмини суботу инкишофи минбаъдаи мамлакат табдил доданд. Ин раванд ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ такони азим бахшид ва шаклу усулҳои нави ҳамкориро байни неруҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд овард. Ваҳдати миллӣ тавонист чунин таҷрибаи ҳамкорие байни онҳо эҷод намояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ аз манфиати умумимиллӣ дастгирӣ намуда, нуқтаи назари худро доир ба ин ва ё он масъала озодона ва кушоду равшан баён намоянд.

Маҳз дар ҳамин раванди ҷомеасозӣ бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон муваффақона амалӣ гардидани истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсози миллӣ гаштем, ки он яке аз рукнҳои муҳими таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор меравад. Амалияи мазкур хотираи таърихии мардуми тоҷикро дар намоди давлати миллӣ ғунҷонид ва бо шарофати ин иқдом акнун мудом саҳифаҳо аз бойгонии таърихи бою рангини ин сарзамин дар муоширату муносибатҳои гуногунҷанбаи нави ҷамъиятӣ ҳамчун навори зинда пеши назар меоянду чарх мезананд. Аз ҷумла, номи пули миллию намодҳои дар онҳо омада, номи аксари вилояту навоҳӣ, шаҳраку деҳаҳо хотироти таърихии мардумро дар меҳвари ифтихори миллию ватандӯстӣ давр мезанонанд ва ба кору пайкори созанда ба рушди ҷамъиятии ин сарзамин ҳидоят менамоянд.

Ҳамасола таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ бо арҷгузории фаъолияти намояндагони барӯманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ ба роҳ монда мешавад, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ меравад.

Имрӯз ҳар сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озидиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинад. Зеро онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон дар ғояи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ атрофи худ гирд овардааст ва ҳамагуна кӯшишҳои ба маҷрои дигар равона сохтани ин равандро маҳкум менамоянд. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсате аст, ки аз кору пайкори созандаи Президенти Тоҷикистон маншаъ мегирад ва ӯро дар симмати Пешвои миллат шоиста ҷилвагар месозад. Зеро ҳузури ин шахсияти таърихӣ дар арсаи сиёсӣ тавонист ин шароитро фароҳам орад ва идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.

Нақши ниҳоди президентӣ бахусус дар таҳкими низоми дунявии ҷомеаи Тоҷикистон беназир аст. Таҷрибаи солҳои охир дар мамлакати мо ва дар дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки усул ва принсипи дунявияти давлат, ки мо интихоб намудаем, модели беҳтарини муносибати давлат бо фазои динӣ ва умуман бо муҳити фарҳангиву ақидатӣ ва маънавии ҷомеа дар замони муосир мебошад. Ин модел афзалият ва беҳбудии худро дар нигоҳдошти фазои муътадили ғояву мафкураҳои гуногун, таъмини ҳаққу ҳуқуқи баробари онҳо ва ҳамзамон зимни ҳодисаҳои охири пурфоҷеаи ҷомеаҳои даргир, ки равандҳои он ба бозиҳои сиёсиву геополитикии дигар кишварҳои абарқудрат табдил ёфтаанд, нишон медиҳад. Усули дунявияти давлат сараввал ба нигоҳдошти асолати дин дар доираи муқаррароти худаш, ки пеш аз ҳама, манбаъи эътиқоду имон ва маънавиёти баланди инсониву инсонпарварӣ аст, равона мебошад.

Ниҳоди президентӣ боиси рушди устувор ва пешрафти устувор ва бесобиқаи ҳаёти иқтисодии мамлакат гардид.

Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт амалҳои мушаххас татбиқ мегарданд. Зеро нақши омили иқтисодӣ дар таҳкими истиқлолияти сиесӣ хеле назаррас буда, ҳap миллат барои идомаи ҳаёташ ногузир ба сарфи ғизо, доштани манзил ва соири васоили рифоҳ ниёз дорад, ки онҳоро бе рушди назарраси истеҳсолот ба даст овардан номумкин аст. Муҳимтар аз ҳама, яке аз шартҳои истиқлолияти иқтисодии ҳap давлат хусусияти аз зинаи сирф масрафкунанда ба дараҷаи иқтисоди тавлидӣ боло рафтани он аст, бинобар ин, иқдоми пайвастаи Президенти Тоҷикистон дар ин самт шоистаи таҳсин ва дастгирӣ аст.

Бо сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои калидии роҳбарияти олии мамлакат дар солҳои 1994-2022 маҳз бунёди иқтисоди устувор ва рақобатпазир ба ҳисоб меравад. Хусусан дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсад то 31 дарсад дар соли 2015 ва 22,5 дарсад дар соли 2022 (қариб 3 маротиба) коҳиш дода шуд. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,7 млрд сомонии соли 1994 ба беш аз 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 расидааст, ки беш аз 64 маротиба афзудааст. Буҷети солонаи давлатӣ аз 1,3 млрд сомонӣ дар соли 1994-ум дар соли 2022 ба ҳаҷми беш аз 33 млрд сомонӣ афзудааст. Илова ба ин, дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 давлати дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ мондааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ суботи макроиқтисодӣ зери назорат буда, таваррум дар сатҳи то 10 дарсад нигоҳ дошта мешавад. 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 2 млрд доллар дар инфрасохтори нақлиётӣ амалӣ гардидааст. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2100 километр роҳҳои автомобилгард, 326 пул, 6 нақб ва 219 км роҳи оҳани дорои аҳамияти байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Ҷиҳати ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар се соли оянда дар мамлакат 317 км шоҳроҳи байналмилалӣ, 32 пул, 5 нақб ва 7 долони тармафароӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар робита ба ин, оғози бунёди қитъаи Дарвоз то Рӯшонро дар шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – сарҳади давлати Чин ба сифати иқдоми муҳими таърихӣ дар ин ҷо махсус гуфтан бамаврид аст, зеро тавассути он Тоҷикистон ба долони муҳими мултимодалии минтақавии Осиёи Марказӣ табдил ёфта, ба рушди ин гӯшаи ватанамон такони ҷиддӣ мебахшад. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдид гардидани он 17 километр кӯтоҳ мешавад ва дар маҷмуъ, 92 километр роҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро ташкил медиҳад.

Соли 2022 рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсади солона таъмин гардид. Дар ҷумҳурӣ солҳои охир зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатии ватанӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар ин солҳо даромади буҷет ба таври чашмрас афзуда, даромадҳои аҳолӣ дар соли 2022 ба 87 млрд сомонӣ афзудааст.

Дар асоси маълумоти оморӣ, солҳои 2007-2021 11012,4 млн доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Гардиши савдои хориҷӣ соли 1994 ба 1038,9 млн доллар баробар буд, ки аз он 491.9 млн долларро содирот ва 547 млн долларро воридот ташкил менамуд. Соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ ба 7309,50 млрд доллар баробар шуд, ки аз он 2142,03 млрд долларро содирот (беш аз 4 маротиба) ва 5167,47 млн долларро воридот (беш аз 9 маротиба) ташкил медиҳад.

Тоҷикистон дар заминаи таҳкиму рушди дохилии иқтисодӣ ҳамзамон имконияти васеи иштирок дар иқтисоди минтақаи Осиёи Марказиро ба даст овард. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷӣ вобаста ба баъзе кишварҳои минтақа ба натиҷаҳои назаррас расидааст. Чунончӣ, агар соли 1994 гардиши савдо бо Ҷумҳурии Қазоқистон 42,9 млн доллар ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 1441,2 млрд доллар (беш аз 33 маротиба афзудааст) баробар гардид. Соли 1994 агар гардиши савдо бо Ҷумҳурии Узбекистон 105,9 млн долларро ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 554,4 млн доллар (беш аз 5 маротиба афзудааст) баробар гардид.

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равандҳои ҷаҳони муосир низ сол аз сол афзоиш меёбад. Посухҳои муносиб ба талошҳои ҳассосу ҳавлангези ҷаҳони имрӯз, хусусан дар даҳсолаи охир гувоҳи амалӣ намудани фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатии мо ҳамчун маҳсули сиёсати ҳадафмандонаи Президенти Тоҷикистон аст. Дар ин радиф иқдоми барои ҳифзи истиқлолияти мамлакат аз таҳдидҳои мухталиф, ташаббусҳои глобалӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи об, талоши эҷоди камарбанди дастҷамъонаи амниятӣ дар тӯли хатти сарҳади давлат бо Афғонистон, шарикӣ дар эҳёи Роҳи абрешим, эҷоди хатти иртибототии мустақим бо давлатҳои дунё, ҳимоят аз рукнҳои дунявии давлатдории миллӣ дар муносибатҳои сатҳҳои мухталиф ва ғайра пеши назари ҳар фарди соҳибватан симои барҷастаи давлатмарди асилу ҷасоратмандро ҷилвагар месозад, ки шоёни мақоми Пешвои миллат аст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки чунин сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби соири давлатҳои дунё ва созмону ташкилоти байналхалқӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ мешавад.

Дар ниҳоят бояд иброз намуд, ки корнома ва қаҳрамониҳои бузурги таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлат аз нобудӣ, барқарор намудани иқтисоди харобгашта, эҳёи фарҳанги миллӣ ва беҳтарин суннатҳои мардумӣ, барқарор сохтани хотираи таърихии миллат, худшиносии миллӣ, бунёди шоҳроҳҳо ва нақбҳо барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, эҷоди қонунҳои миллӣ роҷеъ ба танзими расму оин, масъулияти волидон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ, муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ тавассути ташаббусҳо дар соҳаи обу муҳити зист, таҷрибаи сулҳсозӣ, ки дар амнияти минтақа ва ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва монанди инҳо ҳар нафари соҳибвиҷдонро ба ин гуна қадршиносӣ водор месозад.

Ҳамин тавр, дастовардҳои бузурге, ки имрӯз Тоҷикистон ба онҳо зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудааст, воқеан ҳам барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию ифтихори миллӣ ва ваҳдати мардуми он нақши бузург доранд.

Давоми ин солҳо ҷоннисорӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими давлатдории миллӣ, заминаи боэътимоди ҳамаҷониба густариш ёфтани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат гашт.

Хайриддин УСМОНЗОДА,
Саидмурод ФАТТОҲЗОДА

khovar.tj

Чоп кунед