Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки аз даҳ боб ва сад модда иборат мебошад. Дар моддаи якуми боби авали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст.  Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи конститутсионӣ Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ корҳои шоёнеро ба иҷро расонидааст.Дар ҳамин замина  давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Тайи 32 соли Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки  сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар шавад. Натиҷаҳои  ҳамин талошҳо аст, ки дар кишвари мо сатҳи камбизоатӣ аз 80 дарсади солҳои 90-ум ба 22,5 дар соли 2022 расонида шуд. Ин нишондиҳанда далели боризи нисбатан баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум аст.

Таҳлили   иқтисоди мамлакат дар нуҳ моҳи соли 2023 бори дигар собит  менамояд, ки Ҳукумати мамлакат дар ин роҳ устуворона қадам мениҳад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда тамоюли мусбати рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиќтисодии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 таъмин гардида, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 89,9 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,3 фоизро ташкил дод. Боиси таъкид аст, ки дар ин давра суръати рушди иқтисодии миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8,2 фоиз, кишоварзӣ 7,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 16,5 дарсад, боркашонӣ 14,6 фоиз, гардиши савдо 12 дарсад, мусофиркашонӣ 9,8 дарсад ва хизматрасонии пулакӣ 5,5 фоиз таъмин гардид. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми пасандозҳо дар бонкҳо афзудааст. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо далели беҳтар шудани сатҳи рӯзгори аҳолӣ дар мамлакат мебошанд

Дар  суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенгти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳаммияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрори таъкид мешавад. Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар фаъолияти худ тамоми принсипҳои дар моддаи якуми Каниститусияи баёншударо дар матни тамоми санадҳои  меёрии ҳуқуқӣ, бахусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши кишоварзӣ, пайгирона риоя кардааст.  Аз ин ҷост, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 1418,2 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 828 ҳазор тонна, картошка 804,5 ҳазор тонна, сабзавот 2450,2 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 766,5 ҳазор тонна, полизӣ 914,8 ҳазор тонна, мева 511,8 ҳазор тонна ва пахта 152,9 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғалладона 0,5 дарсад, картошка 3,8 фоиз, сабзавот 11,3дарсад, пиёз 21,5 дарсад, полизӣ 21,3 фоиз ва меваҷот 41,6 дарсад зиёд гардидааст.

Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боиси ифтихори миллии мо шомил гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарини дар ҷаҳон мебошад. Бо дарназардошти ба вуқуъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвари азизамон, татбиқ ва амалисозии муқаррароти «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» бори аввал 26 сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гузошта шуд. Бори нахуст дар кишвар низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории мамлакат пешбинӣ карда шуд. Муайян кардани  интихоботи Парлумони дупалата мушаххас карда шуда, мутаносибан дигар меъёрҳои вобаста ба фаъолияти бевоситаи он низ такмил дода шуд. Дар ин замина бори аввал дар таърихи парламентаризми кишвар парлумони касбии доимоамалкунанда – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд. Бо ҳамин мақсад 22-юми июни соли 2003 маротибаи дуюм ба Конститутсияи мамлакат 122 тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. Бо ин иқдом кишвари мо ба шарофати хиради бузург ва фаросати сиёсии халқ ба сӯйи мустаҳкамсозии пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд боз як қадами ҷиддӣ ва устувор гузошт.

Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсия ин таъмини идомаи раванди демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро тарҳрезӣ намуд. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни Асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд, ки ин яке аз принсипҳои конститутсионии таъмини мустақилият ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ буда, барои баланд бардоштани нақшу мавқеи он дар ҷомеа ва ба татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат намуд. Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 мазмуну муҳтавои моддаи 14-и Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил дода шуд. Яъне ин ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад.

Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. Дар ин бора Пешвои миллат соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад». Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ, инчунин, ба рушди минбаъдаи раванди демократику­но­нии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат мекунанд.

Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байнал­ми­лалӣ мебошад. Тағйироти воридшуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амалнамуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тавсеа ва рушд ёбанд. Кониститусия ва фазои ягонаи ба вуҷудомада имкон медиҳад, ки  дароянда  рушди давлатдории навини тоҷикон ҳуқуқу озодиҳои инсон  ҳарчи бештар аз ҷиҳати хуқуқи таҳким пайдо кунанд.

Хулоса, бо боварии том гуфтан мумкин аст,  солгарди  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

ФАРЗОНА  ҒУЛОМНОСИРОВА,
муовини  сардори Раёсати тадқиқоти  масъалаҳои
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед